Главная / Илм / АРОМАТЕРАПИЯ

АРОМАТЕРАПИЯ

21211-ed4_wideАРОМАТЕРАПИЯ (аз юн. aroma – хушбуи, накхат ва терапия), яке аз усулхои муолича. Бо максади А. аз равганхои эфирдор истифода мекунанд. Дар табиат зиёда аз 3000 намуди растанихо дучор меоянд, ки дар таркиби онхо равгани эфир мавчуд аст. Бо максади А. факат 300 намуди онхо истифода мегардад. Равгани эфир нафакат ба воситаи рохи нафас, балки ба тавассути пуст низ таъсири гуворо мерасонад. Молекулахои он баъди ба силсилаи хунгард ворид шудан, дар тамоми узву бофтахо пахн мегарданд. Баъзе унсурхои равгани эфир сохтори гормонхоро доранд, бинобар ин онхо ба фаъолияти рухии одам таъсири мусбат мерасонанд. Аз ин лихоз А. табъи шахсро болида ва хастагиро бартараф мекунад, хофизаро таквият бахшида, хобро бофарогат месозад. Гайр аз ин, хамаи он равганхои эфире, ки дар мавриди А. корбаст мешаванд, хосияти бактерисиди ва зиддиилтихоби доранд.
Самараи А. ба омилхои гуногун вобаста мебошанд, мас., ба сифати равгани эфир ва интихоби дурусти он, тарзи истифода, хусусияти организм ва г. Яке аз усулхои бехтарин ва гуворои А. истифодаи обзан (ванна)-хои муаттар аст. Онро барои пешгири ва муоличаи бисёр беморихо кор мефармоянд. Ингалятсияи буги равгани эфир низ омили бехсозандаи бисёр иллатхост. Дар мавриди А. харорати оби ванна бояд 36 – 37°С ва давомоти он 15 дак. бошад. Ба ваннаи пуроб 8, ваннаи обаш нисф 2 ва ба ванначаи дасту по 4 катра равгани эфир чакондан лозим. Равгани эфир дар об хал намешавад, бинобар ин кабл аз истифода онро дар 100 г эмулгатор – чургот, шир ё саршир махлул мекунанд. Кабл аз А. бояд оббози кард. Кабули ваннаро аз 4 – 5 катра равгани эфир огоз намуда, тадричан адади онро ба 10 – 13 катра мерасонанд. Даври табобат – 1,5 мох.
Масхи узвхо бо кремхое, ки дар таркиб равгани эфир доранд, усули хеле самараноки А. аст. Онхо харакати хунро бехтар месозанд (мас., равгани мурч, занчабил, розмарин), хосияти зиддиилтихоби доранд (равгани эвкалипт, лаванда, санавбар, чойдарахт, лодан ва г.), хастагии бахориро рафъ менамоянд (равгани фенхел, анчибар, грейпфрут, лиму, норанч, афлесун).
Истифодаи вояи зиёди равгани эфир метавонад боиси сардард ва бад шудани вазъи саломати гардад. А. – усули табобат аст. Аз ин ру онро бояд окилона ва дар мавриди зарурат кор фармуд. Равгани эфири табии боиси пайдоиши аллергия намешавад. Дар сурати майл доштан ба аллергия ба хами оринч чанд катра равгани далхохро чаконед. Агар баъди як шаборуз дар пусти оринч тагйирот рух надод, пас метавон онро бо максади А. истифода бурд. Равгани эфирро дар зарфхои махсус ва дар чойи хушк нигох доштан лозим аст. Дар навиштачоти воситахои А. бояд 100 фисад равгани эфири табии будани он кайд шуда бошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …