Главная / Биология / Афзоиши растанихои лучтухм

Афзоиши растанихои лучтухм

Дарахти арча ба монанди дигар растанихои сузанбарг асосан тавассути тухмаш афзоиш мекунад. Тухми арча дар пулакчахои чалгузааш ба таври кушод (яъне луч) чойгир аст. Аз ин ру, арча ва дигар растанихои сузанбаргро растанихои лучтухм ном мебаранд.

Арча растании духонаги, баъзан якхонаги мебошад. Пулакчахои хурд (микроспорофилл) дар чалгузаи (мардонаи) хурди тухмшакл чойгир шудааст. Чалгузахо дар багалаки барги навдахои соли гу- зашта ё дар охири навдачахои пахлуи инкишоф меёбанд. Аз хосилшавии микдори зиёди чалгузахои мардона (микростробил) дарахти арча ба худ чилои зардчаро мегирад.

ras-luchХар як чалгуза аз тири марказй ва пулакчахои хурди дар он чойгирифта иборат буда, дар хар як пулакчаи хурд 2 ё 6-тогй халтачахои гарди (микроспорангия) мавчуданд. Дар хамин холат чалгузаи хурд (мардона) зимистонро аз сар мегузаронад. Бо фаро расидани фасли бахор тири чалгуза сабзида, дароз мешавад. Ва хамин тавр, дар байни пулакчахо ковоки пайдо мешавад. Тавассути ин ковоки гардхои ба камол (пухта) расида аз халтачахои гардхосилкунанда ба берун партофта шуда, туфайли шамол ба чойхои дур бурда мешаванд.

Чалгузахои занона (мегастробил) дар фасли тирамох дар багалаки навдаи кутох пайдо меша- ванд. Сараввал ин чалгузахо хеле хурд буда, аз мугчаи нашви кам фарк мекунанд. Хар як чалгу заи занона аз тири маркази ва пулакчахои калони (мегаспорофилли) дар он чойгирифта иборат аст. Дар бахори пешбиё чалгузаи занона ба зуди инкишоф меёбад ва дар тири марказии он ба шакли даври сетоги пулакчахои калон хосил мешаванд. Дар хар пулакча 1-3-тоги тухммугчаи кузачамонанд инкишоф меёбад. Дар тухммугча сурохии хурди гарддаро мавчуд аст. Дар давраи гардолудшави аз ин сурохи катраи моддаи моеъи часпак хорич мешавад. Ин моддаи моеъ на танхо гардро дар тухммугча нигох медорад, балки боз онро намнок карда, боиси сабзиши муътадили найчаи гард мешавад.

Гардхои пухтарасида (дар чалгузаи мардона) ба туфайли шамол то тухммугчахо оварда мешаванд. Факат хамон гард боиси гардо- луди мешавад, ки агар вай ба сурохии хурди гарддарои тухммугча афтида бошад. Пас аз гардолудии тухммугча пулакчахои чалгуза сергушт гардида, бо хам чафс мешаванд ва бо моддаи зифт мечаспанд.

Бояд кайд кард, ки дар гарддон гаметаи нарина, дар тухммугча бошад, гаметаи занона ташаккул меёбапд. Бордори дар тухм- мугчахои дар чалгуза пинхоншуда амали мегардад. Аз хучайратухмхои бордор (зиготахо) чанин ва аз тухммугчахо тухм инкишоф меёбад. Дар ин вакт пулакчахои калон (мегаспорофиллхо) бо тези сабзида, сергушту гафс мешаванд, сипас бо хам доими часпида, чалгузаи сершираро пайдо мекунанд. Арча аз дигар дараХтони сузанбарг бо хосил намудани чунин чалгузаи сергушту сершира фарк мекунад.

Чалгузахои арча саккошакл ё тухммонанд буда, хангоми пухтанашон шакли тармеваро мегиранд. Чашузахои арча, одатан, дар соли дуюм ё сеюми баъди гардолудшави пухта мерасанд.

Одатан дар охири соли аввал чалгузахо шакли асосии (хакконии) худро гирифта, лекин сабз боки мондан мегиранд. Дар охири соли дуюм бошад, онхо мулоим гардида, рангашон кабуду сиёхча ё си- ёхчатобу сурхча мешавад ва бо кабати мумии кабудчатоб руйкаш мегарданд.

Вобаста ба намуди арча дар чалгузахо аз 1 то 12 адад тухм хосил мешавад. Пухтарасии тухм дар тирамохи соли дуюм ба анчом ме- расад. Тухмхои бавоярасидаи арча сурхчатоби сахт буда, бо осони аз чалгузаи мулоими бо мум пушидашуда чудо мешаванд.

Афтида пош хурдани чалгузахои пухтарасида аз охирхои тобис- тон шуруъ шуда, то миёнахои фасли тирамох давом мекунад. То он лахзае, ки тухм аз чалгуза наафтад, сабзиши он ба амал наме- ояд ва тухм кобилияти сабзишро муддати тулони нигох медорад.

Омили асосии пахнкунандаи тухми арча хайвонхои гуногун ме- бошанд. Хусусан, паррандагон ва дигар хайвонхои дар мухити арчазор зиндагикунанда ба чалгузаи шираноку ширин ва сергизои арча таваччухи зиёд доранд. Ин чалгузахо хуроки доими ва
дустдоштаи паррандахо дар мавсими зимистон мебошанд. Тухми арча бо чилди гафси сахт (устувор) ихота шудааст. Аз ин ру, тухме, ки паррандахо ва ё дигар хайвонхо бо чалгуза фуру бурдаанд, бе ягон хел осеббини ба берун хорич мешавад ва кобилияти сабзишашро гум намекунад.

Афзоиши санавбар ба арча монанд буда, факат фаркият дар он аст, ки дар дарахти санавбар пулакчахои пушиш ва мева бо хам доими начаспидаанд ва чалгузаи онхо шакли тармеваро намегиранд .

  1. Тухммугчаи арча дар кучо чойгир шудааст?
  2. Дар дарахти арча халтаи гарддон дар кучо ва чи тавр ташаккул меёбад?
  3. Растанихои сузанбаргро чаро лучтухм мегуянд?
  4. Тухми арча чи тавр ба вучуд меояд ва кай пухта мерасад?
  5. Тухми арча чи тавр пахн мешавад?
  6. Чаро чалгузаи арчаро чалгузамева мегуянд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …