Главная / Чамъият / Вазифаи зан дар назди шавхар

Вазифаи зан дар назди шавхар

Гарчанде хукуку вазифахои марду зан баробар бошанд хам вале баъзе тафовутхо байни вазифахои зану мард хангоми оиладори мавчуд аст, ки аз инхо иборат мебошанд.

zan-mardРасули Худо САВ гуфтааст: Агар зан намози 5 вактаро хонад, рузаи мохи шарифи Рамазонро гирад, Фармонбардори шавхараш бошад пас у баъди маргаш ба Бихишт  меравад.

Хаммаи ин талаботхои овардашуда мутобики талаботи дини Ислом мебошад. Хуллас чунин вазифахои зан дар назди мард мебошанд (Хаки шавхар болои зан):

  1. Тарбияи зан ба ухдадори мард дохил мешавад ва зан ухдадор аст, ки супоришхои мардашро ичро намояд;
  2. Зан хукук надорад, ки нисбати шавхараш шикояте ба волидонаш (Падару модараш) намояд ва гапи хонаро ба куча бубарад. Холати истисно хамон вактест, ки агар мард амалхои гайри шариатиро пеша гирад;
  3. Зан бояд дилхох вакт талаботи мардонагии шавхарашро ичро намояд. Истисно холатест агар зан дар холати хайз карор дошта бошад ё бемории вазнин. Дар хадисе оварда шудааст, ки агар зан ба талаботи шахвонии мард итоат накунад пас уро фариштахо лаънат мехонанд;
  4. Зан бе ичозати мард рузаи ихтиёриро гирифтан хак надорад. Чунки дар вакти рузадори шахвати мард метавон пайдо шавад ваз ан онро конеъ карда натавонад ва ин боиси поймол кардани хукуки зан оварда мерасонад;
  5. Зан хукук надорад, ки бе ичозати мард аз хона барояд. Истисно холате аст, агар зан ба масчид ва ё хонаи волидонаш равад ва барои ин донад ки газаби шавхараш нахохад шуд.
  6. Агар шавхар бо занхои муайян сухбат карданро ба оилаи худаш ичозат надихад пас ин талабот низ ичро шавад;
  7. Зан вазифадор аст, ки то омадани шавхар молу мулки онро хифз намояд ва бе ичозати сохибаш ба таксимоти дорои машгул шавад;
  8. Хар чизе ки шавхар ба хона меорад шукргузори намояд;
  9. Шавхари худро бо шавхари дигарон киёс накунад ва чунин сухбатхоро хам барпо нанамояд;
  10. Агар зан шавахарашро хафа карда бошад гарчанде зан бегунох бошад, хам бояд аз мардаш узр пурсад. Намозу хайри зане ки мардашро ба чахолат овардааст кабул шуморида намешавад то он даме, ки шавхараш уро набахшад. Истисно холатхои гайри шаръи мебошанд;
  11. Зан бояд Падару модар ва хешовандони шавхарашро эхтиром намояд;
  12. Зан хукук надорад, ки шахсони ба шавхараш номаъкулро ба хонаи худашон ичозати ворид шудан намояд;
  13. Хаммаи хусни зебоии худро зан бояд ба марди худ бубахшад;
  14. Иваз кардани либоси худ танхо дар утоки шавхараш ичозат дода шудааст;
  15. Сири шавхарашро, алокаи чинсии онхо ва камбудихои уро ба бегонагон набояд гуяд;
  16. Асаби шавхарро ноором накунад ва саволи зиёде надихад;

Агар зан хохад ки дили марди худро тасхир намояд пас ин гуфтахоро ичро намояд ва гох-гох нази марди худ таъзим орад. Таъзими самимии зан дили мардро ором ва фаррох менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …