АНУРИЯ (Anuria; аз an – хиссачаи инкори ва uron – пешоб), тамоман катъ ё хеле кам шудани ихрочи пешоб. Хангоми беморихои гуногун, мас., нефрити шадид ва музмин, банд шудани рохи пешоб, иллати шадиди гурдахо, нефропатияи занхои хомила, кай ва исхоли беист (вабо, гастроэнтерит) ба амал меояд. А. пасигурдаи, пешигурдаи, хакики, дуругин, рефлекси ва г. мешавад. А.-и пасигурдаи дар навзодоне, ки гирифтори аплазияи гурда мебошанд, ба мушохида мерасад. Он дар одамони калонсол баъди катъ карда шудани гурдаи ягона сар мезанад. А.-и пешигурдаи дар натичаи фишор хурдан ё кат шудани рагхои гурда (бинобар инкишофи омос, тромбоз ва эмболеяи артерияхои гурда) ба вучуд меояд. Ба ин гурух хамчунин А.-еро дохил мекунанд, ки дар натичаи талафи зиёди хун, ихтилоли вазнини хунгардиш (хангоми амрози дилу рагхо) ва талафи барзиёди моеъ (дар мавриди исхоли бардавом, кайи беохир, обварам ва г.) сар задааст. А.-и хакики дар натичаи беморихои диффузии гурдахо (гломерулонефрит, пиелонефрит, поликистоз, захролуди аз сулема, намакхои сурб, сулфаниламидхо ва г.) пайдо мешавад. Сабаби А.-и дуругин ба вучуд омадани монеахо дар рохи пешоб аст (омос, санг ва г.). А.-и рефлекси хангоми осеби сахти рухи, истерия, дарди токатфарсо, чаррохии вазнин ва г. ба мушохида мерасад. Бо максади табобати А. кабл аз хама сабаби онро рафъ сохтан лозим аст.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …