Главная / Илм / ЗАНБӯРУҒҲОИ МИКРОСКОПӣ

ЗАНБӯРУҒҲОИ МИКРОСКОПӣ

zanburughoi-mikroskopiЗАНБӯРУҒҲОИ МИКРОСКОПӣ, як гурӯҳи калони растаниҳои дараҷаи паст. Аксарияти муҳаққиқон бар ин ақидаанд, ки З. м. аз обсабзҳо ба вуҷуд омадаанд, зеро ба онҳо бағоят монанд мебошанд. З. м. олидараҷа (аскомитсетҳо) ва пастдараҷа (мағорҳои мукорӣ) мешаванд. Аксарияти З. м. аз моддаҳои органикии фосидшудаи наботӣ ё ҳайвонӣ ғизо мегиранд, яъне онҳо сапрофит мебошанд. Дигар гурӯҳи З. м. паразит буда, аз растаниҳо, ҳашарот, паррандаҳо, ҳайвонот ва одамони зинда ғизо меёбанд.
З. м. дар гардиши моддаҳо дар табиат нақши муҳим доранд; онҳо мисли бактерияҳо моддаҳои органикиро фосид сохта, боиси пайдоиши порухок мегарданд. З. м. назар ба бактерияҳо аз ҳуҷайраҳои ҳаҷман калон ва сохти мураккаб таркиб ёфтаанд. Андозаи ҳуҷайраҳои З. м. аз чанд то садҳо микрон мешавад; ҳуҷайраҳо лифофа доранд (аз моддаҳои нитрогенӣ иборат аст). Ҷисми ҳуҷайра дорои протоплазма мебошад, ки аз як (аксаран аз чанд) ядро, сафедаҳо, чарб, гликоген, кислотаҳои оксалат, лиму ва ғ., ҳамчунин намак, пигментҳо таркиб ёфтааст. Сохти аксари З. м. асосан якхела аст. Онҳо аз ришта (гиф)-ҳои дарозу кӯтоҳ ва ғафсу борик таркиб ёфтаанд; риштаҳо ба шохчаҳо ҷудо шуда ба ҳам мепечанд ва митселийро ташкил медиҳанд. Агар риштаҳо дар рӯи муҳити ғизоӣ сабзанд, митселийҳои ҳавоиро ба вуҷуд меоваранд. Вале дар бисёр мавридҳо асоси риштаҳо ба даруни моддаи ғизоӣ медарояд ва нумӯ карда, митселияи ғизодеҳро ба вуҷуд меорад (ба воситаи он моддаҳои ғизоӣ ҷаббида мешаванд). Дар аксарияти З. м. риштаҳо тавассути девораҳои арзӣ ба катакчаҳо тақсим мешаванд, яъне митселийи онҳо серҳуҷайра мебошад. Дар баъзе З. м.-и дараҷаи паст (мағорҳо) риштаҳои митселий чунин девора надоранд ва ҳамчун ҳуҷайраи бузурги ягона мебошанд. Занбӯруғҳои хамирмоя (сахаромисетҳо) «хамирмояи ҳақиқӣ» номида мешаванд, зеро онҳо митселий ҳосил намекунанд ва фақат аз ҳуҷайраҳои ҷудогонаи гирдак ё байзашакл иборатанд.
З. м. бо роҳи ғайриҷинсӣ (вегетативӣ), аҳёнан бо роҳи ҷинсӣ меафзоянд. Дар сурати афзоиши ғайриҷинсӣ митселийи серҳуҷайра ба ҳуҷайраҳои алоҳида ҷудо мешавад (ҳар яки онҳо мабдаи тавлиди фарди нав мегардад ё дар шохаҳои махсуси риштаҳо спораҳо ба вуҷуд меоянд); дар нӯги риштаҳои баъзе анвои З. м. спораҳои занҷиршакл пайдо мешаванд. Хамирмояҳо бо роҳи муғҷабандӣ афзоиш мекунанд ва дар ин ҳол аз ҳуҷайраи модарӣ 1 – 2 – 3 ҳуҷайраи духтарӣ ҷудо мешавад; дар шароити муайян хамирмоя бо роҳи тавлиди аскҳо – халтачаҳои спорадор меафзояд. З. м.-и хамирмоямонанд халтача пайдо намекунанд.
Ҳангоми афзоиши ҷинсӣ ду ҳуҷайраи ҷинсӣ (нарина ва модина) ба якдигар васл мешаванд; дар З. м.-и соддатарин дар натиҷаи чунин иттисол ташкилаи курашакл – спорангий (пур аз спора аст) ба вуҷуд меояд. Дар З. м.-и олидараҷа (аскомисетҳо) дар натиҷаи иттисоли ҳуҷайраҳои нарина ва модина халтае пайдо мешавад, ки 2 – 8 спора дорад.
Баъзе З. м. дар хок ва пасмондаҳои мавтшуда месабзанд (сапрофитҳо), сипас ба растанӣ ва ҷонварон гузашта, паразит мешаванд. З м.-и дигар баръакс, баъди дар растанӣ паразитӣ кардан ва онро нобуд сохтан, дар пасмондаҳои мавтшудаи он ҳамчун сапрофит умр ба сар мебаранд. Аксарияти З. м.-и паразит ҳамчун сапрофитҳо ғизо мегиранд (фақат бархе аз онҳо паразити ҳатмианд). Бисёр занбӯруғҳои туфайлӣ бемориҳои гуногуни наботот, ҳайвонот ва одамиро ба миён меоранд. Баъзе навъҳои З. м. сифатҳои муфид доранд ва дар саноату тиб истифода мешаванд.
Се гурӯҳи калони З. м. мавҷуданд: занбӯруғҳои мағор (пӯпанак), хамирмоя (хамирмоямонанд) ва дерматофитҳо ё дерматомисетҳо (паразитҳои пӯсту мӯю нохун).
Занбӯруғҳои мағор дар нон, панир, сабзавоту мева, пасмондаи наботот, хӯроки ҳайвонот, инчунин дар девори намноки биноҳо месабзанд. Онҳо мисли пардаи патноки сабз, зард, хокистарранг ва сиёҳ буда, бӯи хокро доранд. Намнокии зиёд ва ҳарорати баланди ҳаво ба афзоиши босуръати онҳо мадад мерасонад. Дар натиҷа спораҳои зиёд пайдо гашта, тавассути шамол, ҳашарот ва ҳайвонот ба ҷойҳои дур паҳн мешаванд.
Анвои гуногуни занбӯруғҳои ҷинси аспергилл ва пенисилл аз ҳама бештар интишор ёфтаанд. Онҳо асосан дар хок ва растанӣ зиндагӣ мекунанд; дар ҳаво низ мавҷуданд ва бошандаи доимии пӯст ва луобпардаҳои ҳайвоноту инсон мебошанд.
З. м.-и мағор дар саноати хӯрокворӣ ва тиб фаровон истифода мешаванд. Чунончи, парвардаи дар муҳити ғизоӣ сабзондаи баъзе пенисиллҳоро барои тайёр кардани панирҳои «Рокфор» ва «Камамбер» кор мефармоянд. Тариқи ба даст овардани кислотаи лиму ва оксалат (бо роҳи ба қанд таъсир расондани аспергилли сиёҳ) кашф шудааст. Дар мамолики шарқ З. м.-и ҷинси мукор барои истеҳсоли машруботи спиртӣ истифода мешавад.
С. 1872 дерматологи рус А. Г. Полотебнов аввалин шуда барои табобати захми римнок ва захмҳои ҷарроҳӣ мағори сабз (пенисилл)-ро озмуд; терапевти рус В. А. Манассеин дар бобати ба бактерияҳо таъсири ҳалокатовар расонидани пенисилл хабар дод. С. 1929 бактериологи англис А. Флеминг ба кашфиёти аҷоибе ноил гардид. ӯ пай бурд, ки дар яке аз косачаҳои лаборатории Петри, ки парвардаи стафилококк дошт, колонияи сабзи пенисилл рустааст ва колонияи стафилококкҳои назди мағори сабз нобуд шудаанд. Моддаи зиддибактериявии аз мағор ҷудокардаи А. Флеминг пенисиллин номида шуд. Дар ИҶШС пенисиллинро с. 1942 З. В. Ермолева ва Т. И. Балезина ба даст оварданд. Пенисиллинро дар муолиҷаи бемориҳои сироятӣ кор мефармоянд. Дар оянда антибиотикҳои гуногун, аз ҷумла аз парвардаи пенисиллини зардча антибиотики гризеофулвин ҳосил намуданд, ки барои муолиҷаи амрози занбӯруғии пӯст, нохун ва мӯй хеле муфид аст.
Баъзе аз занбӯруғҳои мағор касалиҳои гуногуни зироат, меваю сабзавотро ба вуҷуд меоранд; дигар хели занбӯруғҳо боиси касалии ҳашарот (магас, шапалак, занбӯри асал ва ғ.) мегарданд. Аспергиллҳо ба бемориҳои вазнини нои нафас, ҳавохалта, шуши паррандаҳои даштӣ ва хонагӣ (кабӯтар, қоз, қу, мурғи марҷон ва ғ.) ва ҳалокати онҳо сабаб мешаванд. Занбӯруғҳои мағор дар чорво иллати меъдаю рӯда, дар модаговҳо касалии роҳҳои зоишро ба вуҷуд меоранд, ки боиси исқот (бачапартоӣ) мегардад. Дар одамон бемориҳои занбӯруғии узвҳои гуногун – микозҳо пайдо мешаванд. Мас., баъзе анвои аспергиллҳо (зард, хокистарӣ, сӯзаншакл, сиёҳ ва ғ.) бемориҳои занбӯруғӣ – аспергиллёзи пӯсту луобпардаҳо ва узвҳои дарунро ба вуҷуд меоваранд. Аспергиллёз бештар дар мавриди аз луобпардаи даҳон ва бодомакҳо ба роҳои нафас ворид шудани ангезандаҳо, ҳамчунин дар шахсоне, ки аз беморӣ заиф гаштаанд ё мубталои бемориҳои вазнини шуш – сил, саратон ва ғ. мебошанд, ба вуҷуд меояд. Аспергиллёзи узвҳои дарун дар натиҷаи нодуруст ва муддати мадид ба кор бурдани антибиотикҳо, гормонҳо ва диг. доруҳо низ рӯй медиҳад, чунки дар ин ҳол таносуби мӯътадили микрофлораи одам, вазъи масунияти организм (ниг. Иммунитет) халал меёбад. Ба аспергиллёз аҳёнан ҳамчун бемории касбӣ коргароне, ки ғаллаю орди мағорзадаро интиқол медиҳанд, наддофони пашм, канаб ва ғ. дар натиҷаи нафас кашидани гарди спораолуд гирифтор мешаванд.
Хоса аспергиллёзи пӯсти роҳи берунии сомеа нисбатан бисёр вомехӯрад. Он асосан дар натиҷаи бо гӯгирдчӯб, хас ва диг. чизҳо кофтани гӯш (дар онҳо мумкин аст спораҳои аспергилл бошанд) рӯй медиҳад. Бемории мазкур боиси газак ва хориши сахт гардида, ба садопарда ва баъзан ба гӯши миёна ва дохилӣ мегузарад. Дар натиҷаи чашмро захмдор кардани хасу хошоке, ки бо спораҳои занбӯруғ олуда аст, аспергилл қарнияро дардманд месозад. Реше, ки дар ин маврид пайдо мешавад, мумкин аст шакли музмин гирифта, боиси хадшаи қарния ва кӯрӣ гардад. Аспергиллёзи пӯст хеле кам вомехӯрад ва дар шакли экзема ё қарҳа баъди осебҳои гуногун, ҳангоми кафидан ва харошидани пӯст, риоя накардан ба тозагӣ пайдо мешавад.
Баъзе З. м.-и мағор аз худ заҳри хавфнок ҷудо мекунанд. Бемориҳое, ки онҳо ба вуҷуд меоранд – микотоксикозҳо на ба таъсири ҳалокатбори занбӯруғҳо ба бофтаҳо, балки ба заҳролуд шудан аз маҳсули фаъолияти ҳаётии онҳо (микотоксинҳо) вобаста аст. Гов, асп, хук, паррандаҳо дар чарогоҳ ва ё дар натиҷаи истеъмоли ғаллаю хошок, коҳ ва диг. хӯрокиҳои дар ҷойҳои заҳ нигоҳдоштаву мағорзада заҳролуд мегарданд. Дар тамоми мамолики дунё аз ҳама бештар микотоксикозҳо вомехӯранд. Онҳо аз аспергиллҳои зард, хокистарӣ, сӯзаншакл, хокистарии кабуд, сиёҳ ва диг. З. м., ки мисли сапрофитҳо дар бисёр растаниҳо маскунанд, ба вуҷуд меоянд. С. 1960 дар Англия муромурии саросари чӯҷаҳои мурғи марҷон рӯй дод; дар натиҷаи ба чӯҷаҳо хӯрондани орди арахис, ки бо аспергиллҳои зард олуда буд, 100000 сар парранда нобуд шуд. Аз афшураи ин орд моддае ҷудо карда шуд, ки «афлатоксин» номиданд; ба ғизои чӯҷаҳои мурғобӣ ҳамроҳ кардани миқдори андаки афлатоксин боиси зуд ҳалок шудани онҳо мегардид.
Агар одамон аз ғаллаи мағорзада истифода баранд, ғизоҳои ширӣ ва бо З. м. олударо истеъмол кунанд, ё чангеро, ки спораҳои занбӯруғӣ дорад, нафас гиранд, ба микотоксикозҳо гирифтор мешаванд. Бемории роҳҳои болои нафас боиси сурфаи сахт, хунпартоӣ, дилбеҳузурӣ, қай, дарди сар, таб мегардад. Ҳодисаҳое маълуманд, ки одамони муддати тӯлонӣ бо ғаллаи мағорзада сарукордошта ба таби «ғалладонагӣ», коргарони саноати ресандагӣ ҳангоми нафас кашидани чанги бо спораҳои аспергилл олуда ба таби «наддофон» гирифтор шудаанд.
С-ҳои 1954 – 55 дар Япония муромурии хукҳо мушоҳида шуд, ки дар натиҷаи шолии мағорзадаро хӯрдани онҳо (пенисиллотоксикоз) пайдо шуда буд. Беморие, ки аз асари занбӯруғи мағори фузариум рух медиҳад (фузариотоксикоз), хуб омӯхта шудааст. Беморӣ дар ҳайвонот ва инсон баъди истеъмоли ғаллае, ки зимистон дар саҳро монда, бо З. м.-и фузариум олуда шудааст, инкишоф меёбад. Беморӣ дар одамон ҳамчун ангинаи вазнин ҷараён мегирад, ки бисёр вақт марговар аст. Зуҳуроти асосии беморӣ заъфи тамоми организм, қай, баъзан, рагкашӣ ва ихтилоли ҳаракат мебошад.
Хусусан беморие, ки аз асари стахиботрис ном занбӯруғи мағор ба вуҷуд меояд, қобили таваҷҷӯҳ аст. Он дар хок маскун аст; дар растаниҳои гуногун, ҳамчунин дар коҳ нумӯ мекунад ва боиси заҳролудии саросари аспҳо мегардад. Стахиботриотоксикоз бо захмӣ шудани луобпардаҳои даҳон, ҳалқ, бинӣ, хунравӣ аз бинӣ ва рострӯда, ихтилоли ҳаракат, рагкашӣ зоҳир гардида, бисёр вақт ҳайвонро ҳалок мекунад. Дар байни одамоне, ки ба ғарам кардани коҳи мағорзада ё кашонидани он машғуланд, хуруҷи ин беморӣ мушоҳида шудааст. Он боиси заъфи умумӣ, зуком, реши луобпардаи забон, лунҷ, балъум, дарди сар, сарчархзанӣ, хунравӣ аз бинӣ, хориши пӯст (хусусан дар мавзеи узвҳои ҷинсӣ) мегардад.
Пешгирии бемориҳое, ки аз асари занбӯруғҳои мағор пайдо мешаванд, аз дуруст нигоҳ доштани зироати ғалладона ва ему хошок, хушконидани ғалла, ҳамчунин нест кардан ё мувофиқи мақсад истифода бурдани ему хошок ва хӯроквории мағорзада иборат аст. Ғалла ва ему хошок ҳангоми дар ҷои хушк нигоҳ доштан, агар бо миқдори зиёди спора олуда бошад ҳам, мағор намезанад.
Занбӯруғҳои хамирмоягӣ ва хамирмоямонанд гурӯҳи калонро ташкил медиҳанд. Навъҳои сершумори З. м.-и хамирмоягӣ дар хок ва растаниҳо мавҷуданд. Хамирмояҳои асил барои инсон ва ҳайвон бемориовар нестанд. Хосияти пайвастҳои органикии гуногун (бештар карбогидрат)-ро туршондан ва қандро ба спирт мубаддал кардани бисёр навъи занбӯруғҳои хамирмоягӣ (сахаромисетҳо) аз қадимулайём маълум аст (онҳоро ҳамчун хамиртуруш кор мефармоянд). Сахаромисетҳо дорои сафеда, чарб, карбогидрат, витаминҳо (асосан гурӯҳи В) мебошанд; онҳо ба сифати хӯроки ҳайвонот, инчунин дар саноати тиб ва шир, нонпазӣ, истеҳсоли спирт, глитсерин истифода мешаванд.
З. м.-и хамирмоямонанд низ дар хок ва наботот зиндагӣ мекунанд. Ҳашарот, паррандаҳо, ҳайвонот ва дар қатори онҳо инсон низ ҳомилини баъзе хелҳои занбӯруғи хамирмоягӣ мебошанд. Ин занбӯруғҳо безарар буда, ба луобпардаи даҳон, роҳҳои болои нафас, узвҳои ҳозима ва маҳбали одамони солим роҳ меёбанд. Бисёр ғизоҳо – шир, творог, маска ва қаймоқ мисли меваҷот (хусусан меваҳои ширин) З. м.-и хамирмоямонанд доранд.
Хелҳои гуногуни занбӯруғҳои ҷинси кандида дар шароити муайян барои инсон зиёновар гардида, кандидоз ном бемориро ба вуҷуд меоранд. Занбӯруғҳои кандида ҳангоми суст шудани қувваи дифоии организм, яъне дар мавриди ихтилоли мубодилаи моддаҳо, бахусус карбогидратҳо (ҳангоми диабет), бемориҳои меъдаю рӯда, гиповитаминоз ва ғ. хосияти бемориоварии худро зоҳир мекунанд.
Истеъмоли дарозмуддати антибиотикҳо ва доруҳои гормонӣ дар пайдоиши кандидоз ва ҳамчунин микозҳои мағор роли муҳим мебозанд. Ин доруҳо фаъолияти бактерияҳоеро, ки ба қадри зарурӣ дар рӯда зиндагӣ карда, ба афзоиши занбӯруғҳои кандида монеъ мешаванд, фурӯ менишонанд.
Зуҳуроти кандидоз гуногун аст; беш аз ҳама бемории барфак – яъне дардмандии луобпардаи даҳон (хусусан дар тифлони навзод ва беморони вазнини калонсол) ва иллати пардаи луобии маҳбал вомехӯрад; баъзан шуш, рӯдаҳо, нохунҳо осеб мебинанд. Баъд аз ихтирои антибиотикҳои зидди хамирмоя – нистатин ва леворин дар муолиҷа ва пешгирии бемориҳои З. м.-и хамирмоямонанд натиҷаҳои хуб ба даст омаданд.
Занбӯруғҳои тоифаи криптококк, ки дар хок, бештар дар саргини кабӯтарҳо ва аҳёнан дар луобпардаҳои одамони солим зиндагӣ мекунанд, мутааллиқи ҳамин гурӯҳ мебошанд. Инсон ба бемории криптококкоз кам дучор мешавад. Ин беморӣ ба пардаҳо ва ҷисми мағзи сар таъсир карда, хеле вазнин ҷараён мегирад; ҳоло чунин беморон бо антибиотикҳо бомуваффақият муолиҷа карда мешаванд.
Дерматомисетҳо (дерматофитҳо) ангезандаҳои бемориҳои занбӯруғии пӯст мебошанд. Онҳо гурӯҳи нисбатан хурди З. м.-ро ташкил медиҳанд. Тақрибан ҳамаи дерматомисетҳо туфайли (паразит)-и ғайришартӣ маҳсуб меёбанд. Фақат як намуди онҳо – микроспориуми гаҷмонанд дар хок зиндагӣ карда, баъзан пӯст, мӯй ва нохуни инсонро иллатӣ месозад. Дерматомисетҳо аз ҷиҳати бемориоварӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: як гурӯҳи онҳо фақат дар бадани инсон, гурӯҳи дигар асосан дар тани ҳайвонот паразитӣ мекунад (аз ин гуна ҳайвонот одамон сироят ёфта метавонанд). Ба гурӯҳи аввал инҳо дохил мешаванд: трихофитони бунафш (ин ном ба ранги бунафши колонияе, ки дар муҳити ғизоии сунъӣ парвариш ёфтааст, вобастагӣ дорад) – ангезандаи асосии трихофития; ахориони Шенлейн – ангезандаи ҷараб (калӣ); микроспоруми занга – тавлидкунандаи микроспорияи сатҳӣ; занбӯруғҳо – ангезандаҳои микози панҷаи по. Аз ин дерматомисетҳо ҳангоми тамос бо бемор ё аз чизу чораи бо пулакчаҳои пӯсту резаи нохун ва мӯйрезаҳо олудашуда, ки риштаи миселий ва спораи занбӯруғ доранд, сироят ёфтан мумкин аст. Бештар кӯдакон бемор мешаванд.
Гурӯҳи дуюмро трихофитони гаҷмонанд (ангезандаи трихофитияи мушу калламушҳо), трихофитони озахсор (ангезандаи трихофитияи аксар модагову гӯсолаҳо) ва микроспоруми пахмоқ (ангезандаи микроспорияи гурбаву сагҳо, ки ҳомилини асосии ин занбӯруғҳо мебошанд) ташкил медиҳанд. Сироят дар вақти тамос бо ҳайвони касал ё чизу чораи ба пашми вай олуда рух менамояд. Баъзе дерматомисетҳо дар пӯсти тана ва дасту пой доначаҳои аллергиро (ниг. Аллергия) ба вуҷуд меоранд, ки гоҳо боиси бад гаштани аҳвол, таб ва дарди сар мешаванд. Занбӯруғҳо ба фаршу деворҳои хона ва асбобу анҷоми рӯзгор бо пулакчаҳои пӯст, нохун, мӯйрезаҳои инсон ва пашми ҳайвони касал меафтанд. Оид ба пешгирии бемориҳои аз асари дерматомисетҳо пайдошуда ниг. Микроспория, Ҷараб, Трихофития, Микози панҷаи по, Эпидермофитияи қадкашак.
Гурӯҳи махсусро занбӯруғҳои ҷинси споротрихум (ангезандаи споротрихоз) ва гормодендрум (ангезандаи хромомикоз) ташкил медиҳанд; онҳо решҳои тагдор ва бардавоми пӯст ва чарби зери пӯстро ба вуҷуд меоранд. Занбӯруғҳои споротрихум ва гормодендрум дар табиат хеле паҳн шудаанд. Онҳо дар хок ва наботот маскун буда, нисбатан кам паразитӣ мекунанд (сапрофит мебошанд). Ба споротрихоз одам, инчунин асп, саг ва калламушҳо, ба хромомикоз бошад, фақат одам (аксар вақт ҳангоми ба пӯст халидани хору хас) гирифтор мешаванд. Аз ин рӯ, ҳарду беморӣ бештар дар сокинони деҳот ба мушоҳида мерасад; маъмулан дасту пой, нохунҳо ва чеҳра осеб мебинад.
Ад.: Ибрагимов Ф.И., Грибковые заболевания, Ташкент, 1971; Зоиров П.Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П. Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …