Главная / Гуногун / АСРОРИ ТАБИАТРО ЧЙ ТАВР МЕОМӮЗАНД?

АСРОРИ ТАБИАТРО ЧЙ ТАВР МЕОМӮЗАНД?

Мо ҳама медонем, ки дар биноҳои гарм ях об мешавад, дар хунукй об ях ме- бандад, оҳанрабо ашёи оҳанинро ба худ мекашад, оҳан дар биноҳои рутубатнок занг мезанад, дар гармй шир турш мешавад, тирамоҳ баргҳо зард мешаванд, рӯз ба шаб иваз мешавад, шамол мевазад…

Ин донишҳо аз куҷо пайдо шуданд? Бисёр донишҳо аз мушоҳида пайдо меша- ванд. Одамон дарк карданд, ки ҳангоми борону раъду барқ дарахтон оташ гирифта, сӯхтор cap задааст. Одамон посбонӣ кардан ва истифодаи оташро дар ҷойҳои зисти худ ёд гирифтанд. Дар Юнони қадим одамон ҳангоми молиши каҳрабо чизи пашми- неро дарёфтанд, ки ҳар гуна ашёро ба худ мекашад.

Ин таҷрибаро ҳар як нафари мо метавонад такрор бикунад. Агар қалами плас- массагинро ба мӯйҳоямон ва ё пашм бимолем, он гоҳ вай қобилияти ба худ ҷазб кар­дани пораи коғаз ва ё мӯйро пайдо мекунад.

Истилоҳи дар фаъолияти ҳаётии мо бисёр маъруфгаштаи «элекгр» (барқ) аз во- жаи юнонии «янтарь» – электрон пайдо шудааст. Одамон донишҳо ва малакаҳои ху- дро тавассути мушоҳидаи олами муҳит, аз наел ба наел дар шакли ривоёт, ёддоштҳо, аломату нишонаҳо интиқол додаанд.

Олимон низ донишро дар асоси мушоҳидаҳо ба даст меоваранд. Олими лаҳистонй Николай Коперник, ба осмони пурситораи шабонгоҳй нигоҳ карда, муайян намуд, ки Замин дар гирди Офтоб давр мезанад.

Донишҳое, ки тавассути мушоҳида ба даст оварда шудаанд, бо ёрии таҷрибаҳои махсус санҷида мешаванд. Таҷрибаҳои илмӣ ҳадафмандона, бо мақсади мушаххас гузаронида мешаванд.

Барой он ки афтиши ҷисмҳоро биёмӯзад, олими итолиёвй Галилео Галилей, аз бурҷи шаҳри Пиза ду саққои аз чӯян ва санг сохташуро ҳамзамон ба поён партофта, бовар бар он дошт, ки ҳарду саққо ба замин дар як вақт меафтанд, агар ҳаво халал намерасонд. Сандиши фаразияи илмй дар таҷриба – роҳест ба дарёфти ҳақиқат.

Фаразияи Галилей баъд аз ихтирои насоси ҳавой санҷида шуда буд.

Барой ин дар дохили найчаи дарози шишагин, ки нӯги як тарафаш кафшершуда- аст, саққои сурбй, пука (пробка) ва пари парранда гузоштанд.

Вақте найчаҳоро чаппагардон карданд, диданд, ки саққои сурбй (қурғошимй) пеш аз пари парранда ба замин афтод. (расми1а).

Сипае, ин ҳаворо аз дохили найча берун кашиданд ва тачрибаро такрор намуданд.

Акнун дида мешуд, ки дар ҳавои тунукшуда саққои сурбй ва пари парранда дар як вақт ба замин афтоданд (расми 1-6). Бад-ин тартиб, тавассути тачриба фаразияи Галилей тасдиқ гардида буд.

Баъдтар физики англис Исаак Нютон назарияеро кашф кард, ки тавассути он чй тавр ва чаро чизҳо ба За­мин меафтанд, шарҳ дода мешуд.

Соли 1767 вақте олими англис Ҷ. Пристли, мушеро дар зарфи сарбастаи шишагин барои чанд муддат ҷойгир кард ва дар он шамъро рӯшан сохт, таҷриба нишон дод, ки шамъ дар он дар нагирифтааст.

Таҷрибаи Ҷ. Пристлиро олими физик Антуан Лаву- азйе такрор намуда симобро дар зарфи сарбаста дар ги- рондааст.

Вай собит сохт, ки дар ин вақт 1/6 қисми ҳаво «гум шуда», вале «гум шудани» ин қисми ҳаво имкон надош- тааст.

Асиди (кислотаи) симобиро баркашида А.Лавузйе боварй пайдо кард, ки як қисми ҳаво бо симоб пайваст шу- дааст.

Пас аз он вай исбот намуд, ки 5/6 қисми боқимондаи ҳаво на барои нафаскашй, на барон даргирифтан шоям на- мебошад.

26 апрели соли 1775 А. Лавуазйе, дар Академияи илмҳои Фаронса бо маърӯзае суханронй намуда, бори на- хуст шарҳ дод, ки ҳаво аз ду навъ газ иборат мебошад: Аз газе, ки қобилияти нигаҳ доштани сӯзиш, нафаскашй, ок- сидшавии филизотро дорад. Дуввум газе, ки дорой чунин хислатҳо намебошад.

Номи «кислород» ва «азот» барояшон баъдан дода шу- даанд.

Барои пайдо кардани донишҳои илмй оид ба олами иҳотакунанда ан- деша кардан аз болои натиҷаҳои таҷрибаҳои гузаронидашуда ва шарҳи онҳо лозим аст.

Барои баргузории таҷрибаҳо асбобҳои гуногун лозим мебошанд.

Баъзе аз асбобҳо бисер одй мебошанд. Таври мисол, боре, ки дар риштаи дароз овезон карда шудааст. Сохтмончиён онро шокул меноманд ва бо ёрии он дурустии амудинокии деворҳоро дар биноҳои бунёдшаван- да муайян мекунанд (расми 2).

Агар бори овезоншударо хам карда ба поён фароранд, вай ба ҳаракат омада, дақиқ ва ё қариб ки дақиқ такрор мешавад.

Соли 1657 году олими ҳолландӣ ин хусусиятро барои соатҳои лан- гардор истифода бурдааст.

Саволҳо

  1. Донишҳо дар асоси чй ба вуҷуд меоянд?
  2. Кй бори нахуст гуфт, ки Замии дар гирди Офтоб давр мезанад?
  3. Чаро олимон тачриба мегузаронанд?
  4. Дар асоси кадом тачриба олим Лавуазйе гази кислородиеро, ки мо иафас мекашем, ихтироъ кард?
  1. Шумо дар бораи олимоне чун Н.КЬперник, Г. Галилей, И. Нютой чй медонед?
  2. Одам бояд чй тавр аз сарватҳои табий истифода барад? Шумо чй тавр бояд бо Табиат муносибат намоед?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …