Главная / Гуногун / АСРОРИ ТАБИАТРО ЧЙ ТАВР МЕОМУЗАНД?

АСРОРИ ТАБИАТРО ЧЙ ТАВР МЕОМУЗАНД?

Мо хама медонем, ки дар бинохои гарм ях об мешавад, дар хунукй об ях ме- бандад, оханрабо ашёи оханинро ба худ мекашад, охан дар бинохои рутубатнок занг мезанад, дар гармй шир турш мешавад, тирамох баргхо зард мешаванд, руз ба шаб иваз мешавад, шамол мевазад…

Ин донишхо аз кучо пайдо шуданд? Бисёр донишхо аз мушохида пайдо меша- ванд. Одамон дарк карданд, ки хангоми борону раъду барк дарахтон оташ гирифта, сухтор cap задааст. Одамон посбони кардан ва истифодаи оташро дар чойхои зисти худ ёд гирифтанд. Дар Юнони кадим одамон хангоми молиши кахрабо чизи пашми- неро дарёфтанд, ки хар гуна ашёро ба худ мекашад.

Ин тачрибаро хар як нафари мо метавонад такрор бикунад. Агар калами плас- массагинро ба муйхоямон ва ё пашм бимолем, он гох вай кобилияти ба худ чазб кар­дани пораи когаз ва ё муйро пайдо мекунад.

Истилохи дар фаъолияти хаётии мо бисёр маъруфгаштаи «элекгр» (барк) аз во- жаи юнонии «янтарь» – электрон пайдо шудааст. Одамон донишхо ва малакахои ху- дро тавассути мушохидаи олами мухит, аз наел ба наел дар шакли ривоёт, ёддоштхо, аломату нишонахо интикол додаанд.

Олимон низ донишро дар асоси мушохидахо ба даст меоваранд. Олими лахистонй Николай Коперник, ба осмони пурситораи шабонгохй нигох карда, муайян намуд, ки Замин дар гирди Офтоб давр мезанад.

Донишхое, ки тавассути мушохида ба даст оварда шудаанд, бо ёрии тачрибахои махсус санчида мешаванд. Тачрибахои илми хадафмандона, бо максади мушаххас гузаронида мешаванд.

Барой он ки афтиши чисмхоро биёмузад, олими итолиёвй Галилео Галилей, аз бурчи шахри Пиза ду саккои аз чуян ва санг сохташуро хамзамон ба поён партофта, бовар бар он дошт, ки харду сакко ба замин дар як вакт меафтанд, агар хаво халал намерасонд. Сандиши фаразияи илмй дар тачриба – рохест ба дарёфти хакикат.

Фаразияи Галилей баъд аз ихтирои насоси хавой санчида шуда буд.

Барой ин дар дохили найчаи дарози шишагин, ки нуги як тарафаш кафшершуда- аст, саккои сурбй, пука (пробка) ва пари парранда гузоштанд.

Вакте найчахоро чаппагардон карданд, диданд, ки саккои сурбй (кургошимй) пеш аз пари парранда ба замин афтод. (расми1а).

Сипае, ин хаворо аз дохили найча берун кашиданд ва тачрибаро такрор намуданд.

Акнун дида мешуд, ки дар хавои тунукшуда саккои сурбй ва пари парранда дар як вакт ба замин афтоданд (расми 1-6). Бад-ин тартиб, тавассути тачриба фаразияи Галилей тасдик гардида буд.

Баъдтар физики англис Исаак Нютон назарияеро кашф кард, ки тавассути он чй тавр ва чаро чизхо ба За­мин меафтанд, шарх дода мешуд.

Соли 1767 вакте олими англис Ч. Пристли, мушеро дар зарфи сарбастаи шишагин барои чанд муддат чойгир кард ва дар он шамъро рушан сохт, тачриба нишон дод, ки шамъ дар он дар нагирифтааст.

Тачрибаи Ч. Пристлиро олими физик Антуан Лаву- азйе такрор намуда симобро дар зарфи сарбаста дар ги- рондааст.

Вай собит сохт, ки дар ин вакт 1/6 кисми хаво «гум шуда», вале «гум шудани» ин кисми хаво имкон надош- тааст.

Асиди (кислотаи) симобиро баркашида А.Лавузйе боварй пайдо кард, ки як кисми хаво бо симоб пайваст шу- дааст.

Пас аз он вай исбот намуд, ки 5/6 кисми бокимондаи хаво на барои нафаскашй, на барон даргирифтан шоям на- мебошад.

26 апрели соли 1775 А. Лавуазйе, дар Академияи илмхои Фаронса бо маърузае суханронй намуда, бори на- хуст шарх дод, ки хаво аз ду навъ газ иборат мебошад: Аз газе, ки кобилияти нигах доштани сузиш, нафаскашй, ок- сидшавии филизотро дорад. Дуввум газе, ки дорой чунин хислатхо намебошад.

Номи «кислород» ва «азот» барояшон баъдан дода шу- даанд.

Барои пайдо кардани донишхои илмй оид ба олами ихотакунанда ан- деша кардан аз болои натичахои тачрибахои гузаронидашуда ва шархи онхо лозим аст.

Барои баргузории тачрибахо асбобхои гуногун лозим мебошанд.

Баъзе аз асбобхо бисер одй мебошанд. Таври мисол, боре, ки дар риштаи дароз овезон карда шудааст. Сохтмончиён онро шокул меноманд ва бо ёрии он дурустии амудинокии деворхоро дар бинохои бунёдшаван- да муайян мекунанд (расми 2).

Агар бори овезоншударо хам карда ба поён фароранд, вай ба харакат омада, дакик ва ё кариб ки дакик такрор мешавад.

Соли 1657 году олими холланди ин хусусиятро барои соатхои лан- гардор истифода бурдааст.

Саволхо

  1. Донишхо дар асоси чй ба вучуд меоянд?
  2. Кй бори нахуст гуфт, ки Замии дар гирди Офтоб давр мезанад?
  3. Чаро олимон тачриба мегузаронанд?
  4. Дар асоси кадом тачриба олим Лавуазйе гази кислородиеро, ки мо иафас мекашем, ихтироъ кард?
  1. Шумо дар бораи олимоне чун Н.КЬперник, Г. Галилей, И. Нютой чй медонед?
  2. Одам бояд чй тавр аз сарватхои табий истифода барад? Шумо чй тавр бояд бо Табиат муносибат намоед?
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Тичорат дар Аморати Бухоро (асри 19)

Тичорат дар шахрхо асосан дар бозорхо сурат мегирифт. Бозор масохати калонеро ишгол менамуд. Бозорхои Уротеппа …