Главная / Илм / АММИАК

АММИАК

amiakАММИАК (аз юн. hals ammoniakos – навшодир), NH3, пайвасти химиявии нитроген бо гидроген. Дар табиат дар натичаи тачзияи моддахои нитрогендори органики хосил мешавад. А. гази беранг буда, буи тези нафасгир дорад. Омехтаи А.-и хушк бо хаво метаркад.
А. моддаи хеле фаъол аст. Аз хисоби чуфти электронхои таксимнагаштаи нитроген ба реаксия медарояд. Бинобар ба молекулаи А. пайваст гаштани протон иони аммоний хосил мешавад. Он хамчун иони металлхои ишкори бо об ва аниони кислотахо пайваст шуда, гидроксиди аммоний ва намак хосил мекунад. Барои А. реаксияи чойгири низ хос аст. Металлхои ишкори ва ишкорзамини бо А.-и моеъ ё газшакл ба реаксия дохил шуда, нитрид ё амид хосил мекунанд. А. бо сулфур, галогенхо, карбон, СО2 ва г. низ ба реаксия медарояд. Дар лаборатория А.-ро дар натичаи бо охаки шукуфта гарм кардани хлориди аммоний ба даст медароранд. А. аз организм дар шакли намакхои аммоний (хоса сулфати аммоний) ба воситаи пешоб ихроч мешавад. Дар аснои дар вояи хурок, афзалият доштани сафеда, инчунин хангоми беморихои вазнини чигар (мас., сирроз), микдори А. дар таркиби хун дучанд мегардад.
Буи тези А. ретсепторхои луобпардаи биниро ангехта, фаъолияти нафасгириро тез ва фишори хунро баланд мекунад. Бинобар ин хангоми бехуши ва захролуди аз алкухул буги спирти навшодирро буй мекашонанд (барои эхтиёт пахтаеро, ки дар спирти навшодир тар карда шудааст, аз пеши бини 5 см дуртар нигох медоранд). Махлули спиртии навшодир (25 мл дар 5 л оби гарм) дар амалияи чаррохи барои тоза кардани даст истифода мешавад (усули Кочергин-Спасокукотский).
Дар мавриди захролудии музмин аз А.-и газшакл мубодилаи моддахо халалдор шуда, фишори хун паст мефарояд, неврастения ва беморихои илтихобии рохи нафас сар мезананд.
Бо максади пешгирии захролуди аз А. ба коидахои бехатарии мехнат риоя кардан лозим аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …