Главная / Илм / АКРОСИАНОЗ

АКРОСИАНОЗ

akrocianozАКРОСИАНОЗ (Acrocyanosis; аз юн. akron – интихо, охир ва сианоз), ранги кабудча гирифтани пуст. А. бинобар суст шудани харакати хун ба вучуд меояд. Дар натичаи костагии хунгардиш тамоси хун бо бофтахо зиёд шуда, дар таркиби хуни венаю мурагхои зери пуст микдори гемоглобини баркароргашта меафзояд. Бинобар ин пуст ранги кабудча мегирад. Бар хилофи сианози диффузи ё маркази, дар мавриди А. микдори гемоглобине, ки баркарор шудааст, дар хуни шараён (ар- терия) зиёд намешавад. Дарачаи зухуроти А. нафакат аз микдори гемоглобин, бал- ки аз дарачаи васкуляризатсия ва хосияти пуст низ вобастаги дорад. А. бештар дар лабхо, пусти панча, кафи по, гушхо, рухсора, зери манах, нуги бини ба мушохида мерасад. Сабаби А. нукси дил, ангиотро- фоневроз, полиситемия ва диг. беморихо аст. Хангоми тромбофлебит ва дуруштии венахо А.-и мавзеи рух медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …