Главная / Гуногун / Вазъияти кишоварзии Испания дар ниман дуюми асри XIX

Вазъияти кишоварзии Испания дар ниман дуюми асри XIX

Испания дар нимаи дуюми асри XIX мисли пештара давлати кишоварзӣ буд. Ҳарчанд дар асри XIX дар ин мамлакат муносибатҳои сармоядорӣ ташаккул ёфтанд ва 5 маротиба инқилобҳои буржуазӣ ба амал омаданд, лекин дар натиҷаи онҳо симои деҳоти Испания он қадар тағьйир наёфт. Ислоҳоти куллии кишоварзй ба амал бароварда нашуд. Тақсимоти замин ба гурӯҳҳои аҳолии кишоварз ба куллй нобаробар буд. 2 фоизи мулкдорон 67 фоизи заминҳои киштбобро соҳибӣ мекарданд. 82 фоизи мулкдорони дигари деҳот бошанд, танҳо 15 фоизи заминро. 39 фоизи кишоварзон ҳамагӣ 1-гектарӣ замин доштанд, км ин 1,1 фоизи ҳамаи заминҳои киштбоби мамлакатро ташкил менамуд.

Заминдорони калон дар марказ ва ҷануби мамлакат заминҳоро бо тарзи нимфеодалй истифода мебурданд. Тахминан 48 фоизи замин умуман кишт карда намешуд.

То соли 1890 Испания умуман мошинҳои кишоварзиро намедонист. Заминдорон аз нуриҳои сунъй низ истифода намебурданд. Аз руӣ ҳисоботи омории соли 1881-ум 47 фоизи деҳқонони испанй иҷоракор буданд. Ба ин адад иҷоракорони дарозмуддат дохил нашудаанд. Аз ин рӯ, дар амал иҷоракорон хеле зиёд буданд.

Рушди сармоядорй дар кишоварзӣ дар ҳолати суръати ниҳоят сусти тараққиёти саноат сабабгори асосии ба вуҷуд омадани табақаи коргарони деҳот шуд. Дар айни замой, заминдорони калон дар заминҳои худ зироатҳои техникиро парвариш намуда, I корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ сохта, ба соҳибкорон

мубаддал мегардиданд. Соли 1900 дар Испания 45 заводи қанд мавҷуд буд, ки аксарияти онҳо ба заминдорон тааллуқ доштанд. Баъзе заминдорони калон ба сохтмони роҳҳои оҳан ва баровардани вомбаргҳо маблағгузорй мекарданд. Ҳамин тариқ деҳоти феодалии (заминдор) Испания сол то сол бо унсурҳои сармоядорй омезиш меёфт.

Табақаи ҳукмронӣ Испания то охирҳои асри XIX маблағгузориро нисбат ба саноат ба коғазҳои қиматнок ва вомбарги давлатй афзалтар медонист. Қарзи давдатии Испания то соли 1881 қариб ба 11 млрд песета расид.

Тараққиётн саноат ва савдои Испания дар охирҳои асри XIX. Суръати пешрафти саноати Испания дар чоряки чоруми асри XIX низ ниҳоят паст буд. Дар ин мамлакат чунин соҳахои саноат ба монанди химия ва электротехника қариб тамоман вуҷуд надошг. Асосан саноати кӯҳй пеш мерафт. Истеҳсоли оҳан ва ангишт дар солҳои 1882 – 1900 ба ҳисоби миёна ду баробар афзуд, вале қисм зиёди маъдани истеҳсолкардашуда – то 90 фоиз ба хориҷи кишвар содир карда мешуд ва пеш аз ҳама, ба Англия ва Германия.

Сарфн назар аз ин саноат ташаккул меёфт. То охири асри XIX корхонаҳои маъдангудозй аз нав сохта, такмил дода шуданд. Ин буд, ки Испания соли 1900 нисбат ба Фаронса қариб якуним баробар зиёдтар чӯян гудохт, вале 17 баробар камтар пӯлод ва 9 баробар камтар маъдани дигар истеҳсол кард. Ақибмонии Испания аз мамлакатҳои пешқадами сармоядорй ба ҳисоби ҳар сари аҳолй бештар ба чашм мерасад. Аз рӯи ин ҳисоб нисбат ба Испания Англия 15 баробар. Германия 13 баробар ва Фаронса 8 баробар пештар меистоданд.   *

Дар Испания дарозии роҳҳои оҳан аз соли 1870 то соли 1896 ду баробар афзуда, аз чор як ҳиссаи роҳҳои оҳани Германияро ташкил дод. Сарфи назар аз ин дар Испания марказонидани истеҳсолот ва сармоя торафт суръати бештар касб мекард. Соли 1386 қариб 60 фоизи роҳҳои оҳани сохташуда ба се ширкати калонтарини зерин тааллуқ доштанд: “Порте”, “Мадрид-Сарагоса-Аликанте” ва Андалуса”. Теъдоди ҷамъиятҳои саҳҳомии тиҷоратй бемайлон меафзуд. Сармояи онҳо аз соли 1884 то соли 1900 қариб 4 баробар афзуд. Дар натиҷаи қонуни маҷбуркунии соли 1892 корхонаҳои начандон зиёди саноатие ба вуҷуд омаданд, ки сармояи хориҷй дар сохтмони онҳо ширкат варзид.

Саноати бофандагй асосан дар Каталония тараққй ва марказонида мешуд. То соли 1897 қариб 15 фоизи маҳсулоти ин қабил корхонаҳои саноати ба хориҷи кишвар, аз он ҷумла ба мустамликаҳо содир карда мешуд ва пеш аз ҳама, ба Куба, Филиппин ва Пуэрто-Рико.

Дарҳои саноати Испания барои воридшавиии сармояи хориҷӣ кушода буданд. Вале таваҷҷӯҳи сармояи хоричиро дар Испания бештар конҳои оҳан, мис, сурб, қӯрғошим ва ғайра ҷалб мекарданд. Барои истеҳсоли ин маъданҳо дар даҳсолаҳои охири асри XIX дар Испания корхонаҳои калони хориҷӣ ва омехта сохта шуданд. Сармояи хоричй ва пеш аз ҳама, сармояи Фаронса ва Белгия асосан ба сохтмони роҳҳои оҳан ва корхонаҳои коммуналӣ ворид мешуданд. Сармояи хориҷй ашёи хоми Испанияро ба хориҷа содир намуда, ба пешрафти саноати ин мамлакат халал мерасонд, Испанияро ба бозори молфурушин давлатҳои хоричй табдил медод.

Ҳукуматҳои Консерваторҳо ва либералҳо. Баъд аз шикасти инқилоби солҳои 1868 – 1876 сарвари ҳизби консерваторон Кановас дел Кастилио ҳукуматеро ташкил кард, ки он ҳамаи амри қонунҳои замони ҷумҳуриро бекор кард. Фаъолияти созмоҳои коргариро манъ ва шӯриши карлчиёнро дар Шимол пахш кард Танҳо баъд аз ин интихоботро ба кортесҳо таъйин намуд. Сарфи назар аз ин ҳукумати консерваторон дар тўли даҳсолаи аввал баъди эҳёи мутлақият мустаҳкам набуд. Сиёсати ҳукумат дар Куба норозигии калони мардумро ба вуҷуд овард. Дар он ҷо соли 1868 ба муқобили ҳукмронии Испания шӯриши халқй cap зад. Генерал Мартинес Кампос, ки яке аз маҳвкунандагони халқи Куба буд, маҷбур шуд изҳор намояд, ки барои мавҷудияти ҳокимияти Испания дар мустамликаҳо ва идораи онҳо ислоҳот зарур аст. Аз ин рӯ, соли 1878 бо шӯришчиёни Куба Созишномаи сулҳи Санон ба имзо расонда шуд. Моҳи январи соли 1880 оқибат қонун дар бораи барҳамзании ғуломдорӣ дар Куба қабул гардид.

Моҳи феврали соли 1881 бо сардорин Сагасте ҳукумат Ҳизби либералй ташкил карда шуд. Ин ҳукумат дар мампако баъзе ислоҳотҳои демократй гузаронд. Вай озодии матбуот созмонҳо ва ғайраро эълон намуд. Ба нафъи буржуазия тиҷоратию милиявй барои молҳои ба мамлакат воридшаванд нархномаҳои гумрукӣ кам карда шуданд. Соли 1882 Созишнома тиҷоратии Испанияю Фаронса ба имзо расид, ки дар натиҷа татбиқи он ба Испания сели молҳои бофандагии Фаронса зада даромад. Инчунин андоз ба корхонаҳои саноатй зиёд карда шуд. Ин чорабиниҳо норозигии буржуазиям саноатии Испанияро ба вуҷуд оварданд. Соли 1883дар якчанд гарнизонҳои артиш шӯришҳо ба амал омаданд. Вале, бо сабаби он ки онҳо ба оммаи васеи халқ такя намекарданд, ногузир ба шикаст анҷом ёфтанд.

Соли 1885 шоҳ Алфонси ХVI вафот кард. Регенти (пуштибон) тахти шоҳӣ завҷаи ӯ Мария Кристина эълон гардид. Ин замон дар бани и сарварони ҳизбҳои Консерваторҳо ва либералҳо Кановас ва Сагасте созише ба даст омад, ки мувофиқи он онҳо ӯҳдадор шуданд, ки мутлақиятро дастгирӣ мекунанд. Ин қарордод номи “пак ги эл Парде” (аз номи “касри Эл Пардо”-и шоҳ, ки дар он ҷо гуфтушунид ва қабули карордоди мазкур дойр гардидааст)-ро гирифтааст. Дар баробари ин ҳар ду ҳизб ба қарор омаданд, ки бо навбат ба ҳокимият соҳиб мешаванд, то ки режими мавҷударо мустаҳкам намоянд. Ин маънон онро дорад, ки Испания акнун ба тӯъмаи ду ҳизби сиёсӣ табдил ёфт. Кадоме аз ин ҳизбҳо дар сари ҳокимият бошад, дар мамлакат ақибмонй, хазинадуздй, порахўрй, сӯиистеъмол аз вазифа ва зуҳуроти дигари манфй ҳукмрон буданд. Ҳар яке аз ин ҳизбҳо, ки ба сари қудрат меомаданд, кортесҳоро пароканда намуда, интихоботи нави онро ташкил мекарданд. Дар рафти интихобот ҳизби хукмрон тамоми имкониятхои ҳокимияти давлатиро ба кор мебурд, то ки дар кортесҳо аксарияро барои худ таъмин намояд. Барой ҳамин бисер вақт оммаи аҳолй аз интихобот cap метофт.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …