Главная / Гуногун / АСОИ РУДАКИ

АСОИ РУДАКИ

 

Хуршед дар тегаи кухи ру ба ру хамчун пири дар лаби гур ба гуруб мерафт. Сояхо кад кашида, зулмотро ово менамуданд. Акси гул-гулаи рузи чониби хомуши рахсупор ба авчи ало мерасид.

Димоги Ортики Бурут чок, коре надошт, ки об аз боло меояд ё аз поён. Гайричашмдошти у Исмат ном шиносаш даромада меояд. Хаёле бемаънову пуч ба у менигарад. Ва баъд… авзояш дигаргун мешавад. Чунон бо хайрат ва тааччуб ба у менигарад, ки гуё баногох аз сайёраи дигар фуруд омада бошад.

– Ух-ху-ууу! Кор тамоман расво мешудаги барин-ку! – бо оханги бехаёёнаю мочароталабона мегуяд Ортики Бурут. – Дар урфият: “Харом мурдани гусоларо медонистам, бо ду чакса сабус мефурухтам” – мегуянд.

Суханони тахкиромези уро бечавоб монда, на сиёх мегуяд на сафед, менишинаду даст ба дуо мебардорад:

– Омин, хайрияти кадам, хотири чамъ, дили бегам, ободии макон, кадам расид, бало нарасад!

Харду даст ба руй мебаранд.

– Бало расид! – писханд мезанад Ортики Бурут.

Кахре дар вучудаш мечушад ва теги нигох суи Ортики Бурут мекашад:

– Бало ман?!

Вай тез-тез нафас мегирифт.

– Девори намкаш нашав! – бо гурури истехзоомез мегуяд Ортики Бурут. – Рузномаи дастатро дар назар дорам.

Бо кавоки гирифта ба у менигараду харфе намезанад. Ортики Бурут лаб кач карда, бо захрханда мегуяд:

– “На оху надомат, на парвои гуру киёмат!”, аз кай боз газетахон шуди?

– Аз он рузе, ки бо ту шиносам.

Ба пустини Ортики Бурут кайк медарояд.

– Махмадонои бас! – бо тахдид дод мезанад. – Худи хозир онро парто!

– Хеч гох! – чидди мегуяд Исмат. – Ман онро барои ту овардам!

Гуё ба оташи газаби Ортики Бурут якбора равган мерезанд. Чун хас дармегирад. Хун ба сараш зада, дуд аз димогаш мебарояд.

– Хеч гох нахондаам, намехонам ва нахохам хонд!

– Акнун мехони! – бо тамасхур ва хунсарди мегуяд Исмат.

– Чи-и-и?! – мочарочуёна дандон сафед карда, аз чояш мехезад Ортики Бурут.

– Ортикбой, ба ту чи шуд? Худро ба даст гир! Аз марди то номарди як кадам аст! Аввал пурсиш, баъд кушиш.

–Ха-хай-хай! Аз хад нагузар! Фикр куну баъд гап зан!

– Ман аз хад нагузаштам, лекин ту фаромуш карди, ки давр-даври бозоргони. Агар ин рузномаро нахони, аз як чизи мухим махрум мемони.

Аз ин суханон оташи хисси кунчковии у аланга мегирад. Аввал каме мот-мот ба у менигарад ва баъд кунчковонаю шаф-шафкунон мегуяд:

– Ин кадар минг-минг накарда, магзи гапро афшон.

Исмат эълонро, ки сахифаи аввали рузномаро зеб медод, мехонад.

“ – Наход ки хамин тавр бошад? Не, ин дуруг!” – бовариаш намеояд, то ба чашми худ намехонад.

Ин эълон ба дили у оташ меандозад. Акнун у гуё дар хеч чо чои нишаст намеёфт. Рузнома дар даст ин су – он суи хавли пай мечинад. Баъд аз рузнома чашм наканда, сигор оташ медихад. Чанд бор паи хам чукур-чукур дудро ба дарун мекашаду аз дахону биниаш сар медихад. Сипас ба хаёлоти чукур гутавор мегардад. Чашмони у ба замин духта шуда бошанд хам, фикраш баландтар аз абрхо пар мезад. Дар гушхояш суханони Исмат садо медоданд:

– “Хар ки асо дорад, акли расо дорад!”

 

Аз хоб он шаб хочати сухан хам набуд. Оромиву осудаги ва сабру карорашро рабуда буд фикри асои Рудаки. Фикри он ки асои Рудаки ба у хушбахтиву обру меорад, аз сараш дур намешуд. Яке худро дар сахифаи аввали рузномахо медид, яке дар хиёбони Рудаки. Мухаббату эхтироми дустону шиносхояш ба у боз хам бештар гардида, кариб, ки дукад шуда, ба у салом медоданд.

– Ха, ин кадар ба фикр гутиди?

Як кад парида, ба худ меояд ва худро якбора аз хамсараш дур мекашад, гуё море аз пахлуяш баромада бошад. Баъд хаёле бемаънову пуч ба хамсараш менигарад. Сипас… авзояш дигаргун мешавад. Чунон бо хайрат ва тааччуб ба у менигарад, ки гуё баногох аз сайёраи дигар фуруд омада бошад. Хамсараш бекарор гашта, хавотиромез мепурсад:

– Худаш чи гап?

– Маро танхо гузор!

Хамсараш оташин мешаваду норизоёна “ох”– мегуяд, “вох”– мегуяд. Ортики Бурут бошад, заррае ба у ахамият намедихад. Маълум буд, ки дар олами орзухои хеш парвоз дорад.

– Шаби тобистон хеле кутох аст, – гуё бо дилсузи мегуяд хамсараш. – Хануз чашм напушида, руз мешавад.

Бо гурур ба хамсараш менигарад. Чашмонаш аз газаб барк мепошиданд.

– Ёд нате! Бе ту хам медонам!

Мехрубонона ба у менигарад ва бо овозе, ки гуё чиноят содир карда бошад, мегуяд:

– Каме бихоб.

Гуё каждуме нешаш зада бошад, бо фигон:

– Рузам медихи ё не?! – гуён, муште ба сари хамсараш мефурорад.

Аз дард дар худ мепечад хамсараш, вале аз тарс дигар харфе ба забон намеорад…

Курси мох ба миёнаи осмон мерасад. Охирин чирчиракхо низ хомуш мешаванд. Ортики Бурутро хам хоб мебарад. Дар хобаш дам ба дам табассум мекард.

Маълум буд, ки хобхои ширин мебинад.

 

Шаби зулмони поён меёбад. Субхи содик медамад. Хама чо равшан мегардад. Хуршед зебову дилрабо тулуъ менамояд. Ортики Бурут даст ба дуои дастурхон мебардорад:

– Омин! Аллоху акбар!

Хама ахли оила ночор даст ба руй мекашанд. Сарвари хонадон осемасар либоси тозаву охари мепушад.

– Бисмиллохир Рахмонир Рахим! – гуён, бо пои рост ба куча кадам монда намонда, фигони наберааш ба фалак мепечад.

– Бо-бо-о-о?!

Чашмонашро ашколуд дида, саросема мепурсад:

– Чи шуд? Чаро гиря мекуни?

– Аспамро дуздиданд!

– Кадом аспатро?

– Худат оварди-ку!

Ха, ха, ба ёдаш омад. Дируз бобои мушфику мехрубон, барои набераи дустдораш аз беди пир навдае буридани мешавад. Раиси махалла, марди солхурдаи оромтабиат аз рафтори у ангушти хайрат газида, тешаро аз дасташ мегирад. Сипас ба у руй меорад:

– Ин чо манзили табаррук, чои мукаддас аст. Таги ин бед марди худочуе хок шудааст, – мегуяду мамнуъ, убол будани кирдорашро мефахмонад. Аммо у гур-гуркунон шохаеро бо зури даст мешиканад.

Он навдаро асп карда буд набера. Ва зин зада, савор шуду камчин зад. Аспашро ру-руи хавли, таг-таги девор, гирди бобо, гирди момо медавонду медавонд. Бобову момо бо завк механдиданд

– Одами зур мешавад, – мегуфт бобо ба момо. – Бин як чубаки бечона чи бозие медихад.

– Медидам, дар дилам ормон намемонд, – чашмони момо тар мешаванд.

– Аспамро ёбед! – талаб мекард набера бо ашки шашкатор.

– Ором шав! – мегуфт бобо.

– Не, аспамро ёбед!

– Ором шав, ором! – такрор менамуд бобо.

– Не, ором намешавам!

– Э ором шав! – дуг мезанад бобо.

Аммо набера аз талабаш намегардад.

Бобо мехохад… вале… вакт ки тамоман танг буд, ваъда медихад:

– Ба ту аспи нав, аз он хам зеботар меорам!

Набера бо ифтихору мамнуният ба бобо менигарад.

– Рафтем, дер мешавад! – мегуяд у ба писараш.

Хамин ки аз хавли баромаданд, гурбае аз пеши рохашон мегузарад. Илова бар ин, писараш паи хам се бор атса мезанад. Дили Ортики Бурут чигги мекунад.

– Лаънати! – мегуяд бо кахру газаб.

– Ман лаънати?! – писар теги нигох суи падар мекашад.

– Ту не, гурба! – бо зарда мегуяд падар.

– Хеч гап не, – бегамонаю бепарво мегуяд писар. – Гурба сафед буд-ку.

– Чи фарк дорад! – мегазабад падар. – Гурба гурба аст, хох сафед бошад, хох сиёх!

– Хайр, ба ягон гадо ягон сум хайр кунед.

Падар ба ин харф тоб намеорад:

– Дахонатро пуш! – гуён, нигохашро мегурезонад.

Нури офтоб чашмонашро мебарад.

 

Пеши касри бохашамат пур-пури мошину толораш пур-пури одам. Сузан партои рост меистад.

Гавгову магал!

Бахсу талош!

Гапу гап!

Хую хой!

Баъд чашми хама суи минбар духта мешавад. Чашмхо бекаророна интизор. Интизори баранда. Гуё у бобои барфи асту баромада ба онхо тухфа таксим мекунад.

Ох, чи сахт аст интизори!

Касе бо овози баланд фарёд мекашад:

– Ин чи бетартиби! Сар мекунед ё не?!

– Рост! Ин бетартиби!

Дигарон хам сабр аз даст дода, ба карсак задан меогозанд. Баъзехо пой мекубиданд, хуштак мекашиданд…

Нихоят баранда намоён мешавад. Вай гуё кадам намезад, парида меомад. Толор чун бахр ба чунбиш меояд. Баранда чавоне буд: навчаи тару тоза. Нихояташ бист-бисту панч сол дошт. Костюми танаш чун муи сараш сип-сиёх. Болгачаи дасташ чун тугмахои костюмаш ялт-ялт чило медод. Чашмонаш хам милтирос мезад. Вай бо димоги чоку чехраи шукуфон паси минбар карор мегирад. Толорбудагон чапакзанихои пурмавчи худро ба у мебахшанд. Ин ба у басо мефорад. Ва бо табассуми фарох таъзим менамояд. Чунон таъзим менамояд, ки пешонааш кариб ба фарш мерасад. Баъд рост шуда, каллаашро сахт афшонда, муисари ба пешонааш хамидаро ба боло хаво медихад. Сипас хушу хуррам, бо чушу хуруш ва гайрати беинтихо нидо мекунад:

– Чанобон!

Вале гуё нидои уро касе намешунавад. Вай лахзае худро гум мекунад, харосон ба ин су – он су чашм медавонад. Баъд худро ба даст гирифта, як парда баландтар:

– Чанобон! – мегуяд.

Баръакс мисли занбурхонае, ки ба он санг партофта бошанд, шавкун боз хам зиёдтар мешавад.

Баранда дар холате, ки дилаш чун барги бед меларзид, бо болгачааш ишора мекунад, ки хама хомуш бошанд.

Не, намешавад, ки намешавад!

Он гох у бо болгачааш ба руи минбар мезанад. Ду-се бор паи хам мезанад. Сахт, сахт мезанад. Танхо пас аз ин гавго, хандаю хазлу шухи охиста-охиста хомуш мегардад. Ва баранда каноатмандона табассуме карда, боз як бор дод мезанад:

– Чанобон!

Пас аз он, ки диккати мардум пурра ба у чалб мешавад, суханашро идома медихад:

– Чанобон! Давлати сохибистиклоли мо ба бозори иктисоди ворид гардид. Бозори иктисоди, яъне, ки хама чиз фурухта ва харида мешавад. Ва нахустин музояда гувох аст…

Касе аз толор дод зада, сухани уро мебурад:

– Э хой! Шаф-шаф нагу!

– Чи? Ха… Чи гуям?

– Шафтолу! – писханд мезанад у.

– Шафтолу? – намефахмад баранда. – Чи хел шафтолу?

– Эй хафтафахм! Яъне магзи гапа гуй!

– Ха, хуб! Хуб! Шафтолу бошад, шафтолу-дия! Чанобон! Имруз ба фуруш чизхои таърихи – асои Рудаки, чоми Хайём, саллаи Ахмади Дониш, теги Абуали Ибни Сино, чомаи Восеъ, пурбини Улугбек бароварда мешаванд.

Боз мавчи карсак толорро ба ларза меорад. Баранда болгачаашро мебардорад. Карсак катъ мешавад.

– Инак лоти якум! Асои Рудаки!

Боз мавчи карсак дар толор танин меандозад. Боз баранда болгачаашро мебардорад. Пас аз он ки мавчи карсак хомуш мешавад, баранда ба тавсифи асои Рудаки огоз менамояд.

– Устоди устодон Рудакии бузург гуфта буд: “Замона дигар шуд, мо хам дигар шудем. Асо биёр, ки вакти асо аст”. Ва ин нидоро шогирдони содикаш шунида, ба чангали Мозандарон рафтанд. Хафт рузу хафт шаб кофта-кофта, дах асо ёфта оварданд. Хамаи он аз чуби заранг буд. Яке аз дигаре хушруйтар буданд. Ва устод хафт рузу хафт шаб чену чок карда, як асоро интихоб намуд. То охири умр устод ин асоро аз дасташ рахо накард. Ин асо ана хамон асо аст. Ин асо басо нодир аст…

Яке сухани уро бурида, дагалона лукма мепартояд:

– Э, як таёк-да!

Ин ба иззати нафсаш сахт мерасад.

– Ту, таёк-паёк нагуй! Асои Рудаки чун алиф рост аст. Аз ин ру бехурмати норавост! Тахкир!

– Хак асту рост! – дар як вакт рози мешаванд ахли толор.

– Кани, тавба кун!

– Дуруст! – баробар рози мешаванд ахли толор. – Тавба кунад!

– Ха-ха-ха! – бо истехзо механдад у. – Дигар хеч чиз намехохед?!

– Наханд! Дахонатро гиз накун! Тавба кун!

Вай одаме буд кадпасту сиёхчурда ва тираруву тоссар.

– Накунам чи? – бо захрханда мепурсад у.

– Тавба накуни, – чидди мегуяд баранда. – Аз музояда ронда мешави. Интихоб кун. Ё таба кун ё баро.

– На тавба мекунаму на мебароям!

Бо ишораи баранда ду чавонмарди пахлавончусса тори сараш хозир мешаванд. Ва аз ду китфаш гирифта мебардоранд.

– Пеш даро!

– Не! – бо тамоми кувват фарёд мекашад мард.

Наъраи у ончунон зур буд, ки лахзае хамаи садохои толорро пахш мекунад.

– Аррос назан!

Вай кушиш менамуд, ки аз чанголи бузбалахо халос бихурад. Аммо ин ба у муяссар намегашт. Хам аз шиддати зурзанихои бехуда, хам аз чуши газаб фишшосзанон нафас мегирифт ва дандонхояшро гичирросзанон мегуфт:

– Очаи зори хамаатонро нишон медихам! Ман аз он шумо гуфтаги одамхо не…

– Руята мурдашу бинад сакалту! – бо нафрат мегуяд баранда ва акнун лаб ба сухан боз карда, музоядаро давом додан мехохад, ки марди солхурдае боло мешавад:

– Истед, истед! Сабр кунед!

Баранда ба у дида медузад.

– Ба шумо ки ичозат дод, ки чизхои мукадасро фурушед?

Аз ин саволи гайричашмдошт баранда дасту по мехурад. Аз хайрат дахонаш воз мемонад. Чанд бор болгачаашро бардошта, чизе гуфтани мешавад, аммо гуфта наметавонад.

Гуё аз дару девори толор саволи: “Ки? Ки?” – меборид.

Нихоят, ба худ меояд баранда, як-ду сулфида, гулуяшро меафшонад ва нидо мекунад:

– Давлат!

– Кадом давлат? – дафъатан мепурсад марди солхурда.

– Давлати совети… эъ не… мебахшед давлати худамон!

– Набошад, чаро “Имон”-ну “Вичдон”-ро намефурушед?!

Ду бузбала марди солхурдаро хам аз толор мебароранд.

– Э гаранг! “Замона бо ту насозад, ту бо замона бисоз”.

Баранда суханашро идома медихад:

– Чи хеле ки гуфтам, ин асо басо нодир аст. Аз паси дарёфт кардани ин асо олимони Гарбу Шарк асояшонро сузан карданду кафшашонро галбер. Барои ба даст даровардани ин асо Пентагони Америка гурухи махсус таъсис дод…

Боз касе аз толор дод мезанад:

– Э хой! Шаф-шаф нагу!

– Чи? Ха… Чи гуям?

– Шафтолу!

– Ха, хуб! Хуб! Шафтолу бошад, шафтолу-дия! Чанобон! Нархи ибтидоии асои Рудаки хазор сомони! Ки зиёд?!

Якбора толор хомуш мегардад, гуё ях мебандад. Касе дахон во намекард. Яхи хомуширо худи баранда мешиканад:

– Ки зиёд!

Пас аз лахзае аранге ба гушаш мерасад:

– Хазору сад.

Баранда гарданашро уштурвор ёзонда, бо чашмонаш толорро мепалмосад, то ин ки сохиби овозро бубинад.

– Ки хазору сад гуфт? Чанобон! Касе ки пешниход мекунад, бояд аз чояш хезад. Ки хазору сад гуфт?

Ин дам як чавони логарандом аз чояш хеста:

– Ман, – мегуяд.

Баранда хушу хуррам, бо чушу хуруш дод мезанад:

– Хазору сад! Ки зиёд?! Хазору сад… Як! Хазору сад!..

Зани лумбе, ки абрувони думи мор барин борик дошт, бархоста, дод мезанад:

– Якуним хазор!

Баранда боз бо хамон чушу хуруш, вале ин дафъа болгачаашро алвонч дода, фарёд мекашад:

– Якуним хазор! Ки зиёд?! Якуним хазор! Ки зиёд?! Якуним хазор… Як!.. Якуним хазор!..

Ин дам як пирамарди хароби бузрише аз чояш бармехезад:

– Се хазор!

Баранда ба вачд меояд.

– Охо! Ана, ин чахиш!

Толор хам ба чунбиш меояд.

– Се хазор! Ки зиёд?! Кани хаст-ми багурдахо?! Се хазор! Ки зиёд?!

Ин дафъа пирамарди патакрише дод мезанад:

– Чор хазор!

Баранда завк бурдаю илхом гирифта, баланд фарёд мезанад:

– Чор хазор!

Ва болгачаашро ба тарафи пирамарди патакриш дароз карда, боз мегуяд:

– Чор хазор! Ки зиёд?! Багурда нест?! Чор хазор! Як!.. Чор хазор! Ду!..

Ох, баранда чи кадар мехост, ки “се” гуяду бо болгачааш ба лаълии овезони мисин занад ва нидо кунад:

– Фурухта шуд!

Вале “се” гуфтан ба у муяссар намешуд. “Як, ду” мегуфту “се”-ро ба забон наоварда, касе нархи навро пешниход менамуд.

Кисса кутох як соат… ду… се… чор соат сипари шуду хеч не, ки асои Рудаки фурухта шавад.

Забони баранда аз: “Ки зиёд?!” – гуфтан монда мешавад. Лахзае ба у чунин менамояд, ки уро масхара карда истодаанд. Аз ин ру хост савдоро боздорад. Вале ин аз руи коидаю конуни ауксион номумкин буд. Бинобар ин хазору як рагашро кашида, вазифаашро ичро менамуд. Нархи асои Рудаки ба дах хазор сомони мехезад.

– О-о! – дахони баранда воз мемонад.

Вале холо: “Дах хазор, як!” – нагуфта, чавоне, ки аз дахонаш буи шир меомад, аз чои худ боло шуда, дод мезанад:

– Понздах хазор!

– Ту?! – беихтиёр абру бархам мекашад баранда.

– Чи “ту”?

– Хамин ту… ту… ту понздах хазор дори?

– Кори ту чи?! Ту “як, ду, се” гуфтанатро дон! Фахмиди! Ба пули ман чи кор дори?! Ту дод заданатро дон!

Вай айёрона табассум мекунад ва хатто ба баранда чашмак мезанад.

Бешубха гапи чавон чон дошт. Ва у туфашро базур фуру бурда, ноилоч ба додзани медарояд:

– Понздах хазор! Ки зиёд?! Ки зиёд?! Понздах хазор!.. Як!..

– Баландтар дод зан!

Баранда тамоман гаранг мешавад. Дар чашмони сип-сиёхаш хайрату ачобат пайдо мегардад. Хумори тамоку уро сахт азоб медод. Илова бар ин гуруснагиро хис мекунад. Банохост як хастагие тамоми хастиашро фаро мегирад. Пасон як рашъаи ногуворе ба аъзои баданаш медавад. Ба назараш чунин менамуд, ки дар даст болгача не, як пуди садмана дорад. Дар соати шашум овозаш мегирад. Пойхояш бемадор мешаванд. Торхои дилаш ба ларза медароянд.

Ана дар хамин лахза Ортики Бурут бархоста, дод мезанад:

– Бист хазор!

Чашмони баранда шохкоса барин зада мебароянд.

– Би-с… – мегуяду чун афсари тирхурда меафтад.

Акнун ба у як занбар лозим буду ду хаммол.

Хама якбора дасту по хурда мемонанд. Сипас “Сапожник!” – гуён, ба шавкун медароянд. Пасон пойкубиву хуштаккаши сар мешавад…

Барандаро иваз менамоянд. Ауксион идома меёбад. Бо Ортики Бурут дигар касе кувваозмои карда наметавонад. Ва у голиб дониста мешавад.

– Муборак шавад! – аз хар тараф уро табрик менамуданд.

Гуё маст шуда буд аз хушбахти.

– Куллук! – бо чехраи хандон чавоб медод, вале дар дил мегуфт: “Сухта муред!”

 

Ох, чи шоду хуррам ва хушбахту саодатманд буд Ортики Бурут! Хама олам ба назараш мунаввар менамуд. Сурудеро худ ба худ зам-зама мекард:

Зихи, ин турфа асоро

Худо лоик дида барои мо!..

Наберааш болу пар бароварда, ба истикболи у мешитобад.

– Оча, бобом аспама овард! – бонги шоди мебарорад набера. – Аспама овард! Бобочо-о-он!

Ортики Бурут як кад мепарад, гуё сарашро ба болодари зада гирифта бошад. Баъд дасту по мехурад. Ба дилаш ким-чи хел шубхае панча мезанад. Бо шаст тарафи писараш тоб хурда, бо иллату зарда мепурсад:

– Гуш кун, Рудаки асо дошт ё не?

– Чум! – ду китф бар хам мекашад писараш.

Падар ба у тавре нигох мекунад, ки гуё вайро бори аввал медида бошад.

– Чи хел “чум”?!

Вай тез-тез нафас мегирифт.

– Хой бадфеъл! – ба шур меояд падар. – Бадфеъли бадфеълон! Чи хел “чум”?

Киёфааш басо бадхашм буду бадчахл.

– Надонам!

– Каллаварам! Хафтафахм! Бехаё! – ба писараш газаб мекунад Ортики Бурут. – Ту чи хел адабиёт хонди, ки намедони?!

– Кай хондам?! – кавок мегиронад. – Намемонди ба мактаб равам-ку?!

– Нодон! – дод мезанад Ортики Бурут. – Ку созтар бин!

Писар асоро бодиккат аз назар мегузаронад.

– О, ин як чуби одди-ку?

Падар ба писар хамчун ба одами нимдевона нигох мекунад.

– Ту, чи сафсатта мегуи?

– Ба Худо, ки чуби одди! Ха, чуби бед. Нав буридаги, холо тар…

Дахону гулуи Ортики Бурут кок мешавад. Чашмонаш бечо, базур-базур нафас мегирад.

– Аъ!.. Чуби бед…

Гуё ба сараш бо чизе мезананд.

– Ох-ххх…

Осмон гуё бар сари Ортики Бурут фуру меравад. Аз гуфтор мемонад, забонаш гуё ба комаш мечаспад. Дар рангаш хун намемонад. Пойхояш суст мешаванд.

Акнун ба Ортики Бурут як занбар лозим буду ду хаммол.

3 феврали соли 1993

15 декабри соли 2004

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …