АЛОНИЮН (лот. Inula helenium), алайун, сабадсарак, гиёхест бисёрсола. Пояаш рости пашмакдор, 60 – 250 см кад мекашад. Барги бехи пояаш калони паршакл (дарозиаш то 50 см, бараш 15 – 25 см), думчадароз, баргхои мобайни байзашакли нугтез, баргхои болои нештаршакл. Гулаш зарди забончашакл ва найчамонанд, донакаш майда. Моххои май – июл гул карда, июн – июл мева мебандад. Дар лаби чуйхо, сохили дарёхо, маргзори серрутубат, нишебихои хокию регзори кух, шагалзамин, каъри чарихо ва минтакаи бешазор меруяд. Дар мавзеъхои Сирдарё, Хисору Дарвоз, Точикистони Чанубию Шарки (дар баландии 700 – 1900 м аз с.б.) месабзад.
Табибони кадими Тибет, Хиндустон ва Хитой А.-ро барои табобати беморихо истифода мебурданд. Чолинус низ аз хосияти шифобахшии А. ёдовар шудааст. Абуалии Сино онро давои таквиятбахши дил хисобидааст. У ба А. илтихоби асаби сурин ва бугумдардро табобат мекард. Агар А.-ро бо асал омехта лесанд, балгамро хорич месозад. Чушоби решаи А., хусусан шираи он, шоша ва хайзро меронад. А. барои рафъи хама гуна омосу варамхо судманд аст. Абуалии Сино дар «Ал-Вохия» овардааст, ки А. давои сардард, зики нафас ва киччарон мебошад. Мувофики маълумоти «Махзан-ул- адвия» А. ба дил кувват мебахшад, хазми хурок ва шахватро бехтар мегардонад, ба масона таъсири хуб мерасонад. А. барои молихулё, кабзияти чигар ва испурч, дарди бугумхо, варами пай, ишиас нофеъ аст. Истеъмоли чушоби А. чакмезаки, чогахмези ва кабзияти хайзро рафъ месозад. Агар 1 дирхам (3,12 г) талкони А.-ро бо асал омехта лесанд, сулфа ва зики на- фасро шифо мебахшад. Табибони халки чушоби реша ва решапояи А.-ро барои муоличаи иллати узвхои хозима, сили устухон, пайвандак, зардпарвин, обхура, бавосир, кабзияти рохи нафас ва чун омили иштихоовар, рафъсозандаи халаву боди руда, пешоброн, талхарон, киччарон ва балгамовар тавсия медиханд. Дар тибби муосир решаи А.-ро хангоми кабзият ва сили шуш, чун доруи балгамовар ва талхаву пешоброн истифода мебаранд. Бо А. касалихои пуст (экзема, шукуфа, хоришак)-ро низ муолича мекунанд.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекар- ственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …