Главная / Илм / Вазифаи пул аз кадомҳо иборат мебошанд?

Вазифаи пул аз кадомҳо иборат мебошанд?

 Вазифаҳои асосии пул ва тавсифи онҳо

Пул – ин моли махсусе мебошад, ки роли эквиваленти ҳамаи молҳоро бозида меҳнати ҷамъияти молистеҳсолкунандагонро дар маҳсулоти конкретӣ ифода мекунад. (Нигаред ба нақшаи 1). Пул ин чун хун дар иктисодиёт мебошад.

Нақшаи 1

Намудҳои пул

Филизӣ (металлӣ)

Қоғазӣ (қарзӣ)

Гардиши ғайринақдӣ

Вазифаҳои пул

Ченаки арзиш

Гардиши пулӣ

Нақдӣ

Ғайринақдӣ

Воситаи муомилот

Воситаи пардохт

Воситаи ғункунӣ

Пулҳои ҷаҳонӣ

Моҳияти пул дар вазифаҳои он зоҳир мегардад. Вазифаҳои пул нақши онро дар ҳаёти хоҷагидории ҷамъият муайян мекунанд. Ин нақши пул дар инҳо зоҳир мегардад:

  • пул – ин мол, эквивалент буда, ҳангоми мубодилаи молҳои (корҳо, хизматҳо) гуногун ба сифати миёнарав баромад карда, ба сарфаи вақт ва меҳнат мусоидат менамояд;
  • пул – ин фишанги таҷрибаи хоҷагидорист. Он ҳангоми ҳисобҳои муҳосиботӣ, идоравӣ ва оморӣ, ҳангоми таҳияи тавозуни муҳосиботӣ ва нақшаи молиявӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мешавад. Пул – ин забони бозор аст.
  • пул ҳангоми омўзиш ва ҳалли чунин ҳодисаҳои ҳаёти хоҷагидорӣ ба монанди таваррум, дефлятсия, бекорӣ ва ғайраҳо истифода мешавад.

Дар истеҳсоли молӣ пул чунин вазифаҳоро иҷро мекунад:
1. ченаки арзиш;
2. воситаи муомилот;
3. воситаи пардохт;
4. воситаи ғункунӣ;
5. пулҳои ҷаҳонӣ;

puli-nukra
1. Ченаки арзиш – ин пул ҳамчун эквиваленти умумии арзиши ҳамаи молҳо ифода ёфтан мебошад. Ифодаи пули арзиши мол нарх номида мешавад, яъне бо воситаи пул нархи молҳои ҳархела бо масштаби якхела оварда мешавад. Ба сифати воҳиди пули ҳар як давлат ё гурўҳи давлатҳо номгўи пули худро истифода мебаранд.Тоҷикистон-сомон, Россия-рубл, Қазоқистон-танга, Иттиҳодияи Аврупо-Евро, ИМА-доллар ва ғайра.

  • Воситаи муомилот – пули расмиро ҳамчун воситаи муомилот дар формулаи зерин ифода намудан мумкин аст: М-П-М´-П´.
  • Воситаи пардохт – барои мубодилаи молҳо пул ҳамчун воситаи пардохт ба шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ иштирок мекунад.
  • Воситаи ғункунӣ – дар вақти харидани воситаҳои асосӣ мағозаю дўкону корхонаҳо, харидани воситаҳои нақлиёт…асбобҳои қиммати ороишӣ, ҷамъ кардани маблағ барои харидани хонаҳо ва гузаронидани маросимҳо, ҳамчун воситаи ғункунӣ иштирок менамояд.
  • Воҳиди пулии давлатҳое, ки бевосита ва бемамоният дар байни давлатҳо дар ҷараёни мубодила иштирок мекунанд, пулҳои ҷаҳонӣ номида мешавад. Ин доллари ИМА, Евро ва рубли Россия….

Намудҳои пул.

Пул намудҳои зерин доранд:

    • пули тиллоӣ – металлӣ;
    • пулҳои қарзӣ – пулҳои қоғазин;
    • пулҳои гардиши ғайринақдӣ;

Дар асрҳои XIX ва XX дар тамоми мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон пули тиллоиро истифода мебурданд.
Хусусияти хоси пулҳои тиллоӣ, аз он иборат аст, ки онҳо арзиши худро доранд. Инчунин дар давоми муддати зиёд қурби худро гум намекунанд. Ин маънои онро дорад, ки чӣ қадаре, ки танга аз талабот зиёд истеҳсол карда шавад, онҳо аз гардиш ба хазина мераванд. Аз сабаби он, ки захираи тиллоӣ то рафт кам шуда, барои гардиш миқдори зиёди тилло лозим шуд, аксарияти давлатҳо ба шакли нави пул гузаштанд. Ин шакли пул – пулҳои қоғазӣ ё қарзӣ мебошанд. Масалан: сомон дар Тоҷикистон, доллар дар ИМА. Бори аввал ин пулҳои қоғазӣ мувофиқи ҳисоботи бонкҳои ҳар мамлакат ба як миқдори муайяни тилло иваз карда мешавад.

Масалан: дар ИҶШС (СССР) 1 рубл ба 0,987412 гр тилло баробар буд, 1 доллари ИМА бошад ба 0,888 гр  тилло баробар аст.

Лекин дар шароити иқтисодии бозоргонии ҳозира пулҳои миллии ҳар як мамлакатҳо аз рўи қурби пулҳои ҷаҳонӣ(евро, доллар, рубл) муқаррар карда мешавад, на аз рўи миқдори пул.

Пулҳои қоғазӣ – нишонаи пулӣ буда, намояндаи асосии пулҳои ҳақиқӣ мебошанд. Таърихан пулҳои қоғазӣ аз муомилоти пулҳои металлӣ пайдо шуда, дар гардиш ҳамчун ивазкунандагони тангаҳои тиллоӣ ва ё нуқрагии дар муомилот буда, баромад мекунанд.

Пулҳои қарзӣ дар ҳолат пайдо мешаванд, ки агар капитал худи истеҳсолотро забт намуда, ба он шакли нав нисбат ба пештараро медиҳад. Онҳо аз муомилот ҳамчун «мол – пул» бар намомада, балки аз истеҳсолот, аз гирдгардиши капитал ба миён меоянд.
Пулҳои қарзӣ чунин таҳаввулро аз сар гузаронидааст: кортҳои қарзӣ, вексели оддӣ, весели гузаранда, банкнота, депозити бонкӣ, чек, сертификати депозитӣ, пулҳои электронӣ.

Вексел – ўҳдадории хаттии қарзгиранда (вексели оддӣ) ва ё фармони қарздиҳандаро ба қарзгиранда (вексели гузаранда – тратта) оид ба пардохт намудани маблағи дар он қайд шуда баъд аз мўҳлати муайян ба шахси сеюм (ба ремитент) дар назар дорад.

Банкнота – ўҳдадории қарзии (ва ё вексели) бонкӣ. Дар давраи муосир банкнота аз тарафи бонкҳои марказӣ бароварда шуда, он аз вексел ва пулҳои қоғази фарқ мекунад.

Чек ҳамчун олоти гардишкунандаи қарзӣ нисбат ба вексел ва банкнота бо баробари таъсисёбии бонкҳои тиҷоратӣ ва ҷамъоварии воситаҳои пули дар ҳисобҳои ҷорӣ, дертар пайдо шудаанд. Ин намуди вексели гузаранда мебошад, ки соҳиби пасандоз ба бонки тиҷоратӣ ва ё бонки марказӣ менависад.
Чунин намудҳои чекҳо мавҷуданд: номӣ, ордерӣ, пешниҳодшаванда, ҳисобӣ, аксептшуда.
Табиати иқтисодии чек дар он аст, он дар аввал ҳамчун воситаи ба даст овардани пулҳои нақд дар бонкҳо хизмат карда, дуюм ҳамчун воситаи муомилот ва пардохт баромад мекунанд, ва сеюм, олоти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ мебошанд.

Зарурияти  пайдоиши пул. Дар давраҳои тараққиёти ҷамъиятӣ мубодилаи молҳо характери тасодуфӣ доштанд. Он байни қабилаҳо сурат мегирифт. Ин мубодилоти тасодуфӣ шакли арзиши мол, ки дар он як намуди мол таҷассум карда, ин молҳо ба ҳамдигар иваз карда мешуданд. Дар натиҷаи тақсимоти ҷамъиятии меҳнат оҳиста-оҳиста соҳаҳои алоҳидаи чорводорӣ ва растанипарварӣ ҷудо шуданд ва мол ивазкунӣ шакли мунтазамро гирифт. Дар ҳар қабила ягон намуди мол чорвои калони шохдор, гўсфанд, гандум ё ҷав роли эквиваленти ҳамаи молҳои дигарро мебозидагӣ шуд. Ин молҳо ба ҷои пул баромад мекарданд. Дар натиҷаи тақсимоти дуюми калони ҷамъиятии меҳнат, яъне ҷудошудани соҳаҳои ҳунармандӣ, аз зироаткорӣ ба он оварда расонид, ки вазифаи пулро оҳиста-оҳиста металлҳо мебозидагӣ шуданд. Ҳунармандон аввало аз металлҳои биринҷӣ олотҳои заруриро месохтагӣ шуданд. Масалан: табар, корд, найза ва ин асбобҳо ба дигар маводҳои зарурӣ иваз карда мешуд.

Оҳиста-оҳиста дар натиҷаи тараққиёти ҷамъият нуқра ва тилло роли пулро мебозидагӣ шуд, барои он, ки металлҳо ба хосиятҳои зерин доро мебошанд:

    • таркиби онҳо якхелаанд;
    • тақисмоти онҳо осон мебошад;
    • онҳо арзиши баланд доранд;
    • онҳоро бе нобудшавӣ дуру дароз нигоҳ дошта мешавад.

Инчунин ин металлҳо нақши эквиваленти умумиро бо сабабҳои зерин иҷро мекунанд:

  • Онҳо арзиши истеъмолӣ доранд;
  • Дар ин металлҳо меҳнатӣ конкретӣ ҳамчун таҷассуми меҳнати абстрактӣ ифода ёфта аст;
  • Дар ин металлҳо меҳнати шахсӣ хароҷот шуда, онҳо таҷассуми меҳнатӣ ҷамъиятӣ мебошад.

Пул – ин яке аз ихтироотҳои бузурги афкори инсонист. Дар табиати зинда ба пул монандро дарёфт кардан номумкин аст. Тамоми сохтори иқтисодиёти муосир бо мавҷудияти пул муайян карда шудааст. Оид ба пайдоиши пул таърихшиноси барҷаста Фернан Бродел чунин қайд мекунад «Ҳангоми ба амал омадани мубодилаи молӣ, овози пулҳо мебароянд».
Пул – ин ҳама воситаҳои пардохти эътироф шуда мебошад, ки ба мол ва хизматҳо иваз карда шуда, барои пардохти қарзҳо истифода мешаванд. Пул яке аз категорияҳои асоситарин ва марказии хоҷагидории молӣ мебошад. Пул – ин эквиваленти умумӣ, шакли арзиши ҳама молҳо мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …