Главная / Илм / АКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР

АКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР

akademiyaАКАДЕМИЯИ ГУНДИШОПУР, Донишгохи Гундишопур, мактаби тибби, гахвораи тибби илмии форсу точик. А.-хои 3-7 дар Гундишопур фаъолият дошт. Бо дастури Шопури аввалписари асосгузори сулолаи Сосониён Ардашери Сосон бунёд ёфта буд. Пештоки дарвозаи шахрро навиштачоти «Донишу хирад аз шамшер зуртар аст» оро медод. Устодони А. Г. асархои табибони Юнону Хиндро ба забони пахлави (забони давлатии сосониён) тарчума мекарданд. Онхо аз обрую эътибор ва имтиёзхои зиёде бархурдор буданд. Нагз донистани анатомияи одам, дилсофона ичро кардани вазифа, хондани китобхои зарури, маълумоти кофи доштан оид ба гиёххои шифобахш, истифода карда тавонистани асбобу олоти чаррохи сари вакт кумак расондан ба бемор, бегарази дар кори табобат, рох надодан ба молу сарватпарасти, гамхори ва хушмуомилаги нисбати беморон ва г. аз чумлаи талаботи асоси нисбат ба устодони донишгох махсуб мешуданд. А. Г. дар як муддати кутох ба авчи рушду камолот расид. Бисёр олимон аз академияхои машхури Афина ва Искандария барои кор ба А. Г. омаданд. Дар он чо табибони юнони, сурияви, хинди ва форси ахлона фаъолият доштанд. Устодони донишгох дар баробари андешидани тадбирхои муоличави ва пешгирии беморихо ба фаъолияти илмию омузгори, тарчимаи китобхо, тахияи мачмуахои комуси ва г. машгул мешуданд. Дар А. Г. раванди таълим аз бахшхои назарияви ва амали иборат буда, дар заминаи бемористони худи академия сурат мегирифт. Дар барномаи таълими донишгох гайр аз омузиши фанхои тибби хамчунин омузиши забону адабиёт, таърих, илми нучум, санъати сухан, фалсафа ва г. пешбини шуда буд. Донишчуён ба забонхои пахлави ва юнони тахсил мекарданд. Савияи донишу малакаи онхо бевосита дар сари бистари бемор санчида мешуд. Ба донишгох факат чавононе кабул мегаштанд, ки хафт чузъи мухими илм (сарфу нахв, хандаса, хисоб, нучум, диалектика, илми маони ва баён, мусики)-ро омухта, дар ин бобат дониши кофи дошта бошанд. А. Г. китобхонаи бузурге дошт, ки дар 250 бино чой гирифта буд. Сардухтури бемористон хамзамон вазифаи ректори донишгохро низ ичро менамуд. Ба кавли муаррихон аввалин сарвари донишгох Бухтишуъ будааст. Дар А. Г. чамъомадхои илми барпо мешуданд. Мас., с. 561 чаласаи якуми олимони тиб баргузор гашт, ки дар кори он аз хамаи донишгоххои кишвархои дигар табибон ширкат варзиданд. Чаласаро табиби дарбори Хусрави аввал Чибраил Дурустабд (намояндаи сулолаи Бухтишуъ) сарвари мекард. Дар хайати А. Г. гайр аз дониш- кадаи асосии тибби, хамчунин шуъбахои дигар хам вучуд доштанд, ки файласуфу риёзидон, адибу муначчим ва г. тайёр менамуданд. Сахми устодони А. Г. хусусан дар тахкику омузиши Авесто назаррас буд. Онхо тибби Авесторо бо илми тибби юнони, хинди, тибети наздик сохта, онро аз махдудияти дини рахо карданд. Тар- зу усулхои чадиди муолича, ки табибони А. Г. пешниход намудаанд, дар он давр аз бехтаринхо махсуб мешуд. Устодони донишгох доир ба муоличаи беморихо дастурхои гуногун таълиф карда, ба забони пахлави рисолахо менавиштанд. Дар донишгох тахияву истифодаи дорухои нав, хоса давохои наботи ривоч ёфт; мутахассисон дар кори табобат аз омехтахои тилло, нукра, мис, охан ва пайвастхои хлору сулфатдор истифода мекарданд. А. Г. зиёда аз 300 сол арзи хасти дошт. Он баъди истилои арабхо ру ба таназзул овард. Китобхона, бозёфтхои илми ва бархе аз олимони донишгох ба пойтахти хилофати аббосиён шахри Багдод интикол дода шуданд. Дар А. Г. бисёр олимони намоён кору фаъолият доштанд, ки номи баъзе аз онхо то замони мо расидааст: Бухтишуъи аввал (нахустин сарвари донишгох), Бухтишуъи сони (ваф. 801), Барзуя, Абдулло ибни Мукаффаи Эрони, Мухаммад ал-Хорис ибни Калида, Теодорус (таби- би насрони, ки дар дарбори Шопури аввал хидмат мекард), Собур ибни Сахл, Сахорбухт, Мосавайх, Абузакариё ибни Мосавайх ва г. Аз нигохи таърихи А. Г. нахустин донишгохи тиббии чахон махсуб мешавад.
Ад.: Исхоки Ю., Точиев Я., Таърихи мух- тасари тибби точик, Д., 1993; Одоби тиб ва пизишки дар Ислом (аз араби тарчумаи Латиф Рошиди), Техрон, 1380 х.ш.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …