Главная / Маданият ва санъат / ЗК чи маъно дорад ва аз Даюс чи фарқ дорад?

ЗК чи маъно дорад ва аз Даюс чи фарқ дорад?

Дар байни ҷамъият ва хусусан мардҳои тоҷик як иборае таҳқиркунанда аст ва онро «ЗК» мегӯянд, ки маънояш ЗанКалон мебошад. Яъне калони хона Зан мебошад ва ҳуқуқҳои мард поймол шудаанд.

Агар мардро ЗК ё Занкалон номанд, пас маънояш он аст, ки вай ба гапи занаш гуш карда корро иҷро мекунанд.

Барои чи чунин мешавад?

Одатан ин намуди мардҳо аз сабабҳои зерин ЗК мешаванд:

  1. Тарсончак ҳастанд ва аз ҷисми боҳайбати зани худ метарсанд. Намехоҳанд, ки занашон онҳоро занад ва ё ҷанҷол кунад;
  2. Зан бой аст ва бе ёрии молиявии зан ӯ ҳеҷ кас аст;
  3. Авлоди зан ба мард фишор меоранд ва авлоди мард аз уҳдаи тарафгирӣ нестанд;
  4. Мард танбал аст ва худи у мехоҳад, ки Зан калони хона бошаду бо фармони ӯ ҳама гуш андозанд.

Дар Тоҷикистон оилаи Занкалонҳо на кам аз 5-10% -мебошанд ва шумораашон сол то сол зиёд шуда истодааст ки сабабаш дар демократиякунонии ҷамъият аст.

zk
ЗК -Занкалон чигуфтагеш?

Мутобиқи қонунгузории исломӣ ва фарҳанги Тоҷикистон бояд Занкалонӣ набошад ва онро дар замонҳои қадим Модаршоҳӣ мегуфтанд ва мутаасифона на ҳаммаи мардҳо қобилияти роҳбарӣ доранд ва аз ин лиҳоз мавқеи худро дар оила аз даст медӣҳанду соҳиби лақаби «ЗК»-ро мегиранд.

Бояд гуфт, ки  мафҳуми «ЗК» аз мафҳуми «Даюс» фарқ дорад ва маънояш дар он аст, ки шахси Даюс тамоман нисбати зан уҳдадориҳои ҷинсии худро иҷро карда наметонад ва зани чунин мардҳо бо дилхоҳ мард алоқаи ҷинсӣ мекунанд.  Нигаред аз занҳое ки худро феминист эълон кардаанд ва чунин духтарон дар хориҷа зиёд шуда истодаанд.

Мутаасифона амали даюсона дар ислом ва байни ҷамъият аз тарафи мардум ва хусусан мардҳо бениҳоят маҳкум карда шудааст.

Ба хотири хонаи гарму нармро аз даст надодан мардҳои беғайрат, тарсончак ва мутаҳҳам рози ҳастанд, ки гарчанде онҳоро ЗК ва ё Даюс номанд, ҳам вале сарашонро набардошта гапи занашонро гуш намоянд. Чунин мардҳо ба ҳама гуна таҳқир омода ҳастанд ва шояд агар ҳолати вазнин шавад пас ватану азизони худро ба ду тини пучак фурушанд.

Албата соҳиб будани марди даюс ва ё ЗК барои занҳое, ки худро эҳтиром менамоянд хуш нест ва кадом зане ки чунин мардро соҳиб ҳастанд ин нишонаи паст будани чунин зан аст. Чунин занҳо низ интихоби дигар надоранд ва набудани ҳеҷчиз ба қоилкунии худ бо чунин мардҳо тоқат мекунанд вале ба асаби худ таъсири манфӣ мерасонанд.

Ин ҳар ду ҳолат носолимӣ аст ва бояд баробарии ҳӯқуқу уҳдадории заун мард риоя карда шавад ва ин ҳам дар Ислом қайд карда шудааст ва ба нуқтаи назари адолат мувофиқат кунад.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

Мазори Махдуди Аъзам дар Ҳисор /соли 1547/.

Бинокорӣ ва меъморӣ дар асри XVI

Дар санъати меъмории нимаи аввали асри XVI анъанаҳои аҳди Темурӣ идома дошт. Дар ин аср …