Главная / Илм / Вазифаи пул аз кадомхо иборат мебошанд?

Вазифаи пул аз кадомхо иборат мебошанд?

 Вазифахои асосии пул ва тавсифи онхо

Пул – ин моли махсусе мебошад, ки роли эквиваленти хамаи молхоро бозида мехнати чамъияти молистехсолкунандагонро дар махсулоти конкрети ифода мекунад. (Нигаред ба накшаи 1). Пул ин чун хун дар иктисодиёт мебошад.

Накшаи 1

Намудхои пул

Филизи (металли)

Когази (карзи)

Гардиши гайринакди

Вазифахои пул

Ченаки арзиш

Гардиши пули

Накди

Гайринакди

Воситаи муомилот

Воситаи пардохт

Воситаи гункуни

Пулхои чахони

Мохияти пул дар вазифахои он зохир мегардад. Вазифахои пул накши онро дар хаёти хочагидории чамъият муайян мекунанд. Ин накши пул дар инхо зохир мегардад:

  • пул – ин мол, эквивалент буда, хангоми мубодилаи молхои (корхо, хизматхо) гуногун ба сифати миёнарав баромад карда, ба сарфаи вакт ва мехнат мусоидат менамояд;
  • пул – ин фишанги тачрибаи хочагидорист. Он хангоми хисобхои мухосиботи, идорави ва омори, хангоми тахияи тавозуни мухосиботи ва накшаи молияви ва гайрахо васеъ истифода мешавад. Пул – ин забони бозор аст.
  • пул хангоми омузиш ва халли чунин ходисахои хаёти хочагидори ба монанди таваррум, дефлятсия, бекори ва гайрахо истифода мешавад.

Дар истехсоли моли пул чунин вазифахоро ичро мекунад:
1. ченаки арзиш;
2. воситаи муомилот;
3. воситаи пардохт;
4. воситаи гункуни;
5. пулхои чахони;

puli-nukra
1. Ченаки арзиш – ин пул хамчун эквиваленти умумии арзиши хамаи молхо ифода ёфтан мебошад. Ифодаи пули арзиши мол нарх номида мешавад, яъне бо воситаи пул нархи молхои хархела бо масштаби якхела оварда мешавад. Ба сифати вохиди пули хар як давлат ё гурухи давлатхо номгуи пули худро истифода мебаранд.Точикистон-сомон, Россия-рубл, Казокистон-танга, Иттиходияи Аврупо-Евро, ИМА-доллар ва гайра.

  • Воситаи муомилот – пули расмиро хамчун воситаи муомилот дар формулаи зерин ифода намудан мумкин аст: М-П-М´-П´.
  • Воситаи пардохт – барои мубодилаи молхо пул хамчун воситаи пардохт ба шакли накди ва гайринакди иштирок мекунад.
  • Воситаи гункуни – дар вакти харидани воситахои асоси магозаю дукону корхонахо, харидани воситахои наклиёт…асбобхои киммати ороиши, чамъ кардани маблаг барои харидани хонахо ва гузаронидани маросимхо, хамчун воситаи гункуни иштирок менамояд.
  • Вохиди пулии давлатхое, ки бевосита ва бемамоният дар байни давлатхо дар чараёни мубодила иштирок мекунанд, пулхои чахони номида мешавад. Ин доллари ИМА, Евро ва рубли Россия….

Намудхои пул.

Пул намудхои зерин доранд:

    • пули тиллои – металли;
    • пулхои карзи – пулхои когазин;
    • пулхои гардиши гайринакди;

Дар асрхои XIX ва XX дар тамоми мамлакатхои тараккикардаи чахон пули тиллоиро истифода мебурданд.
Хусусияти хоси пулхои тиллои, аз он иборат аст, ки онхо арзиши худро доранд. Инчунин дар давоми муддати зиёд курби худро гум намекунанд. Ин маънои онро дорад, ки чи кадаре, ки танга аз талабот зиёд истехсол карда шавад, онхо аз гардиш ба хазина мераванд. Аз сабаби он, ки захираи тиллои то рафт кам шуда, барои гардиш микдори зиёди тилло лозим шуд, аксарияти давлатхо ба шакли нави пул гузаштанд. Ин шакли пул – пулхои когази ё карзи мебошанд. Масалан: сомон дар Точикистон, доллар дар ИМА. Бори аввал ин пулхои когази мувофики хисоботи бонкхои хар мамлакат ба як микдори муайяни тилло иваз карда мешавад.

Масалан: дар ИЧШС (СССР) 1 рубл ба 0,987412 гр тилло баробар буд, 1 доллари ИМА бошад ба 0,888 гр  тилло баробар аст.

Лекин дар шароити иктисодии бозоргонии хозира пулхои миллии хар як мамлакатхо аз руи курби пулхои чахони(евро, доллар, рубл) мукаррар карда мешавад, на аз руи микдори пул.

Пулхои когази – нишонаи пули буда, намояндаи асосии пулхои хакики мебошанд. Таърихан пулхои когази аз муомилоти пулхои металли пайдо шуда, дар гардиш хамчун ивазкунандагони тангахои тиллои ва ё нукрагии дар муомилот буда, баромад мекунанд.

Пулхои карзи дар холат пайдо мешаванд, ки агар капитал худи истехсолотро забт намуда, ба он шакли нав нисбат ба пештараро медихад. Онхо аз муомилот хамчун «мол – пул» бар намомада, балки аз истехсолот, аз гирдгардиши капитал ба миён меоянд.
Пулхои карзи чунин тахаввулро аз сар гузаронидааст: кортхои карзи, вексели одди, весели гузаранда, банкнота, депозити бонки, чек, сертификати депозити, пулхои электрони.

Вексел – ухдадории хаттии карзгиранда (вексели одди) ва ё фармони карздихандаро ба карзгиранда (вексели гузаранда – тратта) оид ба пардохт намудани маблаги дар он кайд шуда баъд аз мухлати муайян ба шахси сеюм (ба ремитент) дар назар дорад.

Банкнота – ухдадории карзии (ва ё вексели) бонки. Дар давраи муосир банкнота аз тарафи бонкхои маркази бароварда шуда, он аз вексел ва пулхои когази фарк мекунад.

Чек хамчун олоти гардишкунандаи карзи нисбат ба вексел ва банкнота бо баробари таъсисёбии бонкхои тичорати ва чамъоварии воситахои пули дар хисобхои чори, дертар пайдо шудаанд. Ин намуди вексели гузаранда мебошад, ки сохиби пасандоз ба бонки тичорати ва ё бонки маркази менависад.
Чунин намудхои чекхо мавчуданд: номи, ордери, пешниходшаванда, хисоби, аксептшуда.
Табиати иктисодии чек дар он аст, он дар аввал хамчун воситаи ба даст овардани пулхои накд дар бонкхо хизмат карда, дуюм хамчун воситаи муомилот ва пардохт баромад мекунанд, ва сеюм, олоти хисоббаробаркунии гайринакди мебошанд.

Зарурияти  пайдоиши пул. Дар даврахои тараккиёти чамъияти мубодилаи молхо характери тасодуфи доштанд. Он байни кабилахо сурат мегирифт. Ин мубодилоти тасодуфи шакли арзиши мол, ки дар он як намуди мол тачассум карда, ин молхо ба хамдигар иваз карда мешуданд. Дар натичаи таксимоти чамъиятии мехнат охиста-охиста сохахои алохидаи чорводори ва растанипарвари чудо шуданд ва мол ивазкуни шакли мунтазамро гирифт. Дар хар кабила ягон намуди мол чорвои калони шохдор, гусфанд, гандум ё чав роли эквиваленти хамаи молхои дигарро мебозидаги шуд. Ин молхо ба чои пул баромад мекарданд. Дар натичаи таксимоти дуюми калони чамъиятии мехнат, яъне чудошудани сохахои хунарманди, аз зироаткори ба он оварда расонид, ки вазифаи пулро охиста-охиста металлхо мебозидаги шуданд. Хунармандон аввало аз металлхои биринчи олотхои заруриро месохтаги шуданд. Масалан: табар, корд, найза ва ин асбобхо ба дигар маводхои зарури иваз карда мешуд.

Охиста-охиста дар натичаи тараккиёти чамъият нукра ва тилло роли пулро мебозидаги шуд, барои он, ки металлхо ба хосиятхои зерин доро мебошанд:

    • таркиби онхо якхелаанд;
    • такисмоти онхо осон мебошад;
    • онхо арзиши баланд доранд;
    • онхоро бе нобудшави дуру дароз нигох дошта мешавад.

Инчунин ин металлхо накши эквиваленти умумиро бо сабабхои зерин ичро мекунанд:

  • Онхо арзиши истеъмоли доранд;
  • Дар ин металлхо мехнати конкрети хамчун тачассуми мехнати абстракти ифода ёфта аст;
  • Дар ин металлхо мехнати шахси харочот шуда, онхо тачассуми мехнати чамъияти мебошад.

Пул – ин яке аз ихтироотхои бузурги афкори инсонист. Дар табиати зинда ба пул монандро дарёфт кардан номумкин аст. Тамоми сохтори иктисодиёти муосир бо мавчудияти пул муайян карда шудааст. Оид ба пайдоиши пул таърихшиноси барчаста Фернан Бродел чунин кайд мекунад «Хангоми ба амал омадани мубодилаи моли, овози пулхо мебароянд».
Пул – ин хама воситахои пардохти эътироф шуда мебошад, ки ба мол ва хизматхо иваз карда шуда, барои пардохти карзхо истифода мешаванд. Пул яке аз категорияхои асоситарин ва марказии хочагидории моли мебошад. Пул – ин эквиваленти умуми, шакли арзиши хама молхо мебошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

zaminlarza

РАВАНДХОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандхои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабхои пайдоиши онхо. Ба мо маълум …