Главная / Илм / АФЮН

АФЮН

1396332608_post-2-130АФЮН (юн. ópion – шираи хашхош), моддае, ки аз шираи ғӯзаи хошхош (кӯкнор) ҳосил мекунанд. Маълумоти нахустин оид ба А. ба с-ҳои 300 то м. рост меоянд. А.-ро дар Юнони Қадим истифода мебурданд, хосиятҳои дардбарии он ба Буқрот маълум буд. Минбаъд истифодаи А. дар Ҳиндустон, Хитой расм шуд. Таркиби А. тақр. аз 20 хел алкалоид (морфин, наркотин, кодеин, папаверин ва ғ.) иборат аст. А. аз қадимулайём маълуму машҳур мебошад. Дар илми тибби тоҷик оид ба фоида ва зарари А. маълумоти зиёд мавҷуданд. Замонҳои пеш А.-ро барои табобати бемориҳои гуногун (сулфа, қуланҷ, бехобӣ, исҳол, бемориҳои дарунӣ ва ғ.) истифода мебурданд. А. чун тарёк ҳам маълум аст. Истеъмоли мунтазами он боиси нашъамандӣ мегардад. Худсарона коштан, фурӯхтан ва истеъмол намудани хашхош қонунан манъ аст.
Ҳоло бо усулҳои синтезӣ як қатор доруҳо истеҳсол карда мешаванд, ки таъсирашон чун А. буда, вале одам ба онҳо одат намекунад. Ҳангоми аз хашхош ва ҳосилаҳои он заҳролуд шудан, налорфин (антиморфин)-ро чун тарёк ё подзаҳр истифода мебаранд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …