Главная / Маданият ва санъат / Намуди Хуришхо ва тарзи таёр кардани онхо

Намуди Хуришхо ва тарзи таёр кардани онхо

Хуриш (Салат ба русси) аз як ва ё чанд намуди сабзавоти тару тоза тайёр мешавад. Дар тайёр кардани хуришхои омехта баробари сабзавоти тару тоза сабзавоти пухта гушту тухми обчуш, ё чакка, нахуди сабз (мушушч) ва гайра истифода мешавад.

Сабзавоти обпазшуда барои тайёр намудани хуриш зарур аст, ки бо пусташ пухта ва алохида-алохида реза карда, баъд бо дигар маснуот омехтан лозим аст. Дар акси хол хуриш зуд турш мешавад. Барои тайёр кардани хуриши омехта дар шакли чоркунчахои хачмаш 1 см ва тилимчахои хаминхела пора карда мешавад. Барои хуштаъм шудани хуриш мувофики табъ ба онхо намак мурч, каламфури тунд ва доруворихо мерезанд.

Хуриш

Хуришхои сабзавоти тару тозаро андаке пеш аз истеъмол бояд тайёр кард. Одатан хуришхоро бо хар хел кабудию помидору бодиринги гуногуншакл бурида оро медиханд.

Дар таомпазиву хуриш дорувории гуногун истифода мешавад. Микдори муайяни дорувор хуриш ва таомро болаззату хушбуй ва хуштаъм мекунад. Адвиёт барои хуришу таом инхоанд: намаки оши мурчу каламфур, сирко барги дарахти гор (лавровый лист) зира, зирк, аз кабудихо, кашнич, пиёзи кабуд, шибит (укроп) пудина, наъно ва гайра.

Пеш аз сар кардани кор бояд ба истифодаи косаю табакхо ахамияти калон дихед ва дар вакти ичрои кори амали бояд ба коидахои техникаи бехатарии кор бо корд ва асбобхои тез, инчунин ба коидахои санитарию гигиени ахамият дихед.

Косаву табак ва дигар зарфхои барои тайёр кардани хуриш ва пухтану истеъмоли хурок истифодашударо дархол бояд шуст. Хангоми шустушуй аввал пиёлаю чойник, табакчахои хуришгир (салатдон) ва баъд зарфхои равганиро шустан матлуб аст. Зарфхои широлуд ва мохилолудро пеш аз шустан бо оби хунук обгардон кардан лозим аст.

Зарф, кастрюл ё дегхои тагашон гирифтаро бо оби гарм тар карда, муддате нигох дошта, баъдтар шуста мешаванд. Зарфхои харошидашударо барои тайёр кардани хуриш набояд истифода бурд.

Зарфу чинивории ошхонаро бо оби гарм бо соддаи хуроки, хардал (горчиса) намаки майда, сирко ё махсулотхо махсуси «Рахш», «Фери», «Дау» (дей) шустан мумкин аст. Дар натичаи истифодаи воситахои шустушуи косаю табак покизаву ва чилодор ва корхои шустушу осон мегардад. Пас аз шустан нагз обгардон карда, зарфхоро хушк бояд кард.

Хуришхо (Салат)

Хуришхоро таоми хунук меноманд. Он аз як ё якчанд намуди сабзавот бо хамрохии майонез, каймок ё равгани растани омода мешавад. Хуриши сабзавоти на хамчун таоми мустакил, балки чун гарнири таомхои гушти, мохи ва дар таоми дуюм дода мешавад.

Хуриши сабзавот аз углевод, модахои минерали ва витаминхо бой мебошад. Агар ба он хуриш тухм, гушт ё мохи хамрох кунем, он гох киммати гизои ва фоидавоварии он зиёд мешавад. Бисёр вакт хуришхоро пеш аз таом медиханд. Онхо иштихоро баланд ва хазмкунии таомро тез мекунанд. Ба ороиши он бисёр диккат додан лозим аст.

Дар вакти додани хуриш ба руи миз аввал махсус хуришандозак мегузоранд. Барои хар як кас табакчаи хуришхури медиханд ва аз тарафи рости он чангак мегузоранд, боз бо он асбоби махсуси бо адвиёт пуркардашударо медиханд. Шумо медонед, ки кариб хама таомхоро бо нон мехуранд. Бинобар он буридани нонро ёд гиред.

Коидахои умумии тайёр кардани хуриш мавчуданд. хамаи махсулот бояд аз коркарди аввала гузарад. Баъзеашонро бояд аз коркарди гарми гузаронид. Сабзавоти хомро аввал мешуянд, баъд мечушонанд.

Якчанд намуди хуришхоро дида мебароем. Хуришхоро дар ошхонаи милли торафт бисёр истифода мебаранд. Онхо асосан ба субхона (пагохи), нисфирузи, шом хамчун таоми мустакил ва ё ба таоми 2-юм дода мешавад. Сабзавоти тару тоза ба руи миз дар шакли хом хам дода мешавад.

Микдори хачми таомхои хунук ва хуришхо на он кадар зиёд бошанд. Микдори он асосан барои як кас 150 г мебошад. Дар вакти тартиб додани таомнома (меню) барои субхона, пешин, шом албатта фасли солро ба назар гирифтан лозим аст, ки дар фасл кадом сабзавот ё масолех хаст. Интихоби масолехи хуриши хунук бояд мувофикки

сабзавоти ба ассортиментхои асосии таом, салатхо аз сабзавот тайёр карда шавад. Хуриш аз як намуди хом реза кардашуда ва ё якчанд намуди сабзавот бо хамрох кардани тухм, гушти пухтаги масолех паранда, мохи, панир ва хар хел хасибхо омода кардан мумкин аст.

Хуришро албатта пеш аз истеъмол тайёр мекунанд. Агар онро камтар зиёдтар нигох доред, гизогии фоидаоварашон паст мешавад ва намудашро гум мекунад. Унсурхои асосии тайёр кардани хуришхо коркарди аввали сабзавот, пора кардан ва ороиш аст. Онхо намуди зебо дошта ва мизро ороиш доданаш лозим аст. Таоми хунук ва хуришхоро ба табаки муддаввар ё дарозруя, хуришдон ё косахо мекашанд.

Хуриш аз бодирингу помидор

Микдори масолех: Ба 4-5 дона помидор, 3 дона бодиринг, 1 бандча пиёзи кабуд, мувофики табъ намаку мурч лозим аст.

Тартиби ичрои кор:

Помидору бодирингро шуста, халка-халка ё секунча реза мекунанд, баъд пиёзи кабуд ва намку мурч андохта меомезанд. Хуриши тайёрро ба хуришдон ё табакчахо андохта ба руяш кабуди мепошанд.

Ба хуриш сиркои оши, чургот каймок, низ андохтан мумкин. Агар пиёзи кабуд набошад, ба хуриш бехпиёзро реза карда меандозанд.

Хуриш аз сабзавоти тару тоза бо себ.

Тачхизот: тахтача, корд, табак барои якчоя кардани хуриш, табакчахои хуришгир, чангак, турбтарош ва зарфхо.

Микдори масолех бо грамм.

1.Себ – 42г.

2.Карам – 83г.

3.Сабзи – 90г.

4.Нахуди сабз – 25г.

5.Сирпиёз – 20г.

  1. Каймок ё майонез – 20г.
  2. Шакар – 10г.
  3. Кабуди хамаги – 300г (барои 1 нафар).

Технологияи тайёр кардан.

Пусти сабзиро гирифта, аз турбтароши сурохаш майда гузаронед ё себро аз донахояш чудо карда, аз турбтароши сурохаш калон гузаронед ва ё наргис реза кунед. Карамро майда ва махин реза намуда, бо он нахуди сабзро, сирпиёз бо корд майда реза карда, ба болои он шакар, баъд каймокро андохта, омехта куни хуриши тайёршударо ба руяш кабудии резакардаро пошида ба дастархон медиханд.

Салати «Точикистон»

Тачхизот: тахтача, корд, табак барои якчоя кардани хуриш, табакчахои хуришгир, чангак, турбтарош ва зарфхо.

Микдори масолех бо г.

  1. Забон ё гушти гусфанд – 84г.
  2. Картошка – 74г.
  3. Пиёзи анзури паронида – 73г.
  4. Нахуди кабуд – 46г.
  5. Сабзи – 19г.
  6. Тухм – 1 дона.
  7. Лиму – 1/10.
  8. Бодиринги очоронида – 26г.
  9. Майонез – 30г. хамаги – 300г.

Эзох: майонезро бо каймок низ иваз кардан мумкин аст.

Технологияи тайёр кардан:

Забон ё гушти дар об пухтаро дар шакли кубик реза кунед. Пиёзи анзурро наргиси кунед. Картошка, сабзи бодаринги очоронида пухтагиро кубикшакл реза карда, хамаашро омехта намуда нахуди андохта, ба болояш майонез рехта, омехта, мекунанд. Дар вакти ба руи миз додан ба хуришдон ё коса баланди карда даршакли конус меандозанд ва бо сабзии пухтаги бо шакли дилхох ороиш дода, каймокро андохта, тухмро майда реза карда, бодиринг реза карда, лимуро халкашакл реза карда, кабуди (кашнич)-ро реза карда, ба руяш мепошанд. Бо барги кашнич ороиш додан мумкин аст.

Маслихати кадбону

Тухм – кимматхои масолехи таоми мебошад. Дар таркиби он кариб хамаи моддахои зарури мавчуд аст.

Хамаи тухмро як вакт ба сеткаи метали гузошта ба кастрюли обаш чушида гузоред агар тухмро нимдунбул 2-4 дона пухтани бошед ва агар сахт пухтани шавед 8-10 дакика дар об чушонед. Тухми дар яхдон нигохдошташударо намегузоранд чунки он кафиданаш мумкин аст. Агар пусти тухм кафида бошад, он гох дар онро оби шур мепазанд.

Баъд аз пухтан тухмро ба оби хунук меандозанд, то ин ки пусташро тез тоза кунанд ва ранги зардии тухм нигох дошта шавад. Тухми пухта дар вакти давр занондан бисёр давр мезанад, тухми хом бошад 1-2 давр мезананду халос.

Хуриши венегрети «наврузи»

Тачхизот ва асбобхо: дег, ду сатилча, тахтача барои сабзавот, корд, кошук, хуришдон, зарфхои алохида.

Микдори масолех (бо грамм): картошка – 40, карам ё бодиринги очори – 30, лаблабу – 30, сабзи – 20, себ – 50, кабуди – 5, каймок ё равгани растани -10, тухм 2-дона.

Рафти ичрои кор:

Коркарди аввала: интихоби якхелаи андозаи картошка, лаблабу ва сабзи, шустан ва пухтан. Сабзавотро хунук карда аз пусташ тоза карда, майда реза менамоянд. Баъд бодирингро шуста, пуст канда, ё бо пусташ майда карда, карами намаккардаро тоза карда, обашро таровида, пиёзро махин реза мекунанд. Тухмро интихоби хамрох кунед барои ороиши хуриш.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …