Главная / Ҷамъият / Вазифаи зан дар назди шавҳар

Вазифаи зан дар назди шавҳар

Гарчанде ҳуқуқу вазифаҳои марду зан баробар бошанд ҳам вале баъзе тафовутҳо байни вазифаҳои зану мард ҳангомӣ оиладорӣ мавҷуд аст, ки аз инҳо иборат мебошанд.

zan-mardРасули Худо САВ гуфтааст: Агар зан намози 5 вақтаро хонад, рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро гирад, Фармонбардори шавҳараш бошад пас ӯ баъди маргаш ба Биҳишт  меравад.

Ҳаммаи ин талаботҳои овардашуда мутобиқи талаботи дини Ислом мебошад. Хуллас чунин вазифаҳои зан дар назди мард мебошанд (Ҳақи шавҳар болои зан):

  1. Тарбияи зан ба ӯҳдадори мард дохил мешавад ва зан ӯҳдадор аст, ки супоришҳои мардашро иҷро намояд;
  2. Зан ҳуқуқ надорад, ки нисбати шавҳараш шикояте ба волидонаш (Падару модараш) намояд ва гапи хонаро ба кӯча бубарад. Ҳолати истисно ҳамон вақтест, ки агар мард амалҳои ғайри шариатиро пеша гирад;
  3. Зан бояд дилхоҳ вақт талаботи мардонагии шавҳарашро иҷро намояд. Истисно ҳолатест агар зан дар ҳолати ҳайз қарор дошта бошад ё бемории вазнин. Дар ҳадисе оварда шудааст, ки агар зан ба талаботи шаҳвонии мард итоат накунад пас ӯро фариштаҳо лаънат мехонанд;
  4. Зан бе иҷозати мард рӯзаи ихтиёриро гирифтан ҳақ надорад. Чунки дар вақти рӯзадорӣ шаҳвати мард метавон пайдо шавад ваз ан онро қонеъ карда натавонад ва ин боиси поймол кардани ҳуқуқи зан оварда мерасонад;
  5. Зан ҳуқуқ надорад, ки бе иҷозати мард аз хона барояд. Истисно ҳолате аст, агар зан ба масҷид ва ё хонаи волидонаш равад ва барои ин донад ки ғазаби шавҳараш нахоҳад шуд.
  6. Агар шавҳар бо занҳои муайян суҳбат карданро ба оилаи худаш иҷозат надиҳад пас ин талабот низ иҷро шавад;
  7. Зан вазифадор аст, ки то омадани шавҳар молу мулки онро ҳифз намояд ва бе иҷозати соҳибаш ба тақсимоти дороӣ машғул шавад;
  8. Ҳар чизе ки шавҳар ба хона меорад шукргузорӣ намояд;
  9. Шавҳари худро бо шавҳари дигарон қиёс накунад ва чунин суҳбатҳоро ҳам барпо нанамояд;
  10. Агар зан шаваҳарашро хафа карда бошад гарчанде зан бегуноҳ бошад, ҳам бояд аз мардаш узр пурсад. Намозу хайри зане ки мардашро ба ҷаҳолат овардааст қабул шуморида намешавад то он даме, ки шавҳараш ӯро набахшад. Истисно ҳолатҳои ғайри шаръӣ мебошанд;
  11. Зан бояд Падару модар ва хешовандони шавҳарашро эҳтиром намояд;
  12. Зан ҳуқуқ надорад, ки шахсони ба шавҳараш номаъқулро ба хонаи худашон иҷозати ворид шудан намояд;
  13. Ҳаммаи ҳусни зебоии худро зан бояд ба марди худ бубахшад;
  14. Иваз кардани либоси худ танҳо дар утоқи шавҳараш иҷозат дода шудааст;
  15. Сири шавҳарашро, алоқаи ҷинсии онҳо ва камбудиҳои ӯро ба бегонагон набояд гӯяд;
  16. Асаби шавҳарро ноором накунад ва саволи зиёде надиҳад;

Агар зан хоҳад ки дили марди худро тасхир намояд пас ин гуфтаҳоро иҷро намояд ва гоҳ-гоҳ нази марди худ таъзим орад. Таъзими самимии зан дили мардро ором ва фаррох менамояд.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

laylatulqadr

Шаби қадр 2019 ба шоми 31-уми май рост меояд

Шаби қадр, лайлатулқадр (ар. لَيْلَةُ الْقَدْر‎) — шаби муайяншавии тақдир, ғолибан шаби 27-уми моҳи Рамазон, ки беҳтарин шаб барои ибодат …