Главная / Биология / Афзоиши растаниҳои лучтухм

Афзоиши растаниҳои лучтухм

Дарахти арча ба монанди дигар растаниҳои сӯзанбарг асосан тавассути тухмаш афзоиш мекунад. Тухми арча дар пулакчаҳои чалғӯзааш ба таври кушод (яъне луч) ҷойгир аст. Аз ин рӯ, арча ва дигар растаниҳои сӯзанбаргро растаниҳои лучтухм ном мебаранд.

Арча растании духонагӣ, баъзан якхонагӣ мебошад. Пулакчаҳои хурд (микроспорофилл) дар чалғӯзаи (мардонаи) хурди тухмшакл ҷойгир шудааст. Чалғӯзахо дар бағалаки барги навдаҳои соли гу- зашта ё дар охири навдачаҳои паҳлӯӣ инкишоф меёбанд. Аз ҳосилшавии микдори зиёди чалғӯзаҳои мардона (микростробил) дарахти арча ба худ ҷилои зардчаро мегирад.

ras-luchҲар як чалғӯза аз тири марказй ва пулакчаҳои хурди дар он чойгирифта иборат буда, дар ҳар як пулакчаи хурд 2 ё 6-тогй халтачаҳои гардӣ (микроспорангия) мавҷуданд. Дар хамин ҳолат чалғӯзаи хурд (мардона) зимистонро аз сар мегузаронад. Бо фаро расидани фасли баҳор тири чалғӯза сабзида, дароз мешавад. Ва ҳамин тавр, дар байни пулакчаҳо ковокӣ пайдо мешавад. Тавассути ин ковокӣ гардҳои ба камол (пухта) расида аз халтачаҳои гардҳосилкунанда ба берун партофта шуда, туфайли шамол ба ҷойҳои дур бурда мешаванд.

Чалғӯзаҳои занона (мегастробил) дар фасли тирамоҳ дар бағалаки навдаи кӯтоҳ пайдо меша- ванд. Сараввал ин чалғӯзаҳо хеле хурд буда, аз муғчаи нашвӣ кам фарқ мекунанд. Ҳар як чалғӯ заи занона аз тири марказӣ ва пулакчаҳои калони (мегаспорофилли) дар он ҷойгирифта иборат аст. Дар баҳори пешбиё чалғӯзаи занона ба зудӣ инкишоф меёбад ва дар тири марказии он ба шакли даври сетоги пулакчаҳои калон ҳосил мешаванд. Дар ҳар пулакча 1-3-тогӣ тухммуғҷаи кӯзачамонанд инкишоф меёбад. Дар тухммуғҷа сӯрохии хурди гарддаро мавҷуд аст. Дар давраи гардолудшавӣ аз ин сӯрохӣ қатраи моддаи моеъи часпак хориҷ мешавад. Ин моддаи моеъ на танҳо гардро дар тухммуғҷа нигоҳ медорад, балки боз онро намнок карда, боиси сабзиши мӯътадили найчаи гард мешавад.

Гардҳои пухтарасида (дар чалғӯзаи мардона) ба туфайли шамол то тухммуғҷаҳо оварда мешаванд. Фақат ҳамон гард боиси гардо- лудӣ мешавад, ки агар вай ба сӯрохии хурди гарддарои тухммуғҷа афтида бошад. Пас аз гардолудии тухммуғҷа пулакчаҳои чалғӯза сергӯшт гардида, бо ҳам ҷафс мешаванд ва бо моддаи зифт мечаспанд.

Бояд қайд кард, ки дар гарддон гаметаи нарина, дар тухммуғҷа бошад, гаметаи занона ташаккул меёбапд. Бордорӣ дар тухм- мугҷаҳои дар чалғӯза пинҳоншуда амалӣ мегардад. Аз ҳуҷайратухмҳои бордор (зиготаҳо) ҷанин ва аз тухммуғҷаҳо тухм инкишоф меёбад. Дар ин вақт пулакчахои калон (мегаспорофиллҳо) бо тезӣ сабзида, сергӯшту ғафс мешаванд, сипас бо ҳам доимӣ часпида, чалғӯзаи сершираро пайдо мекунанд. Арча аз дигар дараХтони сӯзанбарг бо ҳосил намудани чунин чалғӯзаи сергӯшту сершира фарқ мекунад.

Чалғӯзаҳои арча саққошакл ё тухммонанд буда, ҳангоми пухтанашон шакли тармеваро мегиранд. Чашӯзаҳои арча, одатан, дар соли дуюм ё сеюми баъди гардолудшавӣ пухта мерасанд.

Одатан дар охири соли аввал чалғӯзаҳо шакли асосии (ҳақконии) худро гирифта, лекин сабз боқӣ мондан мегиранд. Дар охири соли дуюм бошад, онҳо мулоим гардида, рангашон кабуду сиёҳча ё си- ёҳчатобу сурхча мешавад ва бо қабати мумии кабудчатоб рӯйкаш мегарданд.

Вобаста ба намуди арча дар чалғӯзаҳо аз 1 то 12 адад тухм ҳосил мешавад. Пухтарасии тухм дар тирамоҳи соли дуюм ба анҷом ме- расад. Тухмҳои бавоярасидаи арча сурхчатоби сахт буда, бо осонӣ аз чалғӯзаи мулоими бо мум пӯшидашуда ҷудо мешаванд.

Афтида пош хӯрдани чалғӯзаҳои пухтарасида аз охирҳои тобис- тон шурӯъ шуда, то миёнаҳои фасли тирамоҳ давом мекунад. То он лаҳзае, ки тухм аз чалғӯза наафтад, сабзиши он ба амал наме- ояд ва тухм қобилияти сабзишро муддати тӯлонӣ нигох медорад.

Омили асосии паҳнкунандаи тухми арча ҳайвонҳои гуногун ме- бошанд. Хусусан, паррандагон ва дигар ҳайвонҳои дар муҳити арчазор зиндагикунанда ба чалғӯзаи шираноку ширин ва сергизои арча таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Ин чалғӯзаҳо хӯроки доимӣ ва
дӯстдоштаи паррандаҳо дар мавсими зимистон мебошанд. Тухми арча бо ҷилди ғафси сахт (устувор) иҳота шудааст. Аз ин рӯ, тухме, ки паррандаҳо ва ё дигар ҳайвонҳо бо чалғӯза фурӯ бурдаанд, бе ягон хел осеббинӣ ба берун хориҷ мешавад ва қобилияти сабзишашро гум намекунад.

Афзоиши санавбар ба арча монанд буда, фақат фарқият дар он аст, ки дар дарахти санавбар пулакчаҳои пӯшиш ва мева бо ҳам доимӣ начаспидаанд ва чалғӯзаи онҳо шакли тармеваро намегиранд .

  1. Тухммуғҷаи арча дар куҷо ҷойгир шудааст?
  2. Дар дарахти арча халтаи гарддон дар куҷо ва чӣ тавр ташаккул меёбад?
  3. Растаниҳои сӯзанбаргро чаро лучтухм мегӯянд?
  4. Тухми арча чӣ тавр ба вуҷуд меояд ва кай пухта мерасад?
  5. Тухми арча чӣ тавр паҳн мешавад?
  6. Чаро чалғӯзаи арчаро чалғӯзамева мегӯянд?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …