Главная / Маданият ва санъат / Адабиёт ва илм дар асри XVI

Адабиёт ва илм дар асри XVI

Вазъияти сиёсие, ки аз аввали асри XVI дар Мовароуннаҳр ва Хуросон фароҳам омад, ба ҳаёти адабӣ ва илмӣ зарбаи сахт расонид. Ҳирот ҳамчун як маркази мадании халкҳои форсзабон аҳамияти худро аз даст дод. Намояндагони илму фан, адабиёт ва санъат ба ҳар тараф пароканда гардиданд. Чандин нафари онҳо ба Бухоро муҳоҷир шуданд. Чунки ин шаҳр дар нимаи дуввуми асри мазкур ҳамчун маркази маданӣ машҳур гашта, сол аз сол дар он ҷо шумораи мадрасаҳо зиёд гардид.

Бо вуҷуди мушкилиҳои маълум адабиёт ва илму фан дар ин давра то як дараҷа ривоҷ ёфт. Муаллифи асри XVI, тазкиранавис — Хоҷа Ҳасани Нисорӣ 250 нафар ходимони илму адаби замонашро ном бурдааст, ки аксари онҳо дар таърихи халқи тоҷик мақоме ишғол кардаанд. Аз байни адибони он давра Зайниддин Восифӣ бо асарҳои худ маълуму машҳур гаштааст. Ӯ соли 1485 таваллуд ёфта, дар Ҳирот, Бухоро, Самарқанд, Тошканд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна умр ба cap бурд. Асари саргузаштии ӯ “Бадоеъ-ул-вақоеъ” ном дошта, дар он симои шаҳрҳои он замона ба таври барҷаста тасвир ёфта. русуми адабии давраашро нишон додааст. Восифӣ ҳамчун нависандаи мушоҳидакор бисёр нуқсонҳои усули идораи давлати хониро ифшо менамояд.

 “Бадоеъ-ул-вақоеъ” на фақат шоҳасари насри бадеӣ, инчунин сарчашмаи муҳими таърихист.

Шоир ва муаррихи номӣ Камолиддини Биноӣ ҳамзамони Восифист. Ӯ соли 1453 дар Ҳирот, дар оилаи устои ҳунарманди бинокор ба дунё омада, соли 1512 дар Қаршӣ қатл шуд. Биноӣ дар овони ҷавонӣ ба шаҳрҳои Эрон сафар карда, соли 1495 ба Самарқанд меояд. Дар ин ҷо ӯ шоҳиди ҷангу низоҳои байни вориоони салтанатталаби Темуриён ва Шайбониён гардид.

Биноӣ дар дарбори Шайбонихон обрӯ ва нуфуз пайдо кард, ки хон навиштани воқеаҳои лашкаркашии худро ба ӯ супоридааст. Биноӣ олим ва адиби пурмаҳсул аст. Дар байни осори ӯ девонҳо маснавии “Беҳрӯзу Баҳром”, қасидаи “Маҷмаъ-ул-ғароиб”, асарҳои таърихии “Шайбонинома” ва “Футӯҳоти хонӣ” шӯҳрати бештаре пайдо кардаанд. Биноӣ дар мусиқӣ “Нӯхранӣ” ва “Савтуннақш” барин оҳангҳо низ дошт.

Асари Биноӣ “Шайбонинома” аз таърихи зиндагӣ ва лашкаркашиҳои Муҳаммади Шайбонӣ ривоят карда, воқеаҳои таърихиро тақрибан то соли 1505 фаро мегирад. ‘‘Футӯҳоти хонӣ” низ оиди Шайбонихон ва таърихи хонадони Шайбонӣ маълумот дода, бо воқеаҳои соли 1504 поён меёбад. Ин ду асар якдигарро пурра карда, сарчашмаҳои мухимтарини таърихӣ ба хисоб мераванд.

Шоир, таърихнавис ва оҳангсози тоҷик Биноӣ яке аз симоҳои барҷастаи маданияти халқи тоҷик буд.

Бадриддини Ҳилолӣ шоири ғазалсарои асри XVI буд. Ӯ соли 1470 дар Астаробод таваллуд ёфта, соли 1529 дар натиҷаи ҳаҷвияи ба Убайдуллохон навиштааш бофармони ӯ ба қатл расид. Ғайр аз девони ғазалиёт ба қалами Ҳилолӣ боз се достон — “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Сифот-ул-ошиқин” ва “Шоҳу гадо” тааллуқ дорад.

Дар нимаи дуввуми асри XVI, пас аз он ки Абдуллохони II ҳокимияти мутамаркази худро ба вуҷуд овард, ҳаёти илмӣ ва адабӣ дубора эҳё гардид. Дар ин давра аз доираи ҳунармандон як зумра шоирони барҷаста дар арсаи адабиёт зуҳур намуданд, ки аз байни онҳо беш аз ҳама Абдураҳмони Мушфиқӣ машҳур мебошад. Ӯ соли 1538 дар Бухоро дар хонаводаи ҳунарманд ба дунё омада, соли 1588 дар ҳамин шаҳр вафот кард. Мушфиқӣ дар давраи таҳсили мадраса ба шеъргӯӣ пардохт ва илмҳои асосии замонашро азхуд намуд. Ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик аз устодони бузурги ғазал ҳисоб мешавад.

Мушфиқӣ соли 1567 ба дарбори Абдуллохон кашида шуд ва ба дараҷаи “маликушшуаро” расид.

Мушфиқӣ бисёр қасидаҳои мадҳӣ навиштааст, ки қисме аз онҳо барои омӯхтани таърихи халқҳои Осиёи Миёна дар асри XVI ҳамчун сарчашмаи таърихӣ, хизмат мекунанд. Ӯ дар шакли қитъа ва рубоӣ як қатор таърихҳои қобили таваҷҷӯҳе дорад, ки дар онҳо санаҳои лашкаркашӣ ва муҳорибаҳои муҳим, вафоти шахсони таърихйӣ аз тахт фаромадан ва ё ба тахт нишастани ягон шоҳ, солҳои итмоми биноҳои машҳур ва осори меъмории асри XVI инъикос ёфтаанд. Ин қисмати эҷодиёти шоир барои омӯхтани таърихи асри мазкур, хусусан, таърихи меъморӣ аҳамият дорад.

Ба ғайр аз шаҳрҳои калон, дар маҳалҳо низ шоиру мардуми донишманд кам набуданд. Масалан, дар охирҳои асри XVI дар Ҳисор Ишратии Ҳисорӣ, Ғарибии Ҳисорӣ ва дигарон ҳаёт ба cap бурдаанд.

Дар асри XVI таърихнигорӣ ҳам дар байни илмҳои замон мавқеи хосро ишғол кардааст. Яке аз муаррихони барҷастаи ин аср Хондамир буд, Соли 1475 ӯ дар Ҳирот таваллуд шуда, соли 1535 дар Деҳлӣ вафот кардааст. Хондамир дар асараш “Ҳабиб ус-сияр” воқеаҳои таърихи умумӣ ва тарҷимаи ҳоли одамони машҳурро баён карда, шарҳи ҳодисаҳоро то соли 1510 расонидааст. Инчунин ӯ муаллифи асарҳои “Дастур-ул-вузаро”, “Ҳумоюннома” буда, ҷилди ҳафтум ва қисми хотимаи асари маъруфи муаррихи номӣ Мирхон — “Равзат-ус-сафо”-ро навиштааст.

Дар асри мазкур асари таърихӣ аз тарафи Файзуллоҳи Рӯзбихон бо номи “Меҳмонномаи Бухоро” навишта шуд. Ин китоб ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодню иҷтимоӣ, маданӣ, тарзи заминдории феодалӣ, истифодаи меҳнати ғуломон дар хоҷагии халқ, хариду фурӯши онҳо, ёдгориҳои меъмории Самарқанду Бухоро бахшида шудааст. “Меҳмонномаи Бухоро” роҷеъ ба таърихи асрҳои XV-XVI сарчашмаи муҳим мебошад.

Яке аз шоир ва муаррихони барҷастаи дарбори Абдуллохони II Ҳофиз Таниш буд. У соли 1549 дар Бухоро таваллуд шуда, соли 1635 дар ҳамин шаҳр вафот кард.

Мероси илмию адабии Ҳофиз Танишро асари таърихии ба Абдуллохон бахшидаи ӯ “Абдуллонома” ё “Шарафномаи шоҳӣ”, ду девони ғазалу касоид ва маснавӣ ташкил медиҳад.

Асари таърихии Ҳофиз Таниш “Абдуллонома” барои омухтани ҳаёти снссию иҷтимоӣ ва адабии асри XVI аҳамияти калон дорад.

Солҳои 1539-1540 дар Ӯротеппа муаррихи масчоҳӣ — Ҳофиз Масъуди писари Усмони кӯҳистонӣ асари бузургхаҷми худ “Таърихи Абулхайрхонӣ”- ро навиштааст. Дар ин китоб воқеаҳои таърихии асри XV ва қисман пеш аз он акс ёфта, сарчашмаи нодири асри мазкур ба шумор меравад.

Яке аз сарчашмаҳои нодири таърихӣ ва адабии асри XVI асари Бобур Мирзо “Бобурнома” мебошад. Ин асардар бораи Мовароуннаҳр, Афғонистон, Ҳиндустон, шаҳрҳои он ҷойҳо маълумоти дақиқ медиҳад. Дар “Бобурнома” воқеаҳою ҳодисаҳо аниқ ва таъсирбахш ифода ёфтааст. Дар ин асар роҷеъ ба Ҷомӣ, Биноӣ, Ҳилолӣ, Беҳзод ва дигар арбобони илмию адабӣ маълумоти нодир пайдо кардан мумкин аст.

Мадрасан Кӯҳна дар Ҳисор /асри XVI/.
Мадрасан Кӯҳна дар Ҳисор /асри XVI/.

Дар шаҳрҳои калону хурди Осиёи Миёна шахсони соҳибмаълумоте буданд, ки онҳо ба рӯйнавис кардани асари муаллифони номӣ машғул мешуданд. Бо ин меҳнати пурмашақкати худ онҳо сабабгори аз насл ба насли дигар ё аз як аср ба асри дигар гузаштани асарҳои нодири ниёгони мо гаштаанд.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …