Главная / Чамъият / ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТИ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТИ – КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТИ

Конуни мазкур асосхои ташкилию хукукии фаъолияти дипломати, вазъи хукуки ва кафолатхои ичтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Чумхурии Точикистонро муайян мекунад.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

iplomati

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мешаванд:

–  хизмати дипломатии  Чумхурии Точикистон – фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии Чумхурии Точикистон дар низоми ягонаи макомоти хизмати дипломатии Чумхурии Точикистон;

кормандони хизмати  дипломати – хизматчиёни давлатие, ки дар макомоти хизмати дипломати мансабхои дипломатиро ишгол менамоянд;

коркунони техникии хизмати дипломати – шахсоне, ки мансабхои маъмурию техникиро дар макомоти хизмати дипломати ишгол менамоянд;

хайати хизмати дипломати – кормандон ва коркунони техникии хизмати дипломати;

аъзои оилаи хайати хизмати дипломати – хамсар, фарзандони ноболиг, инчунин фарзандоне, ки то расидан ба синни хаждах маъюб шудаанд;

муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон – намояндагихои дипломати ва консулгарихои Чумхурии Точикистон дар хорича, намояндагихои доимии Чумхурии Точикистон дар назди ташкилотхои байналмилали;

хизмати консулии Чумхурии Точикистон – як кисми таркибии хизмати дипломатии Чумхурии Точикистон.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хизмати дипломати

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хизмати дипломати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчуниин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Низоми ягонаи макомоти хизмати дипломати

  1. Макомоти хизмати дипломати макомоти давлатие мебошанд, ки фаъолияти сиёсати хоричии Чумхурии Точикистонро амали менамоянд.
  2. Низоми ягонаи макомоти хизмати дипломатии Чумхурии Точикистонро Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон, муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон, намояндагихо ва муассисахои тобеи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон, ки дар худуди кишвар бо максади таъмини фаъолияти вазорат таъсис дода шудаанд, ташкил медиханд.
  3. Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон идоракунии давлатиро дар сохаи муносибатхои Чумхурии Точикистон бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали амали намуда, низоми ягонаи макомоти хизмати дипломатиро рохбари менамояд.
  4. Тартиби хамохангсозии фаъолияти макомоти давлатиро бо максади таъмини сиёсати ягонаи Чумхурии Точикистон дар самти робита бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали Президенти Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 4. Вазифахои макомоти хизмати дипломати

Вазифахои асосии макомоти хизмати дипломати аз инхо иборатанд:

– тахияи таклифхо дар бораи консепсияи умуми, стратегия ва самтхои асосии сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон ва пешниход намудани онхо ба Президенти Чумхурии Точикистон;

– татбики сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон ва мусоидат ба амали кардани сиёсати хоричии иктисоди;

– бо воситахои дипломати таъмин намудани хифзи истиклолият, амният, тамомияти арзи ва дахлнопазирии сархади Чумхурии Точикистон, манфиатхои сиёси, тичоратию иктисоди ва манфиатхои дигари он дар арсаи байналмилали;

– химояи хукук ва манфиатхои шахрвандону шахсони хукукии Чумхурии Точикистон дар хоричи кишвар;

– амали намудани муносибатхои дипломатию консулии Чумхурии Точикистон бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали;

– хамоханг сохтани фаъолияти макомоти хокимияти давлати бо максади таъмини сиёсати ягонаи Чумхурии Точикистон дар робита бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали;

– тахлил кардани мачмуи масъалахои байналмилали, сиёсати хоричию дохилии давлатхои хоричи, инчунин фаъолияти ташкилотхои байналмилали;

– таъмин намудани макомоти давлатии Чумхурии Точикистон бо иттилооти зарури барои татбики сиёсати хоричи;

– ичро намудани дигар вазифахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 5. Доираи фаъолияти макомоти хизмати дипломати

Макомоти хизмати дипломати мутобики вазифахои ба зиммаи онхо гузошташуда фаъолияти зеринро анчом медиханд:

– хамкории мутакобилаи Чумхурии Точикистонро бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали таъмин менамоянд;

– оид ба масъалахои муносибатхо бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали бо тартиби мукарраргардида ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход мекунанд;

– гузаронидани гуфтушунидхо ва имзо намудани шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистонро бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали ташкил менамоянд;

–  таклифхоро оид ба имзо, кабул, тасдик, ичро, боздоштан ва бекор кардани амали шартномахои байналмилали, инчунин хамрохшави ба онхо тахия карда, бо тартиби мукарраргардида барои барраси ба Президенти Чумхурии Точикистон ва Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд;

–  ичрои санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистонро таъмин намуда, дар тахияи таклифхо оид ба мутобиксозии конунгузории Чумхурии Точикистон ба санадхои мазкур ширкат мекунанд;

– дар муайян намудани сиёсат ва тахияи чорабинихои мушаххас оид ба таъмини хукук ва озодихои шахрвандони Чумхурии Точикистон, химоя ва амнияти онхо, рушди муносибатхои тичоратию иктисоди ва молияви, табодули илмию техники, фарханги ва монанди инхо бо давлатхои хоричи ва ташкилотхои байналмилали ширкат мекунанд;

–  дар чалби сармоягузории мустаким барои амалигардонии барномахои давлати, лоихахои афзалиятнок, аз чумла аз хисоби карзхо ва грантхои аз тарафи ташкилотхои байналмилалии иктисоди ва молияви пешниходшаванда иштирок менамоянд;

– иштироки Чумхурии Точикистонро дар фаъолияти ташкилотхои байналмилали, конференсияхо, форумхо таъмин намуда, барои баланд бардоштани накши Чумхурии Точикистон хамчун узви чомеаи байналмилали дар халли масъалахои умумичахонию минтакави мусоидат мекунанд;

– манфиатхои Чумхурии Точикистонро дар муносибатхои байналмилали дар сохаи истифодаи окилонаи мухити зист, азхудкунии захирахои Укёнуси чахони ва омузиши фазои кайхони таъмин менамоянд;

–   дар таъмини ташрифотии табодули хайатхои байнидавлати дар сатхи оли иштирок карда, риояи имтиёзхо ва масуниятхои дипломатию консулиро назорат менамоянд;

– ба баркарор ва амали намудани робитахои байнипарламентии Чумхурии Точикистон мусоидат мекунанд;

– фаъолияти хизмати консулиро дар каламрави Чумхурии Точикистон ва хорич аз он ба рох мемонанд;

– ба рушди хамкори бо хамватаноне, ки дар хорича зиндаги мекунанд, мусоидат мекунанд;

– фаъолияти низоми ягонаи давлатии бакайдгири, бахисобгири ва нигохдории шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистонро таъмин менамоянд;

– дар каламрави Чумхурии Точикистон ба фаъолияти намояндагихои дипломати ва муассисахои консулии хоричи мусоидат карда, дар доираи салохияти худ фаъолияти муассисахои ба онхо хизматрасонро назорат менамоянд;

– бо истифодаи воситахои дипломати сиёсати давлатии Чумхурии Точикистонро чихати таъмини сулху суботи фарогир, амнияти минтакавию умумичахони татбик мекунанд;

– ба пахн кардани иттилоот дар бораи сиёсати хоричию дохилии Чумхурии Точикистон, хаёти ичтимоию иктисоди ва фархангию маънавии кишвар дар хоричи он мусоидат менамоянд;

– дастгохи марказии Вазорати корхои хоричи, муассисахои хоричи, намояндагихои вазоратро дар каламрави Чумхурии Точикистон ва идорахои тобеи он бо кадр таъмин менамоянд, инчунин тайёри, тахсил, бозомузи, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кадрхои хизмати дипломатиро ташкил мекунанд;

–  бо макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ва иттиходияхои чамъияти оид ба масъалахои ба салохияти онхо мансуб хамкори мекунанд;

–  ба макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ва воситахои ахбори омма оид ба вазъи байналмилали ва сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон иттилоот медиханд;

– фаъолияти алокаи мустакили дипломатию хаткашониро таъмин карда, шабакаи махсуси телекоммуникатсионии худро истифода мебаранд, инчунин бо тартиби мукарраргардида маводи чопиро ба табъ мерасонанд;

– ташкили низоми бехатарии макомот ва муассисахои худро дар худуди Чумхурии Точикистон ва берун аз он таъмин мекунанд;

– фаъолияти дигареро, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, ичро мекунанд.

Моддаи 6. Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии макомоти хизмати дипломати

  1. Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии макомоти хизмати дипломати аз хисоби бучети чумхурияви ва суратхисоби махсуси макомоти хизмати дипломати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  2. Макомоти хизмати дипломати бо наклиёт, бинохои хизмати, воситахои алока ва дигар тачхизоту молу мулки зарури таъмин карда мешаванд.
  3. Тартиби мустакилона сохибихтиёри ва истифода кардани молу мулки гайриманкул ва дигар асбобу ашёи вобаста ба амалисозии хизмати дипломати дар каламрави Чумхурии Точикистон ва хорич аз он бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 7. Алока, бойгони, бехатари ва маводи чопи дар низоми ягонаи макомоти хизмати дипломати

  1. Макомоти хизмати дипломати дар фаъолияти худ аз шабакаи мустакили алока, телекоммуникатсия ва хадамоти хаткашони истифода мебаранд.
  2. Бо максади нигох доштани хуччатхо ва маводи барои ичрои вазифахо ва пешбурди фаъолияти хизмати дипломати зарур бойгонии хизмати дипломати ташкил карда мешавад.
  3. Макомоти хизмати дипломати низоми бехатарии иншооти ба онхо мансубро дар худуди Чумхурии Точикистон ва хорич аз он ташкил медиханд.
  4. Макомоти хизмати дипломати маводи чопиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба табъ мерасонанд.

БОБИ 2. ХАЙАТИ КАДРИИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТИ ВА МАНСАБХОИ ДИПЛОМАТИ

Моддаи 8. Хайати кадрии хизмати дипломати

  1. Ба хайати кадрии хизмати дипломати дохил мешаванд:

– кормандоне, ки мансабхои штатии дипломатиро дар макомоти хизмати дипломати ба таври доими ишгол менамоянд;

– коркуноне, ки мансабхои штатии маъмурию техникиро дар макомоти хизмати дипломати ишгол менамоянд;

–  кормандоне, ки барои тахсил, бозомузи, такмили ихтисос ва тачрибаомузи ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, инчунин аспирантура ва докторантура аз тарафи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон фиристода мешаванд;

– кормандоне, ки аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ба ташкилотхои байналмилали (байнидавлати, байнихукумати) дар асоси шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон барои кори муваккати бо тартиб ва шартхое, ки дар ташкилотхои байналмилалии мазкур амал мекунанд, фиристода мешаванд. Давраи кори чунин кормандони хизмати дипломати дар ташкилотхои байналмилали тибки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба хисоб гирифта ба собикаи хизмати дипломатиашон ворид карда мешавад.

  1. Шумораи хайати макомоти хизмати дипломати аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 9. Мансабхои дипломати

  1. Барои кормандони хизмати дипломати мансабхои зерин мукаррар карда мешаванд:

– Сафири Фавкулодда ва Мухтори Чумхурии Точикистон, Намояндаи доимии Чумхурии Точикистон дар назди ташкилоти байналмилали;

– Консули генерали;

– Мушовир – фиристода (муовини Намояндаи доими дар назди ташкилоти байналмилали);

– мушовир;

– консул;

– котиби якум;

– ноиби консул;

– вакили консули;

– котиби дуюм;

– котиби сеюм;

– атташе.

  1. Барои фаъолият дар мансабхои дипломатии макомоти хизмати дипломати мухлатхои зерин мукаррар карда мешаванд:

– барои атташе, котиби сеюм, котиби дуюм ва вакили консули – ду сол;

–  барои ноиби консул ва котиби якум – се сол.

  1. Мухлати фаъолият дар мансабхои дипломати аз консул боло мукаррар карда намешавад.

Моддаи  10. Таъйин намудан ба мансабхои дипломати

  1. Ба мансабхои дипломати шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки маълумоти оли ва барои кор дар хизмати дипломати кобилияти заруриро доранд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон таъйин карда мешаванд.
  2. Сафири Фавкулодда ва Мухтори Чумхурии Точикистон, Намояндаи доимии Чумхурии Точикистон дар назди ташкилотхои байналмилали аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон ба мансаб таъйин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
  3. Таъйин ва озод кардан ба мансабхои дигари хизмати дипломати аз чониби Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  4. Корманди хизмати дипломати баъди анчоми кор дар муассисахои хоричи ба мансабе таъйин карда мешавад, ки он аз мансаби ишголнамудаи у пеш аз ба кор рафтан ба хорича як зина боло бошад, ба шарте ки нисбат ба вай мучозоти интизомии дар сархати чоруми кисми 1 моддаи 22 Конуни мазкур пешбинишуда татбик нагардида бошад. Дар мавриди холи набудани чунин мансаб корманди хизмати дипломати ба мансаби баробар ва на пастар аз он мансабе, ки дар Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон то ба хорича рафтанаш ишгол мекард, таъйин карда мешавад.
  5. Барои шахсоне, ки бори аввал ба макомоти хизмати дипломати ба кор кабул карда мешаванд, санчиши хатмии воридшави ба мансаб ба мухлати се мох муайян карда мешавад, ба истиснои хизматчиёни давлати, ки ба таври гузариш ба хизмати дипломати кабул гардидаанд.
  6. Тартиб ва шартхои санчиш аз тарафи Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 11. Тагйир ва ишголи мансабхо дар хизмати дипломати

  1. Ба мансаби дигар гузаронидани кормандони хизмати дипломати мутобики зарурати хизмати, бо назардошти дарачаи ихтисос, тайёрии касби ва принсипи чойивазкуни (ротатсия) амали карда мешаванд.
  2. Ба мансабхои холи таъйин кардани кормандон мутобики Конуни мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.
  3. Мансаби корманди хизмати дипломати дар давраи кор дар муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон мумкин аст як маротиба баланд бардошта шавад, ба истиснои холатхое, ки мухлати фаъолияти у дар хорича аз руи зарурати хизмати тамдид гардида бошад.

Моддаи 12. Чойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломати

  1. Дар низоми хизмати дипломати чойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломати амал мекунад. Дар доираи чойивазкуни (ротатсия) кормандони хизмати дипломати бо назардошти тахассусашон ба муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон ба кор фиристода мешаванд ё ин ки фаъолияти худро дар вохидхои сохтории Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон амали менамоянд.
  2. Корманди хизмати дипломати ухдадор аст карори барои кор ба муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон фиристоданро бо тартиби чойивазкуни (ротатсия) ичро намояд.
  3. Бе сабабхои узрнок даст кашидани корманди дипломати аз рафтан барои кор ба муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон кирдори интизоми ба шумор рафта, метавонад барои ба мучозоти интизоми кашидани у асос гардад.
  4. Тартиби чойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломати аз чониби Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  5. Чойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломати ба чунин намудхо таксим мешавад:

–  беруни  – чойивазкуни аз Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ба муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон ва аз муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон ба Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон;

– дохили – чойивазкунии кормандони вохидхои сохтории дастгохи марказии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва намояндагихои он дар каламрави Чумхурии Точикистон.

  1. Мухлати кори кормандони хизмати дипломати дар вохидхои сохтории дастгохи марказии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва намояндагихои он дар каламрави Чумхурии Точикистон дар давраи кор байни фаъолият дар муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон аз ду то се солро ташкил медихад.
  2. Мухлати фаъолияти бефосилаи хайати хизмати дипломати дар муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон набояд аз се сол зиёд бошад. Аз руи зарурати хизмати ва бо розигии корманди хизмати дипломати мухлати мазкур мумкин аст аз чониби вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон як маротиба ва ба мухлати то як сол тамдид карда шавад.
  3. Амали кисми 5 хамин модда нисбат ба шахсони ба мансаби дипломати мутобики кисми 2 моддаи 10 Конуни мазкур таъйингардида пахн намегардад.

Моддаи 13. Махдудиятхои кабул шудан ба хизмати дипломати ва адои хизмати дипломати

  1. Шахрванд дар холатхои зерин наметавонад ба хизмати дипломати кабул гардад ва корманди хизмати дипломати наметавонад дар мансаби дипломати карор дошта бошад:

– надоштани шахрвандии Чумхурии Точикистон;

– доштани шахрвандии давлати дигар.

  1. Дар сохтори макомоти хизмати дипломати ба шахсоне, ки бо хамдигар хешовандони наздик хисоб меёбанд (падару модар, зану шавхар, бародарон, хохарон, писарон, духтарон, фарзандхондахо, инчунин бародарон, хохарон, падару модар ва фарзандони зан ва ё шавхар, кудохо, келинхо, домодхо), ичозати кор кардан дода намешавад, агар дар кор онхо тобеи бевосита ва ё тахти назорати якдигар карор дошта бошанд.
  2. Нисбати кормандони хизмати дипломати махдудиятхое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия ва хизмати давлати пешбини шудаанд, татбик карда мешаванд.

Моддаи 14.  Аттестатсияи хайати хизмати дипломати

  1. Хайати хизмати дипломати бо максади муайян намудани мувофикат ба мансаб дар се сол як маротиба аз аттестатсияи хизмати мегузарад.

2.Тартиби гузаштани аттестатсия тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Моддаи 15.  Бозхонди хайати хизмати дипломати

  1. Хайати хизмати дипломати, ки дар муассисахои хоричи кор мекунанд, хангоми содир намудани кирдорхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ва ё давлати икомат барои онхо чавобгари мукаррар намудааст, хамчунин дар холатхои аз чониби онхо ва ё аъзои оилаи онхо содир гардидани кирдорхои ношоям ё амалхое, ки хангоми ичрои минбаъдаи ваколатхои хизмати мумкин аст ба окибатхои вазнин оварда расонад, метавонанд пеш аз мухлат ба Чумхурии Точикистон бозхонда шаванд.
  2. Амали кисми 1 моддаи мазкур инчунин ба шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон вазифахои хайати хизматрасониро ичро менамоянд, пахн мегардад.

 Моддаи 16. Тайёрии касби ва такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломати

  1. Кормандони хизмати дипломати метавонанд ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, муассисахои илмии Чумхурии Точикистон ва ё давлатхои дигар барои тахсил, бозомузи, такмили ихтисос, тачрибаомузи ва фаъолияти илми фиристода шаванд. Дар ин холат онхо ба захираи кадрии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон дохил карда мешаванд.
  2. Корманди хизмати дипломати баъди хатми тахсил, бозомузи, такмили ихтисос, тачрибаомузи ва ё фаъолияти илми ба мансабе таъйин мешавад, ки аз мансаби то давраи ба захираи кадрии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон гузарониданаш паст набошад.
  3. Мухлати тахсил, бозомузи, такмили ихтисос, тачрибаомузи ва ё фаъолияти илмии корманди хизмати дипломати дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва ё муассисахои илми ба собикаи кори у дар хизмати дипломати дохил карда мешавад.

БОБИ 3. РУТБАХОИ ДИПЛОМАТИ

Моддаи 17. Рутбахои дипломати

  1. Ба кормандони хизмати дипломатии Чумхурии Точикистон рутбахои дипломати дода мешавад.
  2. Рутбахои дипломати ба кормандони вохидхои сохтории дахлдори Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, ки масъалахои робитахои байналмилалиро пеш мебаранд, дода мешавад.
  3. Рутбахои дипломатиро Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 18. Додани рутбахои дипломати

  1. Рутбахои дипломатии Сафири Фавкулодда ва Мухтор, Фиристодаи Фавкулодда ва Мухтори дарачахои I ва II аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон дода мешаванд.
  2. Рутбахои дипломати ба дигар кормандони хизмати дипломати аз чониби Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон бо пешниходи рохбарони вохидхои сохтории Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон ва муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон якчоя бо хадамоти кадрии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон тибки мухлатхои дар кисми 1 моддаи 19 Конуни мазкур пешбинигардида дода мешаванд.
  3. Рутбахои дипломати ба кормандони вохидхои сохтории дахлдори Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон бо пешниходи рохбари Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон дода мешавад.
  4. Рутбахои дипломати якумра дода мешаванд. Корманди хизмати дипломатиро аз рутбаи дипломати танхо бо хукми суд барои содир намудани чиноятхои вазнин ва махсусан вазнин махрум кардан мумкин аст.
  5. Низомномаи тартиби додани рутбахои дипломати аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 19. Мухлати карор доштан дар рутбахои дипломати

  1. Барои кормандони хизмати дипломати мухлатхои зерини карор доштан дар рутбахои дипломати мукаррар карда мешаванд:

– барои атташе, котиби сеюм, котиби дуюми дарачаи II ва I, котиби якуми дарачаи II – ду сол;

– барои котиби якуми дарачаи I ва мушовири дарачахои II – се сол.

  1. Мухлати карор гирифтан дар рутбахои дипломати аз мушовири дарачаи I боло мукаррар карда намешавад.
  2. Ба мухлати дар рутбахои дипломати карор доштани кормандони хизмати дипломати дохил карда мешаванд:

– давраи фаъолияти кормандони вохидхои сохтории Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, ки масъалахои робитахои байналмилалиро пеш мебаранд;

– давраи хизмати дипломати дар дастгохи марказии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон;

– давраи хизмати дипломати дар муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон;

– давраи фаъолияти хизмати дипломати дар намояндагихои Вазорати корхои хоричи дар каламрави Чумхурии Точикистон;

– давраи фаъолият дар ташкилотхои байналмилали, агар корманд ба хайати кадрхои хизмати дипломатии Чумхурии Точикистон дохил бошад;

– фаъолияти илмию таълими дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва илмии Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон;

– давраи гузаштани такмили ихтисос дар муассисахои таълимию илми бо роххати Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон;

– давраи тахсили кормандоне, ки ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, аспирантура, докторантура ва муассисахои илми аз тарафи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон равон карда шудаанд.

БОБИ 4. ХУКУК, УХДАДОРИ, ХАВАСМАНДГАРДОНИ

ВА МАСЪУЛИЯТИ ХАЙАТИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТИ

Моддаи 20. Хукук ва ухдадорихои хайати хизмати дипломати

  1. Хайати хизмати дипломати вобаста ба ичрои ваколатхои худ хукук дорад:

–  аз тамоми хукук ва озодихое, ки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва конунхои Чумхурии Точикистон кафолат додаанд, истифода барад;

–  дар барраси ва халли масъалахое, ки бо ичрои вазифахо ва фаъолияти хизмати дипломати алокаманданд, иштирок кунад;

–  иттилоот, хуччатхо ва маводеро, ки барои ичрои мансабхои хизмати заруранд, бо тартиби мукарраргардида ба даст орад;

– ба рохбарияти Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон оид ба рушди минбаъда ва такмили фаъолияти макомоти хизмати дипломати таклифхо пешниход намояд;

– ба пешравии мансаби дар хизмати дипломати бо назардошти сатхи тахсилот, тайёрии касби ва тахассус пешниход карда шавад;

– барои тайёри, тахсил, бозомузи, такмили ихтисос, тачрибаомузи, инчунин фаъолияти илмию тадкикоти, аз чумла сафархои хизмати ба хорича пешбари карда шавад;

– хангоми будубош дар хорича аз имтиёзхо ва масуниятхои дар санадхои хукукии байналмилали мукарраргардида истифода барад;

– хукукхои дигареро, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, истифода намояд.

  1. Хайати хизмати дипломати хангоми ичрои ваколатхои худ ухдадор аст:

–  Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя кунад;

– риоя ва хифзи хукуку манфиатхои конунии Чумхурии Точикистон, шахрвандони он ва шахсони хукукиро дар сохаи муносибатхои байналмилали таъмин намояд;

– хифзи моликияти давлатиро дар каламрави Чумхурии Точикистон ва дар хоричи он таъмин намояд;

– вазифахо ва фаъолиятеро, ки ба зиммаи у гузошта шудаанд, софдилона ичро намуда, ба таври шоиста Чумхурии Точикистонро дар муносибат бо дигар давлатхо ва ташкилотхои байналмилали муаррифи намояд;

– фармону супоришхои рохбарони макомоти хизмати дипломатиро, ки дар доираи салохияташон содир шудаанд, ичро намояд;

–  интизоми мехнати, инчунин меъёрхои одоби дипломатиро риоя кунад;

–  сатхи ихтисоси касбии худро такмил дихад;

–  маълумоти дорои сирри давлати ва сирри дигари бо конун хифзшавандаро ошкор накунад;

– конунгузори, анъана ва одатхои давлати будубошро эхтиром намояд;

– ухдадорихои дигареро, ки дар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, ичро намояд.

Моддаи 21. Хавасмандгардонии хайати хизмати дипломати

  1. Барои кормандони хайати хизмати дипломати намудхои зерини хавасмандгардони мукаррар карда шудаанд:

– баланд бардоштан ба мансаб;

– пеш аз мухлат додани рутбаи дипломати;

– гайринавбати додани рутбаи дипломати;

– мукофотхои идорави, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд;

– мукофотонидан бо тухфаи арзишнок;

– дигар намуди хавасмандгардоние, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

  1. Хайати хизмати дипломати барои хизматхои махсус дар назди Чумхурии Точикистон метавонад бо мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон сарфароз гардонида шавад.

Моддаи 22. Чавобгарии интизомии хайати хизмати дипломати

  1. Хангоми содир намудани кирдори интизоми нисбати хайати хизмати дипломати мучозоти интизомии зерин татбик карда мешавад:

– сарзаниш;

– танбех;

– огохсози дар бораи ба мансаб мувофик набудан;

– ба муддати як сол таъхир намудани додани рутбаи навбатии дипломати ва ё таъйин намудан ба мансаби баландтар;

– паст кардани мансаб ва ё рутбаи дипломати;

– аз кор озод кардан.

  1. Мучозоти интизоми нисбати хайати хизмати дипломати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон татбик карда мешавад.

БОБИ 5. КАФОЛАТ ВА ЧУБРОН, ТАЪМИНИ МОДДИЮ ИЧТИМОИИ

ХАЙАТИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТИ

Моддаи 23. Кафолат ва чубронпулихо ба хайати хизмати дипломати хангоми кор дар хорича

  1. Ба хайати хизмати дипломати ва аъзои оилаи онхо, бо назардошти мушкилоти адои хизмат ва хатархои бо он алокаманд, инчунин хусусияти хоси давлати хоричи таъминоти моддию ичтимои фарохам оварда мешавад.
  2. Икомат кардан дар хорича ба хайати хизмати дипломати ва аъзои оилаи онхо набояд ягон зараре расонад.
  3. Хайати хизмати дипломати ва аъзои оилаи онхо бо назардошти вазъият ва шароити давлати икомат бо хизматрасонии тиббии дахлдор таъмин карда мешаванд.
  4. Ба хайати хизмати дипломати, ки дар муассисахои хоричи кор мекунанд, инчунин ба аъзои оилаи онхо, ки хамрохашон зиндаги мекунанд, хангоми бемори харочоти хизматрасонии тибби, инчунин харочоти чойгиронии фаврии корманд ё аъзои оилаи у ба муассисаи табобатии статсионари ва таъмини онхо бо хизматрасонии тибби (ба гайр аз холатхои протезмонии дандонхо ва амалиёти чаррохии накшави) пардохт карда мешавад.
  5. Хайати хизмати дипломати, ки барои кор ба муассисахои хоричи фиристода мешаванд ва аъзои оилаи онхо, ки хамрохашон ба давлати икомат сафар менамоянд, ба пардохти харочоти сафар ба хар ду тараф, ки бо рафтуомади корманди хизмати дипломати ва аъзои оилаи у ба махалли муайяншуда алока дорад, хукук дорад.
  6. Хайати хизмати дипломати ба рухсатии харсолаи асоси ва иловагии тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пардохтшаванда ва рухсатии пардохтнашаванда хукук дорад.
  7. Хангоми ба рухсатии мехнатии навбати баромадан ба хайати хизмати дипломати ва аъзои оилаи онхо, харочоти сафар аз давлати икомат ба Чумхурии Точикистон ва бозпас гаштан пардохт карда мешавад.
  8. Ба корманди хизмати дипломати, ки дар муассисахои хоричи кор мекунад, харочоти тахсили кудакони ноболиг, ки хамрохи у зиндаги мекунанд, чуброн карда мешавад, агар дар давлати икомат муассисахои тахсилоти томактаби ва миёнаи умумии шакли ройгон мавчуд набошад.
  9. Хангоми ба кор шуруъ намудани хайати хизмати дипломати дар давлати таъиншуда ба у дар хачми як маоши мансабиаш пул дода мешавад.
  10. Корманди хизмати дипломати дар давраи фаъолияташ дар хорича бояд бо назардошти шумораи аъзои оила, ки хамрохаш зиндаги мекунанд, мансаби ишголнамуда ва вазъи махал бо манзили истикомати таъмин карда шавад.
  11. Агар харочоти вокеи оид ба нигохдории манзил аз меъёрхои мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон зиёд бошад, он аз хисоби маблаги махсуси муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон чуброн карда мешавад.
  12. Дар холати рух додани низоъхои мусаллахона ва ё дар холатхои тахдид ба амнияти муассисахои хоричи ва хайати кормандони онхо, инчунин дар холати рух додани офатхои табии ва дигар вазъият дар мавзеи чойгиршавии муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон, Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон барои таъмини бехатари, химояи хайати хизмати дипломати ва аъзои оилаи бо онхо истикоматдошта тадбирхои зарури меандешад.
  13. Зараре, ки ба хайати хизмати дипломати ва ё ба аъзои оилаи онхо дар вакти икомат дар хорича, хангоми ичрои вазифахои хизмати ва ё дигар амалхои бо он алокаманд расонида шудааст, бо тартиби дар конунгузории Чумхурии Точикистон мукарраргардида чуброн карда мешавад.
  14. Дар холати фавти корманди хизмати дипломати дар давраи кор дар муассисахои хоричи ё ин ки кабл аз гузаштани як соли мухлат аз катъи кор дар муассисаи хоричии мазкур бо сабаби гирифтани зарари чисмони дар натичаи амали террористи ва ё амалхои дигаре, ки хусусияти зуровари доранд, ба ворисони у (дар сурати пешниход кардани шаходатнома оид ба мерос) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон кумакпулии якдафъина пардохт карда мешавад.
  15. Дар холати фавти корманди хайати хизмати дипломати дар давраи кор дар муассисахои хоричи ба аъзои оилаи онхо чубронпулихои зерин пардохт карда мешаванд:

– кумакпулии якдафъаина аз хисоби маблаги муассисахои хоричи;

– харочоти бозгашти аъзои оилаи мархум ба Чумхурии Точикистон ва интиколи часади корманди фавтида ба Чумхурии Точикистон.

  1. Корманди хизмати дипломати, ки барои кор ба муассисахои хоричи фиристода шудааст, хангоми ба итмом расидани мухлати хизмат дар муассисахои хоричи хукук дорад, ки воситаи наклиёти шахсии дар давлати икомат мавриди истифода карордошта ва тачхизоту дигар воситаи рузгорашро ба Чумхурии Точикистон бе пардохти бочи гумруки ва дигар пардохтхои хатми ворид намояд.
  2. Тартиби пардохт ва андозаи чубронпулихо барои хайати хизмати дипломати аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 24. Кафолатхои иловаги ба кормандони хизмати дипломати, ки дар давлатхои  хоричи дар шароити холатхои фавкулодда ё низоъхои мусаллахона кор мекунанд

  1. Ба кормандони хизмати дипломати, ки дар давлатхои хоричи дар шароити холатхои фавкулодда ё низоъхои мусаллахона кор мекунанд, иловапули ба маоши мансаби бо асъори хоричи дар хачми 20 фоизи музди мехнати мансаби пардохт карда мешавад.
  2. Номгуи давлатхои дар шароити холати фавкулодда ва ё низоъхои мусаллахона карордоштаро бо пешниходи Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон Президенти Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

Моддаи 25. Муносибатхои мехнатии хайати хизмати дипломати

Муносибатхои мехнатии кормандони хизмати дипломати мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 26. Пардохти музди мехнати хайати хизмати дипломати

  1. Музди мехнати хайати хизмати дипломати, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон кор мекунад, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пардохта мешавад.
  2. Музди мехнати хайати хизмати дипломати дар муассисахои хоричи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо назардошти шароити ичтимоию иктисоди ва моддию маишии давлати икомат муайян карда мешавад.
  3. Андоза ва тартиби пардохти иловапули ба хайати хизмати дипломати барои рутбаи дипломати ва донистани забонхои хоричи ба кормандони хизмати дипломатии Чумхурии Точикистон аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  4. Ба хайати хизмати дипломати барои харидани либосу анчом як маротиба дар ду сол ба андозаи панчох нишондиханда барои хисобхо маблаг мукаррар гардида, он аз маблаги махсуси макомоти хизмати дипломати пардохт карда мешавад.

Моддаи 27. Таъминоти нафакави ва хифзи ичтимоии хайати хизмати дипломати

Таъминоти нафакави ва хифзи ичтимоии кормандони хизмати дипломати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 6. КАТЪ ГАРДИДАНИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТИ

Моддаи 28. Катъ гардидани муносибатхои мехнатии хайати хизмати дипломати

Барои катъ гардидани хизмати дипломати холатхои зерин асос шуда метавонанд:

– аризаи хатти дар хусуси бо хохиши худ аз кор рафтан;

– ба синни нихоии нафака расидани корманди хайати хизмати дипломати, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар гардидааст;

– бе сабаби узрнок саркаши намудани корманд аз фиристодан барои кор ба муассисахои хоричии Чумхурии Точикистон бо тартиби чойивазкуни (ротатсия);

– пешниход кардани маълумоти бардуруг аз чониби хайати хизмати дипломати оид ба даромад ва вазъи молумулки;

– риоя накардани тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи танзими анъана ва чашну маросимхо;

– махрум шудан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон ё гирифтани шахрвандии давлати хоричи;

– асосхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

БОБИ 7. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 29. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи хизмати дипломати»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи хизмати дипломати» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2002, №11, мод. 666; с. 2006, №11, мод.471) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 31. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти 

Чумхурии Точикистон                                                                   Эмомали РАХМОН

 

ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014,

№1173

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …