Главная / Гуногун / Витаминҳое, ки ба организми одам зарур аст

Витаминҳое, ки ба организми одам зарур аст

Витаминҳо – пайвастҳои органикӣ буда, манбаи қувва дар организми инсон ҳисобида намешаванд, лекин барои мубодилаи мӯътадили модда ва ҳаёти организм ниҳоят заруранд. Одам витаминҳоро аз хӯрокҳои гуногуни серғизо мегирад. Витаминҳо ба ҳаёти одам ва нигоҳ доштани саломатӣ кӯмак мерасонад. Худи маънои витамин аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои Vita – ҳаёт мебошад.

vitaminho

Аксари витаминҳоро шартан бо ҳарфҳои лотинӣ (масалан, витаминҳои А, В, С ва ғайра) ишора мекунанд. На ҳама витаминҳои ғизоҳо устуворанд. Онҳо бо таъсири як қатор омилҳои беруна зуд вайрон мешаванд.

Fизои тару тоза назар ба ғизои консервонида сервитамин аст. Муддати зиёд нигоҳ доштани хӯрокворӣ, хушконидан ва пухтани он боиси вайроншавии витаминҳо (махсусан витамини С) мегардад.

Бинобар ин барои нигоҳ доштани витаминҳо қоидаҳои пухтупаз ва нигоҳ доштани хӯроквориро риоя намудан лозим аст. Ҳар як витамин ба худ хос хосиятҳоро дорад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …