Главная / Гуногун / Вазъияти кишоварзии Испания дар ниман дуюми асри XIX

Вазъияти кишоварзии Испания дар ниман дуюми асри XIX

Испания дар нимаи дуюми асри XIX мисли пештара давлати кишоварзи буд. Харчанд дар асри XIX дар ин мамлакат муносибатхои сармоядори ташаккул ёфтанд ва 5 маротиба инкилобхои буржуази ба амал омаданд, лекин дар натичаи онхо симои дехоти Испания он кадар тагьйир наёфт. Ислохоти куллии кишоварзй ба амал бароварда нашуд. Таксимоти замин ба гуруххои ахолии кишоварз ба куллй нобаробар буд. 2 фоизи мулкдорон 67 фоизи заминхои киштбобро сохиби мекарданд. 82 фоизи мулкдорони дигари дехот бошанд, танхо 15 фоизи заминро. 39 фоизи кишоварзон хамаги 1-гектари замин доштанд, км ин 1,1 фоизи хамаи заминхои киштбоби мамлакатро ташкил менамуд.

Заминдорони калон дар марказ ва чануби мамлакат заминхоро бо тарзи нимфеодалй истифода мебурданд. Тахминан 48 фоизи замин умуман кишт карда намешуд.

То соли 1890 Испания умуман мошинхои кишоварзиро намедонист. Заминдорон аз нурихои сунъй низ истифода намебурданд. Аз руи хисоботи омории соли 1881-ум 47 фоизи дехконони испанй ичоракор буданд. Ба ин адад ичоракорони дарозмуддат дохил нашудаанд. Аз ин ру, дар амал ичоракорон хеле зиёд буданд.

Рушди сармоядорй дар кишоварзи дар холати суръати нихоят сусти тараккиёти саноат сабабгори асосии ба вучуд омадани табакаи коргарони дехот шуд. Дар айни замой, заминдорони калон дар заминхои худ зироатхои техникиро парвариш намуда, I корхонахои коркарди махсулоти кишоварзи сохта, ба сохибкорон

мубаддал мегардиданд. Соли 1900 дар Испания 45 заводи канд мавчуд буд, ки аксарияти онхо ба заминдорон тааллук доштанд. Баъзе заминдорони калон ба сохтмони роххои охан ва баровардани вомбаргхо маблаггузорй мекарданд. Хамин тарик дехоти феодалии (заминдор) Испания сол то сол бо унсурхои сармоядорй омезиш меёфт.

Табакаи хукмрони Испания то охирхои асри XIX маблаггузориро нисбат ба саноат ба когазхои киматнок ва вомбарги давлатй афзалтар медонист. Карзи давдатии Испания то соли 1881 кариб ба 11 млрд песета расид.

Тараккиётн саноат ва савдои Испания дар охирхои асри XIX. Суръати пешрафти саноати Испания дар чоряки чоруми асри XIX низ нихоят паст буд. Дар ин мамлакат чунин сохахои саноат ба монанди химия ва электротехника кариб тамоман вучуд надошг. Асосан саноати кухй пеш мерафт. Истехсоли охан ва ангишт дар солхои 1882 – 1900 ба хисоби миёна ду баробар афзуд, вале кисм зиёди маъдани истехсолкардашуда – то 90 фоиз ба хоричи кишвар содир карда мешуд ва пеш аз хама, ба Англия ва Германия.

Сарфн назар аз ин саноат ташаккул меёфт. То охири асри XIX корхонахои маъдангудозй аз нав сохта, такмил дода шуданд. Ин буд, ки Испания соли 1900 нисбат ба Фаронса кариб якуним баробар зиёдтар чуян гудохт, вале 17 баробар камтар пулод ва 9 баробар камтар маъдани дигар истехсол кард. Акибмонии Испания аз мамлакатхои пешкадами сармоядорй ба хисоби хар сари ахолй бештар ба чашм мерасад. Аз руи ин хисоб нисбат ба Испания Англия 15 баробар. Германия 13 баробар ва Фаронса 8 баробар пештар меистоданд.   *

Дар Испания дарозии роххои охан аз соли 1870 то соли 1896 ду баробар афзуда, аз чор як хиссаи роххои охани Германияро ташкил дод. Сарфи назар аз ин дар Испания марказонидани истехсолот ва сармоя торафт суръати бештар касб мекард. Соли 1386 кариб 60 фоизи роххои охани сохташуда ба се ширкати калонтарини зерин тааллук доштанд: “Порте”, “Мадрид-Сарагоса-Аликанте” ва Андалуса”. Теъдоди чамъиятхои саххомии тичоратй бемайлон меафзуд. Сармояи онхо аз соли 1884 то соли 1900 кариб 4 баробар афзуд. Дар натичаи конуни мачбуркунии соли 1892 корхонахои начандон зиёди саноатие ба вучуд омаданд, ки сармояи хоричй дар сохтмони онхо ширкат варзид.

Саноати бофандагй асосан дар Каталония тараккй ва марказонида мешуд. То соли 1897 кариб 15 фоизи махсулоти ин кабил корхонахои саноати ба хоричи кишвар, аз он чумла ба мустамликахо содир карда мешуд ва пеш аз хама, ба Куба, Филиппин ва Пуэрто-Рико.

Дархои саноати Испания барои воридшавиии сармояи хоричи кушода буданд. Вале таваччухи сармояи хоричиро дар Испания бештар конхои охан, мис, сурб, кургошим ва гайра чалб мекарданд. Барои истехсоли ин маъданхо дар дахсолахои охири асри XIX дар Испания корхонахои калони хоричи ва омехта сохта шуданд. Сармояи хоричй ва пеш аз хама, сармояи Фаронса ва Белгия асосан ба сохтмони роххои охан ва корхонахои коммунали ворид мешуданд. Сармояи хоричй ашёи хоми Испанияро ба хорича содир намуда, ба пешрафти саноати ин мамлакат халал мерасонд, Испанияро ба бозори молфурушин давлатхои хоричй табдил медод.

Хукуматхои Консерваторхо ва либералхо. Баъд аз шикасти инкилоби солхои 1868 – 1876 сарвари хизби консерваторон Кановас дел Кастилио хукуматеро ташкил кард, ки он хамаи амри конунхои замони чумхуриро бекор кард. Фаъолияти созмохои коргариро манъ ва шуриши карлчиёнро дар Шимол пахш кард Танхо баъд аз ин интихоботро ба кортесхо таъйин намуд. Сарфи назар аз ин хукумати консерваторон дар тули дахсолаи аввал баъди эхёи мутлакият мустахкам набуд. Сиёсати хукумат дар Куба норозигии калони мардумро ба вучуд овард. Дар он чо соли 1868 ба мукобили хукмронии Испания шуриши халкй cap зад. Генерал Мартинес Кампос, ки яке аз махвкунандагони халки Куба буд, мачбур шуд изхор намояд, ки барои мавчудияти хокимияти Испания дар мустамликахо ва идораи онхо ислохот зарур аст. Аз ин ру, соли 1878 бо шуришчиёни Куба Созишномаи сулхи Санон ба имзо расонда шуд. Мохи январи соли 1880 окибат конун дар бораи бархамзании гуломдори дар Куба кабул гардид.

Мохи феврали соли 1881 бо сардорин Сагасте хукумат Хизби либералй ташкил карда шуд. Ин хукумат дар мампако баъзе ислохотхои демократй гузаронд. Вай озодии матбуот созмонхо ва гайраро эълон намуд. Ба нафъи буржуазия тичоратию милиявй барои молхои ба мамлакат воридшаванд нархномахои гумруки кам карда шуданд. Соли 1882 Созишнома тичоратии Испанияю Фаронса ба имзо расид, ки дар натича татбики он ба Испания сели молхои бофандагии Фаронса зада даромад. Инчунин андоз ба корхонахои саноатй зиёд карда шуд. Ин чорабинихо норозигии буржуазиям саноатии Испанияро ба вучуд оварданд. Соли 1883дар якчанд гарнизонхои артиш шуришхо ба амал омаданд. Вале, бо сабаби он ки онхо ба оммаи васеи халк такя намекарданд, ногузир ба шикаст анчом ёфтанд.

Соли 1885 шох Алфонси ХVI вафот кард. Регенти (пуштибон) тахти шохи завчаи у Мария Кристина эълон гардид. Ин замон дар бани и сарварони хизбхои Консерваторхо ва либералхо Кановас ва Сагасте созише ба даст омад, ки мувофики он онхо ухдадор шуданд, ки мутлакиятро дастгири мекунанд. Ин карордод номи “пак ги эл Парде” (аз номи “касри Эл Пардо”-и шох, ки дар он чо гуфтушунид ва кабули карордоди мазкур дойр гардидааст)-ро гирифтааст. Дар баробари ин хар ду хизб ба карор омаданд, ки бо навбат ба хокимият сохиб мешаванд, то ки режими мавчударо мустахкам намоянд. Ин маънон онро дорад, ки Испания акнун ба туъмаи ду хизби сиёси табдил ёфт. Кадоме аз ин хизбхо дар сари хокимият бошад, дар мамлакат акибмонй, хазинадуздй, порахурй, суиистеъмол аз вазифа ва зухуроти дигари манфй хукмрон буданд. Хар яке аз ин хизбхо, ки ба сари кудрат меомаданд, кортесхоро пароканда намуда, интихоботи нави онро ташкил мекарданд. Дар рафти интихобот хизби хукмрон тамоми имкониятхои хокимияти давлатиро ба кор мебурд, то ки дар кортесхо аксарияро барои худ таъмин намояд. Барой хамин бисер вакт оммаи ахолй аз интихобот cap метофт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …