Главная / Чамъият / АЛИМЕНТ

АЛИМЕНТ

alimentАЛИМЕНТ (аз лот. аliment – нафака), маблаги таъминоти моддист, ки мувофики тартиби мукарраркардаи конун яке аз узви оила ба узви дигари мухточ ёри медихад. Доираи шахсонеро, ки ба гирифтани А. хукук доранд ва доираи шахсоне, ки ба додани А. ухдадоранд, хамчунин андоза ва мухлати додани онро конун муайян мекунад.
Андозаи А. аз руи ба хисоб гирифтани хамаи намудхои даромад, аз чумла мукофот ва навъи даромадхои иловагие, ки аз хочагии ёрирасон ба даст меоранд, мукаррар карда мешавад. А. барои фарзандони ноболиг, барои як фарзанд ба андозаи чоряк, барои ду фарзанд сеяк ва барои се фарзанд ва зиёда аз он ба андозаи нисфи даромади шахсе, ки А. медихад, руёнда мешавад. Андозаи А. дар холатхое кам карда мешавад, ки агар волид дар таъминоти худ дигар фарзандони ноболиг хам дошта бошад ва баъди супоридани А. таъминоти онхо назар ба фарзандони алиментгиранда бад шавад; агар волидони алиментсупор инвалиди гурухи як ё ду бо- шанд; агар фарзандони алиментгиранда кор кунанд ва маоши кофи гиранд, ё дар таъминоти пурраи давлат бошанд. Баъди вафоти волидайн ё аз ухдаи таъминоти моддии фарзандони ноболиг набарома- дани онхо, додани А. ба зиммаи аъзои дигари оила, мас., бобо, модаркалон, бародарони калон ва хохарон, падарандар ё модарандар гузошта мешавад.
Агар яке аз хамсарон кобили кор набошад ё дар давоми як сол баъди бекор кардани акди никох кобилияти кориашро гум карда бошад, вай аз хамсари худ, ки ба ёрии модди расонидан кодир аст, барои гирифтани А. хукук дорад. Ин гуна хукук ба зан дар давраи хомилаги, инчунин дар давоми якуним соли баъди таввалуди кудак (ба гайр аз хукук ба А., ки шавхар бояд барои таъмини кудак дихад) низ дода шудааст. Аъзои корношоями оила (волидайн ё фарзандон), ки ба ёрии модди мухточанд, аз бародарон, хохарон, бобо, модаркалон, наберахо, инчунин аз писарон ва духтарони угай дар холати кофи будани даромади онхо ба гирифтани А. хукук доранд; писар ва духтарони угай аз ухдадории таъмин намудани падарандар ё модарандар вакте озод карда мешаванд, ки агар дар таъминоти онхо камтар аз панч сол истода бошанд ё дар холате, ки модарандар ё падарандар ухдадории тарбияи онхоро ичро накардаанд. Тарбиягирандагон ухдадоранд шахсони корношоям ва ба ёрии модди мухточро, ки онхоро тарбия кардаанд, вале ин ашхос аз фарзандон ва ё хамсари худ А. гирифта наметавонанд, дар таъминоти худ нигох доранд. Андозаи А.-и бародарони ноболиг, хохарон, наберахо, писар ва духтарони угай, инчунин аъзои болиги корношоями оиларо, ки ба ёри мухточанд, дар хар холати муайян суд мукаррар менамояд.
А. барои таъмини фарзандон то синни ба балогат расидани онхо (18-солаги) дода мешавад. Дар мавриди тагийр ёфтани шароит (ташкили оилаи нав, баркарор шудани кобилияти кор ва г.), ки дар асоси он А. руёнда мешуд, хукук ба А. бархам мехурад. Аз додани А. барои таъмини фарзандон баркасд саркаши кардан боиси чазои чинояти мегардад. Максад аз А. пойдории оила, масъулиятшиноси дар таълиму таъ- мини фарзандон ва ба хамдигар ёри расондани аъзои оила мебошад
( Бобхои 13
18 ва моддахои 80 – 121 Кодекси оилаи Чумхурии Точикистон).

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …