Главная / Илм / АНЗАРУТ дар Канзи Шифо (Китоб)

АНЗАРУТ дар Канзи Шифо (Китоб)

anzarut-2-483x330Анзарут — ин шилми буттаи хорнокест, каддаш то 1,5-2 метр мехезад, дар сарзаминхои Форс, Хуросон ва Осиёи Маркази меруяд. Ранги ин шилм сурх ва сафеди моил ба зардист. Бехтарини он ранги сафеди зардтобаш аст, ки зудшикан ва дар таъм талхи андак ширини дошта бошад. Мизочаш дар охири дарачаи дувум гарм ва дар аввали хамон дарача хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: ин хушккунанда бидунн дард аст ва бехтарин давои бо исхол дафъкунандаи балгами шахшул ва сафроро хамоно дафъ мекунад; бодхои гализро тахлил медихад, гиреххои узвхои баданро мекушояд, бачаи занони хомиларо аз шикам меафтонад, кирми меъда ва рудахоро мерезонад; барои иллатхои пайвандхо, дарди сурин ва иркуннасо (радикулит) дору мешавад; балгами гафсро аз чохои дур ва чукури бадан мекашад, хусусан бо турбуд ва халила бихуранд, ин навъ таъсираш кави мегардад. Барои фарбех кардани баданхои логар чун 17,5 грамми онро бо 0,6 грамм санги даруни захрадони гов ва 35 грамм норгул хамрох карда, чор хисса сохта, хар руз як хиссаи онро баъд аз хаммом кардан ва баъди хурдани зардии тухми мурги нимпухта биёшоманд, бисёр пуртаъсир аст, бо як ачобат фарбех месозад.

Хаким Багдоди гуфтааст, ки занони Миср анзарутро дар оби тарбуз ним руз тар карда, барои фарбех шудан то 35 грамми онро мехуранд. Мегуянд, ки 17,5 грамми анзарутро соида бихуранд, масомхоро банд карда ва ба узвхои даруни шикам часпида мекушад. Ислохкунандаи зарари ин шилми бодомхо ва равгани бодоми ширин аст. Хар гох ки худи анзарутро ба танхойи истеъмол кардани шаванд, бояд ки дах баробари он равгани бодоми ширин хамрох намоянд. Микдори як бор хурдан аз анзарут дар як руз аз 2,25 то 9 грамм аст, вале агар бо давохои дигари ислоховар ошомидан хоханд, 4,5 граммаш кифоя аст.

anzarutБа чойи анзарут ба хамон вазн сабир (алоэ)-ро истеъмол фармоянд, равост. Аммо истеъмоли он аз берун барои бех шудани чарохат, руёнидани гушти солим ва хуронидани гушти хароми реш ва ягон узви дигар, пок сохтани рим аз захмхо, хуни равони ягон чоро манъ гардонидан, дафъ кардани догхои нагзак даво мебошад; бо натрун (танакори армани, яъне танакори сурх) якчо карда гузошта банданд, ханозерро (хукгарданро) тахлил медихад. Ва агар инро бо асал сиришта, фатилаи борикро ба он олонда, дар гуш гузоранд, рими даруни гушро пок месозад.

Куфтаи анзарутро дар шири хар ё шири чавонзанон як шабонаруз тар карда, баъд ба чашм кашанд, барои дарди чашм, часпидани пилхо ва дафъ намудани назлахо, кутур ва шилпукии чашм дору мешавад. Чун анзарутро бо марворид ва марчон сухта ва баробари хама наботро махин ос карда, якчоя бипошанд, гули ба чашм афтодаро дафъ мекунад. Чун даруни пиёзро кофта холи карда, он ковокиро аз анзарути сафед пур сохта, ба ахгари оташ ниханд, то он ки ба чуш ояд, баъд онро дар гуш чаконанд, дарди гушро таскин медихад.

Дастури ташвияи анзарут чунин аст. Бигиранд анзарути сафедро бо шири хар ё бо шири чавондухтарон хамир карда, ба шоххои чуби газ бичаспонанду дар танур, ки гармиаш муътадил бошад, биёвезанд, то он ки хушк ва андаке кабоб шавад. Агар онро бори дигар соида, бо андаке сафедаи тухми мург сиришта, аз нав ба чуби газ часпонида, чун пешина кабоб намоянд, мизочаш ба муътадил наздиктар мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …