Главная / Ҷамъият / ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ – ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ – ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

iplomati

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:

–  хизмати дипломатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон – фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

кормандони хизмати  дипломатӣ – хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти хизмати дипломатӣ мансабҳои дипломатиро ишғол менамоянд;

коркунони техникии хизмати дипломатӣ – шахсоне, ки мансабҳои маъмурию техникиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ишғол менамоянд;

ҳайати хизмати дипломатӣ – кормандон ва коркунони техникии хизмати дипломатӣ;

аъзои оилаи ҳайати хизмати дипломатӣ – ҳамсар, фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандоне, ки то расидан ба синни ҳаждаҳ маъюб шудаанд;

муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ;

хизмати консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон – як қисми таркибии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчуниин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатӣ

  1. Мақомоти хизмати дипломатӣ мақомоти давлатие мебошанд, ки фаъолияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамоянд.
  2. Низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди кишвар бо мақсади таъмини фаъолияти вазорат таъсис дода шудаанд, ташкил медиҳанд.
  3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ намуда, низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатиро роҳбарӣ менамояд.
  4. Тартиби ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатиро бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти робита бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 4. Вазифаҳои мақомоти хизмати дипломатӣ

Вазифаҳои асосии мақомоти хизмати дипломатӣ аз инҳо иборатанд:

– таҳияи таклифҳо дар бораи консепсияи умумӣ, стратегия ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба амалӣ кардани сиёсати хориҷии иқтисодӣ;

– бо воситаҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва манфиатҳои дигари он дар арсаи байналмилалӣ;

– ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандону шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;

– амалӣ намудани муносибатҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

– ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

– таҳлил кардани маҷмӯи масъалаҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷию дохилии давлатҳои хориҷӣ, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ;

– таъмин намудани мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти зарурӣ барои татбиқи сиёсати хориҷӣ;

– иҷро намудани дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 5. Доираи фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ

Мақомоти хизмати дипломатӣ мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда фаъолияти зеринро анҷом медиҳанд:

– ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамоянд;

– оид ба масъалаҳои муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунанд;

– гузаронидани гуфтушунидҳо ва имзо намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил менамоянд;

–  таклифҳоро оид ба имзо, қабул, тасдиқ, иҷро, боздоштан ва бекор кардани амали шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамроҳшавӣ ба онҳо таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;

–  иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар таҳияи таклифҳо оид ба мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои мазкур ширкат мекунанд;

– дар муайян намудани сиёсат ва таҳияи чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимоя ва амнияти онҳо, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва молиявӣ, табодули илмию техникӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд;

–  дар ҷалби сармоягузории мустақим барои амалигардонии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла аз ҳисоби қарзҳо ва грантҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ пешниҳодшаванда иштирок менамоянд;

– иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, барои баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонию минтақавӣ мусоидат мекунанд;

– манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи муҳити зист, азхудкунии захираҳои Уқёнуси ҷаҳонӣ ва омӯзиши фазои кайҳонӣ таъмин менамоянд;

–   дар таъмини ташрифотии табодули ҳайатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ иштирок карда, риояи имтиёзҳо ва масуниятҳои дипломатию консулиро назорат менамоянд;

– ба барқарор ва амалӣ намудани робитаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд;

– фаъолияти хизмати консулиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба роҳ мемонанд;

– ба рушди ҳамкорӣ бо ҳамватаноне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мусоидат мекунанд;

– фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;

– дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии хориҷӣ мусоидат карда, дар доираи салоҳияти худ фаъолияти муассисаҳои ба онҳо хизматрасонро назорат менамоянд;

– бо истифодаи воситаҳои дипломатӣ сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини сулҳу суботи фарогир, амнияти минтақавию умумиҷаҳонӣ татбиқ мекунанд;

– ба паҳн кардани иттилоот дар бораи сиёсати хориҷию дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии кишвар дар хориҷи он мусоидат менамоянд;

– дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, муассисаҳои хориҷӣ, намояндагиҳои вазоратро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои тобеи он бо кадр таъмин менамоянд, инчунин тайёрӣ, таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кадрҳои хизмати дипломатиро ташкил мекунанд;

–  бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти онҳо мансуб ҳамкорӣ мекунанд;

–  ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма оид ба вазъи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳанд;

– фаъолияти алоқаи мустақили дипломатию хаткашониро таъмин карда, шабакаи махсуси телекоммуникатсионии худро истифода мебаранд, инчунин бо тартиби муқарраргардида маводи чопиро ба табъ мерасонанд;

– ташкили низоми бехатарии мақомот ва муассисаҳои худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таъмин мекунанд;

– фаъолияти дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро мекунанд.

Моддаи 6. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти хизмати дипломатӣ

  1. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти хизмати дипломатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва суратҳисоби махсуси мақомоти хизмати дипломатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Мақомоти хизмати дипломатӣ бо нақлиёт, биноҳои хизматӣ, воситаҳои алоқа ва дигар таҷҳизоту молу мулки зарурӣ таъмин карда мешаванд.
  3. Тартиби мустақилона соҳибихтиёрӣ ва истифода кардани молу мулки ғайриманқул ва дигар асбобу ашёи вобаста ба амалисозии хизмати дипломатӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 7. Алоқа, бойгонӣ, бехатарӣ ва маводи чопӣ дар низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатӣ

  1. Мақомоти хизмати дипломатӣ дар фаъолияти худ аз шабакаи мустақили алоқа, телекоммуникатсия ва хадамоти хаткашонӣ истифода мебаранд.
  2. Бо мақсади нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва маводи барои иҷрои вазифаҳо ва пешбурди фаъолияти хизмати дипломатӣ зарур бойгонии хизмати дипломатӣ ташкил карда мешавад.
  3. Мақомоти хизмати дипломатӣ низоми бехатарии иншооти ба онҳо мансубро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ташкил медиҳанд.
  4. Мақомоти хизмати дипломатӣ маводи чопиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ мерасонанд.

БОБИ 2. ҲАЙАТИ КАДРИИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ ВА МАНСАБҲОИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 8. Ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ

  1. Ба ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ дохил мешаванд:

– кормандоне, ки мансабҳои штатии дипломатиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ба таври доимӣ ишғол менамоянд;

– коркуноне, ки мансабҳои штатии маъмурию техникиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ишғол менамоянд;

–  кормандоне, ки барои таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин аспирантура ва докторантура аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд;

– кормандоне, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ) дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори муваққатӣ бо тартиб ва шартҳое, ки дар ташкилотҳои байналмилалии мазкур амал мекунанд, фиристода мешаванд. Давраи кори чунин кормандони хизмати дипломатӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта ба собиқаи хизмати дипломатиашон ворид карда мешавад.

  1. Шумораи ҳайати мақомоти хизмати дипломатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 9. Мансабҳои дипломатӣ

  1. Барои кормандони хизмати дипломатӣ мансабҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

– Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ;

– Консули генералӣ;

– Мушовир – фиристода (муовини Намояндаи доимӣ дар назди ташкилоти байналмилалӣ);

– мушовир;

– консул;

– котиби якум;

– ноиби консул;

– вакили консулӣ;

– котиби дуюм;

– котиби сеюм;

– атташе.

  1. Барои фаъолият дар мансабҳои дипломатии мақомоти хизмати дипломатӣ муҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

– барои атташе, котиби сеюм, котиби дуюм ва вакили консулӣ – ду сол;

–  барои ноиби консул ва котиби якум – се сол.

  1. Муҳлати фаъолият дар мансабҳои дипломатӣ аз консул боло муқаррар карда намешавад.

Моддаи  10. Таъйин намудан ба мансабҳои дипломатӣ

  1. Ба мансабҳои дипломатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки маълумоти олӣ ва барои кор дар хизмати дипломатӣ қобилияти заруриро доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешаванд.
  2. Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
  3. Таъйин ва озод кардан ба мансабҳои дигари хизмати дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  4. Корманди хизмати дипломатӣ баъди анҷоми кор дар муассисаҳои хориҷӣ ба мансабе таъйин карда мешавад, ки он аз мансаби ишғолнамудаи ӯ пеш аз ба кор рафтан ба хориҷа як зина боло бошад, ба шарте ки нисбат ба вай муҷозоти интизомии дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда татбиқ нагардида бошад. Дар мавриди холӣ набудани чунин мансаб корманди хизмати дипломатӣ ба мансаби баробар ва на пастар аз он мансабе, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба хориҷа рафтанаш ишғол мекард, таъйин карда мешавад.
  5. Барои шахсоне, ки бори аввал ба мақомоти хизмати дипломатӣ ба кор қабул карда мешаванд, санҷиши ҳатмии воридшавӣ ба мансаб ба муҳлати се моҳ муайян карда мешавад, ба истиснои хизматчиёни давлатӣ, ки ба таври гузариш ба хизмати дипломатӣ қабул гардидаанд.
  6. Тартиб ва шартҳои санҷиш аз тарафи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 11. Тағйир ва ишғоли мансабҳо дар хизмати дипломатӣ

  1. Ба мансаби дигар гузаронидани кормандони хизмати дипломатӣ мутобиқи зарурати хизматӣ, бо назардошти дараҷаи ихтисос, тайёрии касбӣ ва принсипи ҷойивазкунӣ (ротатсия) амалӣ карда мешаванд.
  2. Ба мансабҳои холӣ таъйин кардани кормандон мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Мансаби корманди хизмати дипломатӣ дар давраи кор дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст як маротиба баланд бардошта шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки муҳлати фаъолияти ӯ дар хориҷа аз рӯи зарурати хизматӣ тамдид гардида бошад.

Моддаи 12. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ

  1. Дар низоми хизмати дипломатӣ ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ амал мекунад. Дар доираи ҷойивазкунӣ (ротатсия) кормандони хизмати дипломатӣ бо назардошти тахассусашон ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор фиристода мешаванд ё ин ки фаъолияти худро дар воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
  2. Корманди хизмати дипломатӣ уҳдадор аст қарори барои кор ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристоданро бо тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия) иҷро намояд.
  3. Бе сабабҳои узрнок даст кашидани корманди дипломатӣ аз рафтан барои кор ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кирдори интизомӣ ба шумор рафта, метавонад барои ба муҷозоти интизомӣ кашидани ӯ асос гардад.
  4. Тартиби ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  5. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ ба чунин намудҳо тақсим мешавад:

–  берунӣ  – ҷойивазкунӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дохилӣ – ҷойивазкунии кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Муҳлати кори кормандони хизмати дипломатӣ дар воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи кор байни фаъолият дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду то се солро ташкил медиҳад.
  2. Муҳлати фаъолияти бефосилаи ҳайати хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз се сол зиёд бошад. Аз рӯи зарурати хизматӣ ва бо розигии корманди хизмати дипломатӣ муҳлати мазкур мумкин аст аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон як маротиба ва ба муҳлати то як сол тамдид карда шавад.
  3. Амали қисми 5 ҳамин модда нисбат ба шахсони ба мансаби дипломатӣ мутобиқи қисми 2 моддаи 10 Қонуни мазкур таъйингардида паҳн намегардад.

Моддаи 13. Маҳдудиятҳои қабул шудан ба хизмати дипломатӣ ва адои хизмати дипломатӣ

  1. Шаҳрванд дар ҳолатҳои зерин наметавонад ба хизмати дипломатӣ қабул гардад ва корманди хизмати дипломатӣ наметавонад дар мансаби дипломатӣ қарор дошта бошад:

– надоштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– доштани шаҳрвандии давлати дигар.

  1. Дар сохтори мақомоти хизмати дипломатӣ ба шахсоне, ки бо ҳамдигар хешовандони наздик ҳисоб меёбанд (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, фарзандхондаҳо, инчунин бародарон, хоҳарон, падару модар ва фарзандони зан ва ё шавҳар, қудоҳо, келинҳо, домодҳо), иҷозати кор кардан дода намешавад, агар дар кор онҳо тобеи бевосита ва ё таҳти назорати якдигар қарор дошта бошанд.
  2. Нисбати кормандони хизмати дипломатӣ маҳдудиятҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ва хизмати давлатӣ пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда мешаванд.

Моддаи 14.  Аттестатсияи ҳайати хизмати дипломатӣ

  1. Ҳайати хизмати дипломатӣ бо мақсади муайян намудани мувофиқат ба мансаб дар се сол як маротиба аз аттестатсияи хизматӣ мегузарад.

2.Тартиби гузаштани аттестатсия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 15.  Бозхонди ҳайати хизмати дипломатӣ

  1. Ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар муассисаҳои хориҷӣ кор мекунанд, ҳангоми содир намудани кирдорҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё давлати иқомат барои онҳо ҷавобгарӣ муқаррар намудааст, ҳамчунин дар ҳолатҳои аз ҷониби онҳо ва ё аъзои оилаи онҳо содир гардидани кирдорҳои ношоям ё амалҳое, ки ҳангоми иҷрои минбаъдаи ваколатҳои хизматӣ мумкин аст ба оқибатҳои вазнин оварда расонад, метавонанд пеш аз муҳлат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонда шаванд.
  2. Амали қисми 1 моддаи мазкур инчунин ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ҳайати хизматрасониро иҷро менамоянд, паҳн мегардад.

 Моддаи 16. Тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ

  1. Кормандони хизмати дипломатӣ метавонанд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё давлатҳои дигар барои таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти илмӣ фиристода шаванд. Дар ин ҳолат онҳо ба захираи кадрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
  2. Корманди хизмати дипломатӣ баъди хатми таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва ё фаъолияти илмӣ ба мансабе таъйин мешавад, ки аз мансаби то давраи ба захираи кадрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданаш паст набошад.
  3. Муҳлати таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва ё фаъолияти илмии корманди хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва ё муассисаҳои илмӣ ба собиқаи кори ӯ дар хизмати дипломатӣ дохил карда мешавад.

БОБИ 3. РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 17. Рутбаҳои дипломатӣ

  1. Ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои дипломатӣ дода мешавад.
  2. Рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, дода мешавад.
  3. Рутбаҳои дипломатиро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 18. Додани рутбаҳои дипломатӣ

  1. Рутбаҳои дипломатии Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Фиристодаи Фавқулодда ва Мухтори дараҷаҳои I ва II аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.
  2. Рутбаҳои дипломатӣ ба дигар кормандони хизмати дипломатӣ аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо хадамоти кадрии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муҳлатҳои дар қисми 1 моддаи 19 Қонуни мазкур пешбинигардида дода мешаванд.
  3. Рутбаҳои дипломатӣ ба кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
  4. Рутбаҳои дипломатӣ якумра дода мешаванд. Корманди хизмати дипломатиро аз рутбаи дипломатӣ танҳо бо ҳукми суд барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳрум кардан мумкин аст.
  5. Низомномаи тартиби додани рутбаҳои дипломатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Моддаи 19. Муҳлати қарор доштан дар рутбаҳои дипломатӣ

  1. Барои кормандони хизмати дипломатӣ муҳлатҳои зерини қарор доштан дар рутбаҳои дипломатӣ муқаррар карда мешаванд:

– барои атташе, котиби сеюм, котиби дуюми дараҷаи II ва I, котиби якуми дараҷаи II – ду сол;

– барои котиби якуми дараҷаи I ва мушовири дараҷаҳои II – се сол.

  1. Муҳлати қарор гирифтан дар рутбаҳои дипломатӣ аз мушовири дараҷаи I боло муқаррар карда намешавад.
  2. Ба муҳлати дар рутбаҳои дипломатӣ қарор доштани кормандони хизмати дипломатӣ дохил карда мешаванд:

– давраи фаъолияти кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд;

– давраи хизмати дипломатӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– давраи хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– давраи фаъолияти хизмати дипломатӣ дар намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– давраи фаъолият дар ташкилотҳои байналмилалӣ, агар корманд ба ҳайати кадрҳои хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил бошад;

– фаъолияти илмию таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– давраи гузаштани такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимию илмӣ бо роҳхати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– давраи таҳсили кормандоне, ки ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, аспирантура, докторантура ва муассисаҳои илмӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудаанд.

БОБИ 4. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРӢ, ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ

ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲАЙАТИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 20. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳайати хизмати дипломатӣ

  1. Ҳайати хизмати дипломатӣ вобаста ба иҷрои ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад:

–  аз тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додаанд, истифода барад;

–  дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои вазифаҳо ва фаъолияти хизмати дипломатӣ алоқаманданд, иштирок кунад;

–  иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маводеро, ки барои иҷрои мансабҳои хизматӣ заруранд, бо тартиби муқарраргардида ба даст орад;

– ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди минбаъда ва такмили фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ таклифҳо пешниҳод намояд;

– ба пешравии мансабӣ дар хизмати дипломатӣ бо назардошти сатҳи таҳсилот, тайёрии касбӣ ва тахассус пешниҳод карда шавад;

– барои тайёрӣ, таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, инчунин фаъолияти илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла сафарҳои хизматӣ ба хориҷа пешбарӣ карда шавад;

– ҳангоми будубош дар хориҷа аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муқарраргардида истифода барад;

– ҳуқуқҳои дигареро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода намояд.

  1. Ҳайати хизмати дипломатӣ ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ уҳдадор аст:

–  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад;

– риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва шахсони ҳуқуқиро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намояд;

– ҳифзи моликияти давлатиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи он таъмин намояд;

– вазифаҳо ва фаъолиятеро, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, софдилона иҷро намуда, ба таври шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ муаррифӣ намояд;

– фармону супоришҳои роҳбарони мақомоти хизмати дипломатиро, ки дар доираи салоҳияташон содир шудаанд, иҷро намояд;

–  интизоми меҳнатӣ, инчунин меъёрҳои одоби дипломатиро риоя кунад;

–  сатҳи ихтисоси касбии худро такмил диҳад;

–  маълумоти дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ошкор накунад;

– қонунгузорӣ, анъана ва одатҳои давлати будубошро эҳтиром намояд;

– уҳдадориҳои дигареро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, иҷро намояд.

Моддаи 21. Ҳавасмандгардонии ҳайати хизмати дипломатӣ

  1. Барои кормандони ҳайати хизмати дипломатӣ намудҳои зерини ҳавасмандгардонӣ муқаррар карда шудаанд:

– баланд бардоштан ба мансаб;

– пеш аз муҳлат додани рутбаи дипломатӣ;

– ғайринавбатӣ додани рутбаи дипломатӣ;

– мукофотҳои идоравӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;

– мукофотонидан бо туҳфаи арзишнок;

– дигар намуди ҳавасмандгардоние, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

  1. Ҳайати хизмати дипломатӣ барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шавад.

Моддаи 22. Ҷавобгарии интизомии ҳайати хизмати дипломатӣ

  1. Ҳангоми содир намудани кирдори интизомӣ нисбати ҳайати хизмати дипломатӣ муҷозоти интизомии зерин татбиқ карда мешавад:

– сарзаниш;

– танбеҳ;

– огоҳсозӣ дар бораи ба мансаб мувофиқ набудан;

– ба муддати як сол таъхир намудани додани рутбаи навбатии дипломатӣ ва ё таъйин намудан ба мансаби баландтар;

– паст кардани мансаб ва ё рутбаи дипломатӣ;

– аз кор озод кардан.

  1. Муҷозоти интизомӣ нисбати ҳайати хизмати дипломатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

БОБИ 5. КАФОЛАТ ВА ҶУБРОН, ТАЪМИНИ МОДДИЮ ИҶТИМОИИ

ҲАЙАТИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 23. Кафолат ва ҷубронпулиҳо ба ҳайати хизмати дипломатӣ ҳангоми кор дар хориҷа

  1. Ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо назардошти мушкилоти адои хизмат ва хатарҳои бо он алоқаманд, инчунин хусусияти хоси давлати хориҷӣ таъминоти моддию иҷтимоӣ фароҳам оварда мешавад.
  2. Иқомат кардан дар хориҷа ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо набояд ягон зараре расонад.
  3. Ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо назардошти вазъият ва шароити давлати иқомат бо хизматрасонии тиббии дахлдор таъмин карда мешаванд.
  4. Ба ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар муассисаҳои хориҷӣ кор мекунанд, инчунин ба аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳашон зиндагӣ мекунанд, ҳангоми беморӣ хароҷоти хизматрасонии тиббӣ, инчунин хароҷоти ҷойгиронии фаврии корманд ё аъзои оилаи ӯ ба муассисаи табобатии статсионарӣ ва таъмини онҳо бо хизматрасонии тиббӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои протезмонии дандонҳо ва амалиёти ҷарроҳии нақшавӣ) пардохт карда мешавад.
  5. Ҳайати хизмати дипломатӣ, ки барои кор ба муассисаҳои хориҷӣ фиристода мешаванд ва аъзои оилаи онҳо, ки ҳамроҳашон ба давлати иқомат сафар менамоянд, ба пардохти хароҷоти сафар ба ҳар ду тараф, ки бо рафтуомади корманди хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи ӯ ба маҳалли муайяншуда алоқа дорад, ҳуқуқ дорад.
  6. Ҳайати хизмати дипломатӣ ба рухсатии ҳарсолаи асосӣ ва иловагии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда ва рухсатии пардохтнашаванда ҳуқуқ дорад.
  7. Ҳангоми ба рухсатии меҳнатии навбатӣ баромадан ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо, хароҷоти сафар аз давлати иқомат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозпас гаштан пардохт карда мешавад.
  8. Ба корманди хизмати дипломатӣ, ки дар муассисаҳои хориҷӣ кор мекунад, хароҷоти таҳсили кӯдакони ноболиғ, ки ҳамроҳи ӯ зиндагӣ мекунанд, ҷуброн карда мешавад, агар дар давлати иқомат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шакли ройгон мавҷуд набошад.
  9. Ҳангоми ба кор шурӯъ намудани ҳайати хизмати дипломатӣ дар давлати таъиншуда ба ӯ дар ҳаҷми як маоши мансабиаш пул дода мешавад.
  10. Корманди хизмати дипломатӣ дар давраи фаъолияташ дар хориҷа бояд бо назардошти шумораи аъзои оила, ки ҳамроҳаш зиндагӣ мекунанд, мансаби ишғолнамуда ва вазъи маҳал бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шавад.
  11. Агар хароҷоти воқеӣ оид ба нигоҳдории манзил аз меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад, он аз ҳисоби маблағи махсуси муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
  12. Дар ҳолати рух додани низоъҳои мусаллаҳона ва ё дар ҳолатҳои таҳдид ба амнияти муассисаҳои хориҷӣ ва ҳайати кормандони онҳо, инчунин дар ҳолати рух додани офатҳои табиӣ ва дигар вазъият дар мавзеи ҷойгиршавии муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бехатарӣ, ҳимояи ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи бо онҳо истиқоматдошта тадбирҳои зарурӣ меандешад.
  13. Зараре, ки ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва ё ба аъзои оилаи онҳо дар вақти иқомат дар хориҷа, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ё дигар амалҳои бо он алоқаманд расонида шудааст, бо тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.
  14. Дар ҳолати фавти корманди хизмати дипломатӣ дар давраи кор дар муассисаҳои хориҷӣ ё ин ки қабл аз гузаштани як соли муҳлат аз қатъи кор дар муассисаи хориҷии мазкур бо сабаби гирифтани зарари ҷисмонӣ дар натиҷаи амали террористӣ ва ё амалҳои дигаре, ки хусусияти зӯроварӣ доранд, ба ворисони ӯ (дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатнома оид ба мерос) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмакпулии якдафъина пардохт карда мешавад.
  15. Дар ҳолати фавти корманди ҳайати хизмати дипломатӣ дар давраи кор дар муассисаҳои хориҷӣ ба аъзои оилаи онҳо ҷубронпулиҳои зерин пардохт карда мешаванд:

– кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби маблағи муассисаҳои хориҷӣ;

– хароҷоти бозгашти аъзои оилаи марҳум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли ҷасади корманди фавтида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Корманди хизмати дипломатӣ, ки барои кор ба муассисаҳои хориҷӣ фиристода шудааст, ҳангоми ба итмом расидани муҳлати хизмат дар муассисаҳои хориҷӣ ҳуқуқ дорад, ки воситаи нақлиёти шахсии дар давлати иқомат мавриди истифода қарордошта ва таҷҳизоту дигар воситаи рӯзгорашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе пардохти боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ворид намояд.
  2. Тартиби пардохт ва андозаи ҷубронпулиҳо барои ҳайати хизмати дипломатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 24. Кафолатҳои иловагӣ ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои  хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ё низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд

  1. Ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ё низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд, иловапулӣ ба маоши мансабӣ бо асъори хориҷӣ дар ҳаҷми 20 фоизи музди меҳнати мансабӣ пардохт карда мешавад.
  2. Номгӯи давлатҳои дар шароити ҳолати фавқулодда ва ё низоъҳои мусаллаҳона қарордоштаро бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 25. Муносибатҳои меҳнатии ҳайати хизмати дипломатӣ

Муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломатӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 26. Пардохти музди меҳнати ҳайати хизмати дипломатӣ

  1. Музди меҳнати ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
  2. Музди меҳнати ҳайати хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти шароити иҷтимоию иқтисодӣ ва моддию маишии давлати иқомат муайян карда мешавад.
  3. Андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба ҳайати хизмати дипломатӣ барои рутбаи дипломатӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ ба кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  4. Ба ҳайати хизмати дипломатӣ барои харидани либосу анҷом як маротиба дар ду сол ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ муқаррар гардида, он аз маблағи махсуси мақомоти хизмати дипломатӣ пардохт карда мешавад.

Моддаи 27. Таъминоти нафақавӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати хизмати дипломатӣ

Таъминоти нафақавӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони хизмати дипломатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

БОБИ 6. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ

Моддаи 28. Қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии ҳайати хизмати дипломатӣ

Барои қатъ гардидани хизмати дипломатӣ ҳолатҳои зерин асос шуда метавонанд:

– аризаи хаттӣ дар хусуси бо хоҳиши худ аз кор рафтан;

– ба синни ниҳоии нафақа расидани корманди ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;

– бе сабаби узрнок саркашӣ намудани корманд аз фиристодан барои кор ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия);

– пешниҳод кардани маълумоти бардурӯғ аз ҷониби ҳайати хизмати дипломатӣ оид ба даромад ва вазъи молумулкӣ;

– риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;

– маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ;

– асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хизмати дипломатӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 666; с. 2006, №11, мод.471) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ РАҲМОН

 

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014,

№1173

 

 

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …