Главная / Маданият ва санъат / Намуди Хўришҳо ва тарзи таёр кардани онҳо

Намуди Хўришҳо ва тарзи таёр кардани онҳо

Хўриш (Салат ба руссӣ) аз як ва ё чанд намуди сабзавоти тару тоза тайёр мешавад. Дар тайёр кардани хуришҳои омехта баробари сабзавоти тару тоза сабзавоти пухта гўшту тухми обҷӯш, ё чакка, нахӯди сабз (мушушч) ва ғайра истифода мешавад.

Сабзавоти обпазшуда барои тайёр намудани хуриш зарур аст, ки бо пӯсташ пухта ва алоҳида-алоҳида реза карда, баъд бо дигар маснуот омехтан лозим аст. Дар акси ҳол хуриш зуд турш мешавад. Барои тайёр кардани хуриши омехта дар шакли чоркунҷаҳои ҳаҷмаш 1 см ва тилимчаҳои ҳаминхела пора карда мешавад. Барои хуштаъм шудани хуриш мувофиқи табъ ба онҳо намак мурч, қаламфури тунд ва дорувориҳо мерезанд.

Хуриш

Хуришҳои сабзавоти тару тозаро андаке пеш аз истеъмол бояд тайёр кард. Одатан хўришҳоро бо ҳар хел кабудию помидору бодиринги гуногуншакл бурида оро медиҳанд.

Дар таомпазиву хуриш дорувории гуногун истифода мешавад. Миқдори муайяни дорувор хуриш ва таомро болаззату хушбӯй ва хуштаъм мекунад. Адвиёт барои хӯришу таом инҳоанд: намаки ошӣ мурчу қаламфур, сирко барги дарахти ғор (лавровый лист) зира, зирк, аз кабудиҳо, кашнич, пиёзи кабуд, шибит (укроп) пудина, наъно ва ғайра.

Пеш аз сар кардани кор бояд ба истифодаи косаю табақҳо аҳамияти калон диҳед ва дар вақти иҷрои кори амалӣ бояд ба қоидаҳои техникаи бехатарии кор бо корд ва асбобҳои тез, инчунин ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ аҳамият диҳед.

Косаву табақ ва дигар зарфҳои барои тайёр кардани хӯриш ва пухтану истеъмоли хӯрок истифодашударо дарҳол бояд шуст. Ҳангоми шустушӯй аввал пиёлаю чойник, табақчаҳои хӯришгир (салатдон) ва баъд зарфҳои равғаниро шустан матлуб аст. Зарфҳои широлуд ва моҳилолудро пеш аз шустан бо оби хунук обгардон кардан лозим аст.

Зарф, кастрюл ё дегҳои тагашон гирифтаро бо оби гарм тар карда, муддате нигоҳ дошта, баъдтар шуста мешаванд. Зарфҳои харошидашударо барои тайёр кардани хӯриш набояд истифода бурд.

Зарфу чинивории ошхонаро бо оби гарм бо соддаи хӯрокӣ, хардал (горчиса) намаки майда, сирко ё маҳсулотҳо махсуси «Рахш», «Фери», «Дау» (дей) шустан мумкин аст. Дар натиҷаи истифодаи воситаҳои шустушӯӣ косаю табақ покизаву ва ҷилодор ва корҳои шустушӯ осон мегардад. Пас аз шустан нағз обгардон карда, зарфҳоро хушк бояд кард.

Хуришҳо (Салат)

Хӯришҳоро таоми хунук меноманд. Он аз як ё якчанд намуди сабзавот бо ҳамроҳии майонез, қаймоқ ё равғани растанӣ омода мешавад. Хўриши сабзавотӣ на ҳамчун таоми мустақил, балки чун гарнири таомҳои гӯштӣ, моҳӣ ва дар таоми дуюм дода мешавад.

Хуриши сабзавот аз углевод, модаҳои минералӣ ва витаминҳо бой мебошад. Агар ба он хуриш тухм, гӯшт ё моҳӣ ҳамроҳ кунем, он гоҳ қиммати ғизоӣ ва фоидавоварии он зиёд мешавад. Бисёр вақт хуришҳоро пеш аз таом медиҳанд. Онҳо иштиҳоро баланд ва ҳазмкунии таомро тез мекунанд. Ба ороиши он бисёр диққат додан лозим аст.

Дар вақти додани хуриш ба рӯи миз аввал махсус хуришандозак мегузоранд. Барои ҳар як кас табақчаи хўришхӯрӣ медиҳанд ва аз тарафи рости он чангак мегузоранд, боз бо он асбоби махсуси бо адвиёт пуркардашударо медиҳанд. Шумо медонед, ки қариб ҳама таомҳоро бо нон мехӯранд. Бинобар он буридани нонро ёд гиред.

Қоидаҳои умумии тайёр кардани хуриш мавҷуданд. ҳамаи маҳсулот бояд аз коркарди аввала гузарад. Баъзеашонро бояд аз коркарди гармӣ гузаронид. Сабзавоти хомро аввал мешӯянд, баъд меҷӯшонанд.

Якчанд намуди хўришҳоро дида мебароем. Хӯришҳоро дар ошхонаи миллӣ торафт бисёр истифода мебаранд. Онҳо асосан ба субҳона (пагоҳи), нисфирӯзӣ, шом ҳамчун таоми мустақил ва ё ба таоми 2-юм дода мешавад. Сабзавоти тару тоза ба рӯи миз дар шакли хом ҳам дода мешавад.

Миқдори ҳаҷми таомҳои хунук ва хӯришҳо на он қадар зиёд бошанд. Миқдори он асосан барои як кас 150 г мебошад. Дар вақти тартиб додани таомнома (меню) барои субҳона, пешин, шом албатта фасли солро ба назар гирифтан лозим аст, ки дар фасл кадом сабзавот ё масолеҳ ҳаст. Интихоби масолеҳи хуриши хунук бояд мувофиққи

сабзавоти ба ассортиментҳои асосии таом, салатҳо аз сабзавот тайёр карда шавад. Хуриш аз як намуди хом реза кардашуда ва ё якчанд намуди сабзавот бо ҳамроҳ кардани тухм, гӯшти пухтагӣ масолеҳ паранда, моҳӣ, панир ва ҳар хел ҳасибҳо омода кардан мумкин аст.

Хўришро албатта пеш аз истеъмол тайёр мекунанд. Агар онро камтар зиёдтар нигоҳ доред, ғизогии фоидаоварашон паст мешавад ва намудашро гум мекунад. Унсурҳои асосии тайёр кардани хўришҳо коркарди аввали сабзавот, пора кардан ва ороиш аст. Онҳо намуди зебо дошта ва мизро ороиш доданаш лозим аст. Таоми хунук ва хуришҳоро ба табақи муддаввар ё дарозрӯя, хўришдон ё косаҳо мекашанд.

Хуриш аз бодирингу помидор

Миқдори масолеҳ: Ба 4-5 дона помидор, 3 дона бодиринг, 1 бандча пиёзи кабуд, мувофиқи табъ намаку мурч лозим аст.

Тартиби иҷрои кор:

Помидору бодирингро шуста, ҳалқа-ҳалқа ё секунҷа реза мекунанд, баъд пиёзи кабуд ва намку мурч андохта меомезанд. Хўриши тайёрро ба хўришдон ё табақчаҳо андохта ба рӯяш кабудӣ мепошанд.

Ба хўриш сиркои ошӣ, ҷурғот қаймоқ, низ андохтан мумкин. Агар пиёзи кабуд набошад, ба хўриш бехпиёзро реза карда меандозанд.

Хуриш аз сабзавоти тару тоза бо себ.

Таҷҳизот: тахтача, корд, табақ барои якҷоя кардани хуриш, табақчаҳои хуришгир, чангак, турбтарош ва зарфҳо.

Миқдори масолеҳ бо грамм.

1.Себ – 42г.

2.Карам – 83г.

3.Сабзӣ – 90г.

4.Нахӯди сабз – 25г.

5.Сирпиёз – 20г.

  1. Қаймоқ ё майонез – 20г.
  2. Шакар – 10г.
  3. Кабудӣ ҳамагӣ – 300г (барои 1 нафар).

Технологияи тайёр кардан.

Пӯсти сабзиро гирифта, аз турбтароши сӯрохаш майда гузаронед ё себро аз донаҳояш ҷудо карда, аз турбтароши сӯрохаш калон гузаронед ва ё наргис реза кунед. Карамро майда ва маҳин реза намуда, бо он нахӯдӣ сабзро, сирпиёз бо корд майда реза карда, ба болои он шакар, баъд қаймоқро андохта, омехта куни хуриши тайёршударо ба рӯяш кабудии резакардаро пошида ба дастархон медиҳанд.

Салати «Тоҷикистон»

Таҷҳизот: тахтача, корд, табақ барои якҷоя кардани хуриш, табақчаҳои хуришгир, чангак, турбтарош ва зарфҳо.

Миқдори масолеҳ бо г.

  1. Забон ё гӯшти гӯсфанд – 84г.
  2. Картошка – 74г.
  3. Пиёзи анзури паронида – 73г.
  4. Нахӯди кабуд – 46г.
  5. Сабзӣ – 19г.
  6. Тухм – 1 дона.
  7. Лимӯ – 1/10.
  8. Бодиринги очоронида – 26г.
  9. Майонез – 30г. ҳамагӣ – 300г.

Эзоҳ: майонезро бо қаймоқ низ иваз кардан мумкин аст.

Технологияи тайёр кардан:

Забон ё гӯшти дар об пухтаро дар шакли кубик реза кунед. Пиёзи анзурро наргисӣ кунед. Картошка, сабзӣ бодаринги очоронида пухтагиро кубикшакл реза карда, ҳамаашро омехта намуда нахӯди андохта, ба болояш майонез рехта, омехта, мекунанд. Дар вақти ба рӯи миз додан ба хўришдон ё коса баландӣ карда даршакли конус меандозанд ва бо сабзии пухтагӣ бо шакли дилхоҳ ороиш дода, қаймоқро андохта, тухмро майда реза карда, бодиринг реза карда, лимӯро ҳалқашакл реза карда, кабудӣ (кашнич)-ро реза карда, ба рӯяш мепошанд. Бо барги кашнич ороиш додан мумкин аст.

Маслиҳати кадбону

Тухм – қимматҳои масолеҳи таоми мебошад. Дар таркиби он қариб ҳамаи моддаҳои зарури мавҷуд аст.

Ҳамаи тухмро як вақт ба сеткаи метали гузошта ба кастрюли обаш ҷўшида гузоред агар тухмро нимдунбул 2-4 дона пухтани бошед ва агар сахт пухтани шавед 8-10 дақиқа дар об ҷўшонед. Тухми дар яхдон нигоҳдошташударо намегузоранд чунки он кафиданаш мумкин аст. Агар пўсти тухм кафида бошад, он гоҳ дар онро оби шўр мепазанд.

Баъд аз пухтан тухмро ба оби хунук меандозанд, то ин ки пўсташро тез тоза кунанд ва ранги зардии тухм нигоҳ дошта шавад. Тухми пухта дар вақти давр занондан бисёр давр мезанад, тухми хом бошад 1-2 давр мезананду халос.

Хўриши венегрети «наврӯзӣ»

Таҷҳизот ва асбобҳо: дег, ду сатилча, тахтача барои сабзавот, корд, қошуқ, хўришдон, зарфҳои алоҳида.

Миқдори масолеҳ (бо грамм): картошка – 40, карам ё бодиринги очорӣ – 30, лаблабу – 30, сабзи – 20, себ – 50, кабудӣ – 5, қаймоқ ё равғани растанӣ -10, тухм 2-дона.

Рафти иҷрои кор:

Коркарди аввала: интихоби якхелаи андозаи картошка, лаблабу ва сабзӣ, шустан ва пухтан. Сабзавотро хунук карда аз пӯсташ тоза карда, майда реза менамоянд. Баъд бодирингро шуста, пўст канда, ё бо пӯсташ майда карда, карами намаккардаро тоза карда, обашро таровида, пиёзро маҳин реза мекунанд. Тухмро интихоби ҳамроҳ кунед барои ороиши хўриш.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …