Главная / Маданият ва санъат / Адабиёт ва илм дар асри XVI

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннахр ва Хуросон фарохам омад, ба хаёти адаби ва илми зарбаи сахт расонид. Хирот хамчун як маркази мадании халкхои форсзабон ахамияти худро аз даст дод. Намояндагони илму фан, адабиёт ва санъат ба хар тараф пароканда гардиданд. Чандин нафари онхо ба Бухоро мухочир шуданд. Чунки ин шахр дар нимаи дуввуми асри мазкур хамчун маркази мадани машхур гашта, сол аз сол дар он чо шумораи мадрасахо зиёд гардид.

Бо вучуди мушкилихои маълум адабиёт ва илму фан дар ин давра то як дарача ривоч ёфт. Муаллифи асри XVI, тазкиранавис — Хоча Хасани Нисори 250 нафар ходимони илму адаби замонашро ном бурдааст, ки аксари онхо дар таърихи халки точик макоме ишгол кардаанд. Аз байни адибони он давра Зайниддин Восифи бо асархои худ маълуму машхур гаштааст. У соли 1485 таваллуд ёфта, дар Хирот, Бухоро, Самарканд, Тошканд ва дигар шахрхои Осиёи Миёна умр ба cap бурд. Асари саргузаштии у “Бадоеъ-ул-вакоеъ” ном дошта, дар он симои шахрхои он замона ба таври барчаста тасвир ёфта. русуми адабии давраашро нишон додааст. Восифи хамчун нависандаи мушохидакор бисёр нуксонхои усули идораи давлати хониро ифшо менамояд.

 “Бадоеъ-ул-вакоеъ” на факат шохасари насри бадеи, инчунин сарчашмаи мухими таърихист.

Шоир ва муаррихи номи Камолиддини Бинои хамзамони Восифист. У соли 1453 дар Хирот, дар оилаи устои хунарманди бинокор ба дунё омада, соли 1512 дар Карши катл шуд. Бинои дар овони чавони ба шахрхои Эрон сафар карда, соли 1495 ба Самарканд меояд. Дар ин чо у шохиди чангу низохои байни вориоони салтанатталаби Темуриён ва Шайбониён гардид.

Бинои дар дарбори Шайбонихон обру ва нуфуз пайдо кард, ки хон навиштани вокеахои лашкаркашии худро ба у супоридааст. Бинои олим ва адиби пурмахсул аст. Дар байни осори у девонхо маснавии “Бехрузу Бахром”, касидаи “Мачмаъ-ул-гароиб”, асархои таърихии “Шайбонинома” ва “Футухоти хони” шухрати бештаре пайдо кардаанд. Бинои дар мусики “Нухрани” ва “Савтуннакш” барин охангхо низ дошт.

Асари Бинои “Шайбонинома” аз таърихи зиндаги ва лашкаркашихои Мухаммади Шайбони ривоят карда, вокеахои таърихиро такрибан то соли 1505 фаро мегирад. ‘‘Футухоти хони” низ оиди Шайбонихон ва таърихи хонадони Шайбони маълумот дода, бо вокеахои соли 1504 поён меёбад. Ин ду асар якдигарро пурра карда, сарчашмахои мухимтарини таърихи ба хисоб мераванд.

Шоир, таърихнавис ва охангсози точик Бинои яке аз симохои барчастаи маданияти халки точик буд.

Бадриддини Хилоли шоири газалсарои асри XVI буд. У соли 1470 дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1529 дар натичаи хачвияи ба Убайдуллохон навиштааш бофармони у ба катл расид. Гайр аз девони газалиёт ба калами Хилоли боз се достон — “Лайли ва Мачнун”, “Сифот-ул-ошикин” ва “Шоху гадо” тааллук дорад.

Дар нимаи дуввуми асри XVI, пас аз он ки Абдуллохони II хокимияти мутамаркази худро ба вучуд овард, хаёти илми ва адаби дубора эхё гардид. Дар ин давра аз доираи хунармандон як зумра шоирони барчаста дар арсаи адабиёт зухур намуданд, ки аз байни онхо беш аз хама Абдурахмони Мушфики машхур мебошад. У соли 1538 дар Бухоро дар хонаводаи хунарманд ба дунё омада, соли 1588 дар хамин шахр вафот кард. Мушфики дар давраи тахсили мадраса ба шеъргуи пардохт ва илмхои асосии замонашро азхуд намуд. У дар таърихи адабиёти точик аз устодони бузурги газал хисоб мешавад.

Мушфики соли 1567 ба дарбори Абдуллохон кашида шуд ва ба дарачаи “маликушшуаро” расид.

Мушфики бисёр касидахои мадхи навиштааст, ки кисме аз онхо барои омухтани таърихи халкхои Осиёи Миёна дар асри XVI хамчун сарчашмаи таърихи, хизмат мекунанд. У дар шакли китъа ва рубои як катор таъриххои кобили таваччухе дорад, ки дар онхо санахои лашкаркаши ва мухорибахои мухим, вафоти шахсони таърихйи аз тахт фаромадан ва ё ба тахт нишастани ягон шох, солхои итмоми бинохои машхур ва осори меъмории асри XVI инъикос ёфтаанд. Ин кисмати эчодиёти шоир барои омухтани таърихи асри мазкур, хусусан, таърихи меъмори ахамият дорад.

Ба гайр аз шахрхои калон, дар махалхо низ шоиру мардуми донишманд кам набуданд. Масалан, дар охирхои асри XVI дар Хисор Ишратии Хисори, Гарибии Хисори ва дигарон хаёт ба cap бурдаанд.

Дар асри XVI таърихнигори хам дар байни илмхои замон мавкеи хосро ишгол кардааст. Яке аз муаррихони барчастаи ин аср Хондамир буд, Соли 1475 у дар Хирот таваллуд шуда, соли 1535 дар Дехли вафот кардааст. Хондамир дар асараш “Хабиб ус-сияр” вокеахои таърихи умуми ва тарчимаи холи одамони машхурро баён карда, шархи ходисахоро то соли 1510 расонидааст. Инчунин у муаллифи асархои “Дастур-ул-вузаро”, “Хумоюннома” буда, чилди хафтум ва кисми хотимаи асари маъруфи муаррихи номи Мирхон — “Равзат-ус-сафо”-ро навиштааст.

Дар асри мазкур асари таърихи аз тарафи Файзуллохи Рузбихон бо номи “Мехмонномаи Бухоро” навишта шуд. Ин китоб ба хаёти сиёси, иктисодню ичтимои, мадани, тарзи заминдории феодали, истифодаи мехнати гуломон дар хочагии халк, хариду фуруши онхо, ёдгорихои меъмории Самарканду Бухоро бахшида шудааст. “Мехмонномаи Бухоро” рочеъ ба таърихи асрхои XV-XVI сарчашмаи мухим мебошад.

Яке аз шоир ва муаррихони барчастаи дарбори Абдуллохони II Хофиз Таниш буд. У соли 1549 дар Бухоро таваллуд шуда, соли 1635 дар хамин шахр вафот кард.

Мероси илмию адабии Хофиз Танишро асари таърихии ба Абдуллохон бахшидаи у “Абдуллонома” ё “Шарафномаи шохи”, ду девони газалу касоид ва маснави ташкил медихад.

Асари таърихии Хофиз Таниш “Абдуллонома” барои омухтани хаёти снссию ичтимои ва адабии асри XVI ахамияти калон дорад.

Солхои 1539-1540 дар Уротеппа муаррихи масчохи — Хофиз Масъуди писари Усмони кухистони асари бузургхачми худ “Таърихи Абулхайрхони”- ро навиштааст. Дар ин китоб вокеахои таърихии асри XV ва кисман пеш аз он акс ёфта, сарчашмаи нодири асри мазкур ба шумор меравад.

Яке аз сарчашмахои нодири таърихи ва адабии асри XVI асари Бобур Мирзо “Бобурнома” мебошад. Ин асардар бораи Мовароуннахр, Афгонистон, Хиндустон, шахрхои он чойхо маълумоти дакик медихад. Дар “Бобурнома” вокеахою ходисахо аник ва таъсирбахш ифода ёфтааст. Дар ин асар рочеъ ба Чоми, Бинои, Хилоли, Бехзод ва дигар арбобони илмию адаби маълумоти нодир пайдо кардан мумкин аст.

Мадрасан Кухна дар Хисор /асри XVI/.
Мадрасан Кухна дар Хисор /асри XVI/.

Дар шахрхои калону хурди Осиёи Миёна шахсони сохибмаълумоте буданд, ки онхо ба руйнавис кардани асари муаллифони номи машгул мешуданд. Бо ин мехнати пурмашаккати худ онхо сабабгори аз насл ба насли дигар ё аз як аср ба асри дигар гузаштани асархои нодири ниёгони мо гаштаанд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …