Главная / Илм / АФЮН

АФЮН

1396332608_post-2-130АФЮН (юн. ópion – шираи хашхош), моддае, ки аз шираи гузаи хошхош (кукнор) хосил мекунанд. Маълумоти нахустин оид ба А. ба с-хои 300 то м. рост меоянд. А.-ро дар Юнони Кадим истифода мебурданд, хосиятхои дардбарии он ба Букрот маълум буд. Минбаъд истифодаи А. дар Хиндустон, Хитой расм шуд. Таркиби А. такр. аз 20 хел алкалоид (морфин, наркотин, кодеин, папаверин ва г.) иборат аст. А. аз кадимулайём маълуму машхур мебошад. Дар илми тибби точик оид ба фоида ва зарари А. маълумоти зиёд мавчуданд. Замонхои пеш А.-ро барои табобати беморихои гуногун (сулфа, куланч, бехоби, исхол, беморихои даруни ва г.) истифода мебурданд. А. чун тарёк хам маълум аст. Истеъмоли мунтазами он боиси нашъаманди мегардад. Худсарона коштан, фурухтан ва истеъмол намудани хашхош конунан манъ аст.
Холо бо усулхои синтези як катор дорухо истехсол карда мешаванд, ки таъсирашон чун А. буда, вале одам ба онхо одат намекунад. Хангоми аз хашхош ва хосилахои он захролуд шудан, налорфин (антиморфин)-ро чун тарёк ё подзахр истифода мебаранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …