Главная / Илм / ЗАНБуРУГХОИ МИКРОСКОПи

ЗАНБуРУГХОИ МИКРОСКОПи

zanburughoi-mikroskopiЗАНБуРУГХОИ МИКРОСКОПи, як гурухи калони растанихои дарачаи паст. Аксарияти мухаккикон бар ин акидаанд, ки З. м. аз обсабзхо ба вучуд омадаанд, зеро ба онхо багоят монанд мебошанд. З. м. олидарача (аскомитсетхо) ва пастдарача (магорхои мукори) мешаванд. Аксарияти З. м. аз моддахои органикии фосидшудаи наботи ё хайвони гизо мегиранд, яъне онхо сапрофит мебошанд. Дигар гурухи З. м. паразит буда, аз растанихо, хашарот, паррандахо, хайвонот ва одамони зинда гизо меёбанд.
З. м. дар гардиши моддахо дар табиат накши мухим доранд; онхо мисли бактерияхо моддахои органикиро фосид сохта, боиси пайдоиши порухок мегарданд. З. м. назар ба бактерияхо аз хучайрахои хачман калон ва сохти мураккаб таркиб ёфтаанд. Андозаи хучайрахои З. м. аз чанд то садхо микрон мешавад; хучайрахо лифофа доранд (аз моддахои нитрогени иборат аст). Чисми хучайра дорои протоплазма мебошад, ки аз як (аксаран аз чанд) ядро, сафедахо, чарб, гликоген, кислотахои оксалат, лиму ва г., хамчунин намак, пигментхо таркиб ёфтааст. Сохти аксари З. м. асосан якхела аст. Онхо аз ришта (гиф)-хои дарозу кутох ва гафсу борик таркиб ёфтаанд; риштахо ба шохчахо чудо шуда ба хам мепечанд ва митселийро ташкил медиханд. Агар риштахо дар руи мухити гизои сабзанд, митселийхои хавоиро ба вучуд меоваранд. Вале дар бисёр мавридхо асоси риштахо ба даруни моддаи гизои медарояд ва нуму карда, митселияи гизодехро ба вучуд меорад (ба воситаи он моддахои гизои чаббида мешаванд). Дар аксарияти З. м. риштахо тавассути деворахои арзи ба катакчахо таксим мешаванд, яъне митселийи онхо серхучайра мебошад. Дар баъзе З. м.-и дарачаи паст (магорхо) риштахои митселий чунин девора надоранд ва хамчун хучайраи бузурги ягона мебошанд. Занбуругхои хамирмоя (сахаромисетхо) «хамирмояи хакики» номида мешаванд, зеро онхо митселий хосил намекунанд ва факат аз хучайрахои чудогонаи гирдак ё байзашакл иборатанд.
З. м. бо рохи гайричинси (вегетативи), ахёнан бо рохи чинси меафзоянд. Дар сурати афзоиши гайричинси митселийи серхучайра ба хучайрахои алохида чудо мешавад (хар яки онхо мабдаи тавлиди фарди нав мегардад ё дар шохахои махсуси риштахо спорахо ба вучуд меоянд); дар нуги риштахои баъзе анвои З. м. спорахои занчиршакл пайдо мешаванд. Хамирмояхо бо рохи мугчабанди афзоиш мекунанд ва дар ин хол аз хучайраи модари 1 – 2 – 3 хучайраи духтари чудо мешавад; дар шароити муайян хамирмоя бо рохи тавлиди аскхо – халтачахои спорадор меафзояд. З. м.-и хамирмоямонанд халтача пайдо намекунанд.
Хангоми афзоиши чинси ду хучайраи чинси (нарина ва модина) ба якдигар васл мешаванд; дар З. м.-и соддатарин дар натичаи чунин иттисол ташкилаи курашакл – спорангий (пур аз спора аст) ба вучуд меояд. Дар З. м.-и олидарача (аскомисетхо) дар натичаи иттисоли хучайрахои нарина ва модина халтае пайдо мешавад, ки 2 – 8 спора дорад.
Баъзе З. м. дар хок ва пасмондахои мавтшуда месабзанд (сапрофитхо), сипас ба растани ва чонварон гузашта, паразит мешаванд. З м.-и дигар баръакс, баъди дар растани паразити кардан ва онро нобуд сохтан, дар пасмондахои мавтшудаи он хамчун сапрофит умр ба сар мебаранд. Аксарияти З. м.-и паразит хамчун сапрофитхо гизо мегиранд (факат бархе аз онхо паразити хатмианд). Бисёр занбуругхои туфайли беморихои гуногуни наботот, хайвонот ва одамиро ба миён меоранд. Баъзе навъхои З. м. сифатхои муфид доранд ва дар саноату тиб истифода мешаванд.
Се гурухи калони З. м. мавчуданд: занбуругхои магор (пупанак), хамирмоя (хамирмоямонанд) ва дерматофитхо ё дерматомисетхо (паразитхои пусту мую нохун).
Занбуругхои магор дар нон, панир, сабзавоту мева, пасмондаи наботот, хуроки хайвонот, инчунин дар девори намноки бинохо месабзанд. Онхо мисли пардаи патноки сабз, зард, хокистарранг ва сиёх буда, буи хокро доранд. Намнокии зиёд ва харорати баланди хаво ба афзоиши босуръати онхо мадад мерасонад. Дар натича спорахои зиёд пайдо гашта, тавассути шамол, хашарот ва хайвонот ба чойхои дур пахн мешаванд.
Анвои гуногуни занбуругхои чинси аспергилл ва пенисилл аз хама бештар интишор ёфтаанд. Онхо асосан дар хок ва растани зиндаги мекунанд; дар хаво низ мавчуданд ва бошандаи доимии пуст ва луобпардахои хайвоноту инсон мебошанд.
З. м.-и магор дар саноати хуроквори ва тиб фаровон истифода мешаванд. Чунончи, парвардаи дар мухити гизои сабзондаи баъзе пенисиллхоро барои тайёр кардани панирхои «Рокфор» ва «Камамбер» кор мефармоянд. Тарики ба даст овардани кислотаи лиму ва оксалат (бо рохи ба канд таъсир расондани аспергилли сиёх) кашф шудааст. Дар мамолики шарк З. м.-и чинси мукор барои истехсоли машруботи спирти истифода мешавад.
С. 1872 дерматологи рус А. Г. Полотебнов аввалин шуда барои табобати захми римнок ва захмхои чаррохи магори сабз (пенисилл)-ро озмуд; терапевти рус В. А. Манассеин дар бобати ба бактерияхо таъсири халокатовар расонидани пенисилл хабар дод. С. 1929 бактериологи англис А. Флеминг ба кашфиёти ачоибе ноил гардид. у пай бурд, ки дар яке аз косачахои лаборатории Петри, ки парвардаи стафилококк дошт, колонияи сабзи пенисилл рустааст ва колонияи стафилококкхои назди магори сабз нобуд шудаанд. Моддаи зиддибактериявии аз магор чудокардаи А. Флеминг пенисиллин номида шуд. Дар ИЧШС пенисиллинро с. 1942 З. В. Ермолева ва Т. И. Балезина ба даст оварданд. Пенисиллинро дар муоличаи беморихои сирояти кор мефармоянд. Дар оянда антибиотикхои гуногун, аз чумла аз парвардаи пенисиллини зардча антибиотики гризеофулвин хосил намуданд, ки барои муоличаи амрози занбуругии пуст, нохун ва муй хеле муфид аст.
Баъзе аз занбуругхои магор касалихои гуногуни зироат, меваю сабзавотро ба вучуд меоранд; дигар хели занбуругхо боиси касалии хашарот (магас, шапалак, занбури асал ва г.) мегарданд. Аспергиллхо ба беморихои вазнини нои нафас, хавохалта, шуши паррандахои дашти ва хонаги (кабутар, коз, ку, мурги марчон ва г.) ва халокати онхо сабаб мешаванд. Занбуругхои магор дар чорво иллати меъдаю руда, дар модаговхо касалии роххои зоишро ба вучуд меоранд, ки боиси искот (бачапартои) мегардад. Дар одамон беморихои занбуругии узвхои гуногун – микозхо пайдо мешаванд. Мас., баъзе анвои аспергиллхо (зард, хокистари, сузаншакл, сиёх ва г.) беморихои занбуруги – аспергиллёзи пусту луобпардахо ва узвхои дарунро ба вучуд меоваранд. Аспергиллёз бештар дар мавриди аз луобпардаи дахон ва бодомакхо ба рохои нафас ворид шудани ангезандахо, хамчунин дар шахсоне, ки аз бемори заиф гаштаанд ё мубталои беморихои вазнини шуш – сил, саратон ва г. мебошанд, ба вучуд меояд. Аспергиллёзи узвхои дарун дар натичаи нодуруст ва муддати мадид ба кор бурдани антибиотикхо, гормонхо ва диг. дорухо низ руй медихад, чунки дар ин хол таносуби муътадили микрофлораи одам, вазъи масунияти организм (ниг. Иммунитет) халал меёбад. Ба аспергиллёз ахёнан хамчун бемории касби коргароне, ки галлаю орди магорзадаро интикол медиханд, наддофони пашм, канаб ва г. дар натичаи нафас кашидани гарди спораолуд гирифтор мешаванд.
Хоса аспергиллёзи пусти рохи берунии сомеа нисбатан бисёр вомехурад. Он асосан дар натичаи бо гугирдчуб, хас ва диг. чизхо кофтани гуш (дар онхо мумкин аст спорахои аспергилл бошанд) руй медихад. Бемории мазкур боиси газак ва хориши сахт гардида, ба садопарда ва баъзан ба гуши миёна ва дохили мегузарад. Дар натичаи чашмро захмдор кардани хасу хошоке, ки бо спорахои занбуруг олуда аст, аспергилл карнияро дардманд месозад. Реше, ки дар ин маврид пайдо мешавад, мумкин аст шакли музмин гирифта, боиси хадшаи карния ва кури гардад. Аспергиллёзи пуст хеле кам вомехурад ва дар шакли экзема ё карха баъди осебхои гуногун, хангоми кафидан ва харошидани пуст, риоя накардан ба тозаги пайдо мешавад.
Баъзе З. м.-и магор аз худ захри хавфнок чудо мекунанд. Беморихое, ки онхо ба вучуд меоранд – микотоксикозхо на ба таъсири халокатбори занбуругхо ба бофтахо, балки ба захролуд шудан аз махсули фаъолияти хаётии онхо (микотоксинхо) вобаста аст. Гов, асп, хук, паррандахо дар чарогох ва ё дар натичаи истеъмоли галлаю хошок, кох ва диг. хурокихои дар чойхои зах нигохдоштаву магорзада захролуд мегарданд. Дар тамоми мамолики дунё аз хама бештар микотоксикозхо вомехуранд. Онхо аз аспергиллхои зард, хокистари, сузаншакл, хокистарии кабуд, сиёх ва диг. З. м., ки мисли сапрофитхо дар бисёр растанихо маскунанд, ба вучуд меоянд. С. 1960 дар Англия муромурии саросари чучахои мурги марчон руй дод; дар натичаи ба чучахо хурондани орди арахис, ки бо аспергиллхои зард олуда буд, 100000 сар парранда нобуд шуд. Аз афшураи ин орд моддае чудо карда шуд, ки «афлатоксин» номиданд; ба гизои чучахои мургоби хамрох кардани микдори андаки афлатоксин боиси зуд халок шудани онхо мегардид.
Агар одамон аз галлаи магорзада истифода баранд, гизохои шири ва бо З. м. олударо истеъмол кунанд, ё чангеро, ки спорахои занбуруги дорад, нафас гиранд, ба микотоксикозхо гирифтор мешаванд. Бемории роххои болои нафас боиси сурфаи сахт, хунпартои, дилбехузури, кай, дарди сар, таб мегардад. Ходисахое маълуманд, ки одамони муддати тулони бо галлаи магорзада сарукордошта ба таби «галладонаги», коргарони саноати ресандаги хангоми нафас кашидани чанги бо спорахои аспергилл олуда ба таби «наддофон» гирифтор шудаанд.
С-хои 1954 – 55 дар Япония муромурии хукхо мушохида шуд, ки дар натичаи шолии магорзадаро хурдани онхо (пенисиллотоксикоз) пайдо шуда буд. Беморие, ки аз асари занбуруги магори фузариум рух медихад (фузариотоксикоз), хуб омухта шудааст. Бемори дар хайвонот ва инсон баъди истеъмоли галлае, ки зимистон дар сахро монда, бо З. м.-и фузариум олуда шудааст, инкишоф меёбад. Бемори дар одамон хамчун ангинаи вазнин чараён мегирад, ки бисёр вакт марговар аст. Зухуроти асосии бемори заъфи тамоми организм, кай, баъзан, рагкаши ва ихтилоли харакат мебошад.
Хусусан беморие, ки аз асари стахиботрис ном занбуруги магор ба вучуд меояд, кобили таваччух аст. Он дар хок маскун аст; дар растанихои гуногун, хамчунин дар кох нуму мекунад ва боиси захролудии саросари аспхо мегардад. Стахиботриотоксикоз бо захми шудани луобпардахои дахон, халк, бини, хунрави аз бини ва роструда, ихтилоли харакат, рагкаши зохир гардида, бисёр вакт хайвонро халок мекунад. Дар байни одамоне, ки ба гарам кардани кохи магорзада ё кашонидани он машгуланд, хуручи ин бемори мушохида шудааст. Он боиси заъфи умуми, зуком, реши луобпардаи забон, лунч, балъум, дарди сар, сарчархзани, хунрави аз бини, хориши пуст (хусусан дар мавзеи узвхои чинси) мегардад.
Пешгирии беморихое, ки аз асари занбуругхои магор пайдо мешаванд, аз дуруст нигох доштани зироати галладона ва ему хошок, хушконидани галла, хамчунин нест кардан ё мувофики максад истифода бурдани ему хошок ва хуроквории магорзада иборат аст. Галла ва ему хошок хангоми дар чои хушк нигох доштан, агар бо микдори зиёди спора олуда бошад хам, магор намезанад.
Занбуругхои хамирмояги ва хамирмоямонанд гурухи калонро ташкил медиханд. Навъхои сершумори З. м.-и хамирмояги дар хок ва растанихо мавчуданд. Хамирмояхои асил барои инсон ва хайвон бемориовар нестанд. Хосияти пайвастхои органикии гуногун (бештар карбогидрат)-ро туршондан ва кандро ба спирт мубаддал кардани бисёр навъи занбуругхои хамирмояги (сахаромисетхо) аз кадимулайём маълум аст (онхоро хамчун хамиртуруш кор мефармоянд). Сахаромисетхо дорои сафеда, чарб, карбогидрат, витаминхо (асосан гурухи В) мебошанд; онхо ба сифати хуроки хайвонот, инчунин дар саноати тиб ва шир, нонпази, истехсоли спирт, глитсерин истифода мешаванд.
З. м.-и хамирмоямонанд низ дар хок ва наботот зиндаги мекунанд. Хашарот, паррандахо, хайвонот ва дар катори онхо инсон низ хомилини баъзе хелхои занбуруги хамирмояги мебошанд. Ин занбуругхо безарар буда, ба луобпардаи дахон, роххои болои нафас, узвхои хозима ва махбали одамони солим рох меёбанд. Бисёр гизохо – шир, творог, маска ва каймок мисли мевачот (хусусан мевахои ширин) З. м.-и хамирмоямонанд доранд.
Хелхои гуногуни занбуругхои чинси кандида дар шароити муайян барои инсон зиёновар гардида, кандидоз ном бемориро ба вучуд меоранд. Занбуругхои кандида хангоми суст шудани кувваи дифоии организм, яъне дар мавриди ихтилоли мубодилаи моддахо, бахусус карбогидратхо (хангоми диабет), беморихои меъдаю руда, гиповитаминоз ва г. хосияти бемориоварии худро зохир мекунанд.
Истеъмоли дарозмуддати антибиотикхо ва дорухои гормони дар пайдоиши кандидоз ва хамчунин микозхои магор роли мухим мебозанд. Ин дорухо фаъолияти бактерияхоеро, ки ба кадри зарури дар руда зиндаги карда, ба афзоиши занбуругхои кандида монеъ мешаванд, фуру менишонанд.
Зухуроти кандидоз гуногун аст; беш аз хама бемории барфак – яъне дардмандии луобпардаи дахон (хусусан дар тифлони навзод ва беморони вазнини калонсол) ва иллати пардаи луобии махбал вомехурад; баъзан шуш, рудахо, нохунхо осеб мебинанд. Баъд аз ихтирои антибиотикхои зидди хамирмоя – нистатин ва леворин дар муолича ва пешгирии беморихои З. м.-и хамирмоямонанд натичахои хуб ба даст омаданд.
Занбуругхои тоифаи криптококк, ки дар хок, бештар дар саргини кабутархо ва ахёнан дар луобпардахои одамони солим зиндаги мекунанд, мутааллики хамин гурух мебошанд. Инсон ба бемории криптококкоз кам дучор мешавад. Ин бемори ба пардахо ва чисми магзи сар таъсир карда, хеле вазнин чараён мегирад; холо чунин беморон бо антибиотикхо бомуваффакият муолича карда мешаванд.
Дерматомисетхо (дерматофитхо) ангезандахои беморихои занбуругии пуст мебошанд. Онхо гурухи нисбатан хурди З. м.-ро ташкил медиханд. Такрибан хамаи дерматомисетхо туфайли (паразит)-и гайришарти махсуб меёбанд. Факат як намуди онхо – микроспориуми гачмонанд дар хок зиндаги карда, баъзан пуст, муй ва нохуни инсонро иллати месозад. Дерматомисетхо аз чихати бемориовари ба ду гурух чудо мешаванд: як гурухи онхо факат дар бадани инсон, гурухи дигар асосан дар тани хайвонот паразити мекунад (аз ин гуна хайвонот одамон сироят ёфта метавонанд). Ба гурухи аввал инхо дохил мешаванд: трихофитони бунафш (ин ном ба ранги бунафши колонияе, ки дар мухити гизоии сунъи парвариш ёфтааст, вобастаги дорад) – ангезандаи асосии трихофития; ахориони Шенлейн – ангезандаи чараб (кали); микроспоруми занга – тавлидкунандаи микроспорияи сатхи; занбуругхо – ангезандахои микози панчаи по. Аз ин дерматомисетхо хангоми тамос бо бемор ё аз чизу чораи бо пулакчахои пусту резаи нохун ва муйрезахо олудашуда, ки риштаи миселий ва спораи занбуруг доранд, сироят ёфтан мумкин аст. Бештар кудакон бемор мешаванд.
Гурухи дуюмро трихофитони гачмонанд (ангезандаи трихофитияи мушу калламушхо), трихофитони озахсор (ангезандаи трихофитияи аксар модагову гусолахо) ва микроспоруми пахмок (ангезандаи микроспорияи гурбаву сагхо, ки хомилини асосии ин занбуругхо мебошанд) ташкил медиханд. Сироят дар вакти тамос бо хайвони касал ё чизу чораи ба пашми вай олуда рух менамояд. Баъзе дерматомисетхо дар пусти тана ва дасту пой доначахои аллергиро (ниг. Аллергия) ба вучуд меоранд, ки гохо боиси бад гаштани ахвол, таб ва дарди сар мешаванд. Занбуругхо ба фаршу деворхои хона ва асбобу анчоми рузгор бо пулакчахои пуст, нохун, муйрезахои инсон ва пашми хайвони касал меафтанд. Оид ба пешгирии беморихои аз асари дерматомисетхо пайдошуда ниг. Микроспория, Чараб, Трихофития, Микози панчаи по, Эпидермофитияи кадкашак.
Гурухи махсусро занбуругхои чинси споротрихум (ангезандаи споротрихоз) ва гормодендрум (ангезандаи хромомикоз) ташкил медиханд; онхо решхои тагдор ва бардавоми пуст ва чарби зери пустро ба вучуд меоранд. Занбуругхои споротрихум ва гормодендрум дар табиат хеле пахн шудаанд. Онхо дар хок ва наботот маскун буда, нисбатан кам паразити мекунанд (сапрофит мебошанд). Ба споротрихоз одам, инчунин асп, саг ва калламушхо, ба хромомикоз бошад, факат одам (аксар вакт хангоми ба пуст халидани хору хас) гирифтор мешаванд. Аз ин ру, харду бемори бештар дар сокинони дехот ба мушохида мерасад; маъмулан дасту пой, нохунхо ва чехра осеб мебинад.
Ад.: Ибрагимов Ф.И., Грибковые заболевания, Ташкент, 1971; Зоиров П.Т., Беморихои пуст, Д., 1999; Хамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Хамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.

П. Т. Зоиров.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …