Главная / Гуногун / ТИҶОРАТ

ТИҶОРАТ

ЧӢ ГУНА БА ТИҶОРАТ РӮЙ ОВАРДАМ

Аз ҷумлаи ин донишҷӯён ду нафар, яке аз донишгоҳи Тош- канд ва дигаре аз Боку диққати маро ҷалб карданд. Инҳо байни пойтахтҳои Непалу Ҳинд – Катманду ва Деҳлӣ равуо ва тиҷорат мекарданд. Кунҷковиям боло гирифту аз онҳо пурсида-пур- сида, ҷузъиёти корашонро фаҳмидам. Онҳо аввал як сафар ба Катманду рафта, нархҳои онҷоро омӯхтаанд, ки чӣ чизҳоро аз Деҳлӣ ба он ҷо бурда, бо фоида фурӯхта мешавад. Замони баргаштан чизҳое ҳам, ки дар он ҷо нисбатан арзон будааст, ҳамроҳашон оварда, дар Деҳлӣ фурӯхтаанд. Ҳамин тавр, чизҳои хурд, ба мисли батарейкаву чароғак ва ғайраро аз Непал дар ҷомадонҳояшон меоварданду ин ҷо пул карда, чизҳои дигареро бо мувофиқати қаблӣ бо дӯкондорони он ҷо мебурданд. Ҳамин хел як кори хубе ташкил карда буданд. Таъриф мекарданд, ки даромади хубе доранд.

Ба назарам, онҳо истеъдоди савдогариро аз қабл доштанд.ар Иттиҳоди шӯравӣ донишгоҳҳои Маскав, Ленин- град, Боку, Ереван, Тошканд ва ғайра низ шуъбаҳои шарқшиносӣ доштанд. Якчанд нафар донишҷӯёни шуъбаҳои шарқшиносии ин донишгоҳҳоро низ ҳар сол ба мамлакатҳои шарқ барои беҳтар омӯхтани забон ва шиносоӣ бо кишвари мавриди омӯзишашон мефиристоданд. Он сол мисли мо аз аксари ин донишгоҳҳо низ донишҷӯён ба Ҳинд омада буданд. Мо ҳама якдигарро мешинохтем, зеро аввалан, мо ҳама ба ҳам муаррифӣ шуда будем, сониян, дар ҳафтаҳои аввал зуд-зуд ба сафорат мерафтем ва якдигарро медидем.

Баъд ҳодисаи дигаре рӯй дод, ки дар назари аввал назарно- гир бошад ҳам, зеҳнамро як муддат машғули фикри тиҷорат кард. Рӯзе ҳамроҳи Сӯҳроб дар кӯча мерафтем, дидем, ки як мошини «Мерседес»-и хеле зебо истодааст. Ранги ин мошин дар офтоб ҷило медод, сохташ бошад он қадар зебо буд, ки зеҳни ҳардуи моро тасхир кард, онро тамошо мекардему гир- даш мегаштем. Аз ҳамдигар дар назди он мошин чанд акс ҳам гирифтем. Ман ба Сӯҳроб гуфтам:

  • Сӯҳроб, агар ман ягон вақт мошин бихарам, ҳамин хе- лашро мехарам. Инро бин, чӣ қадар зебост!

Сӯҳроб бо оҳанги тамасхур гуфт:

  • Ҳм, медонӣ, қимати он чанд аст?

Ман бо якраҳагии хоси худам гуфтам:

  • Фарқ надорад, қиматаш чанде бошад, пайдогар, ки шу- дам, мехарам.

Вай гуфт:

  • Нархи ин мошин аз даҳ ҳазор доллар бештар аст ва фақат бо доллар харида мешавад, бо пули мо намешавад, ҳеч вақт наметавонӣ!

Гапаш рост буд. Дар кишвари мо ҳатто мошинҳои истеҳсоли ватанӣ аслан дар фурӯши озод набуд, чӣ расад ба «Мерседес». Мошинҳои тавлиди худи кишварро аҳёнан ба корхонаву муас- сисаҳо медоданд, ки кормандони пешсафашонро қадр кунанд ва ба ин васила дигаронро ҳам ба беҳтар кор кардан ташвиқ ку- нанд. Ин нафарон маблағи мошинро ба бонк супурда, мошинро аз анборҳо дарёфт мекарданд. Яъне дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеч фурӯшгоҳе, ки дар он мошин фурӯхта шавад, вуҷуд надошт.

Раиси Ҷумҳури Амрико Роналд Рейган дар бораи Иттиҳоди шӯравӣ латифаи дӯстдоштае дошт:

Як нафар ба намояндагии ширкати мошинбарорӣ меояд ва мошин харидан мехоҳад. Намояндаи ширкат мегӯяд:

  • Барои харидани мошин бояд навбат истед, – ва дафтараш- ро дида илова мекунад:
  • Вале навбататон баъд аз ду сол мерасад.

Нафар розӣ мешавад ва маблағ пардохта, аснодро мегирад. Намояндаи ширкат мегӯяд:

  • Хуб, баъд аз расо ду сол дар ҳамин рӯз биёед.

Нафар дафтарчаашро кушода варақ мезанад ва мепурсад:

  • Бибахшед, то нисфирӯзӣ ё баъд аз он?

Намояндаи ширкат бо тааҷҷуб мепурсад:

  • Чӣ фарқ дорад, чаро мепурсед?
  • Охир, устои лӯлакаш ваъда кард, ки дар ҳамон рӯз то нисфирӯзӣ ба хонаам меояд, – ҷавоб медиҳад нафар.

Ин латифа, албатта, бофта аст. Дар Шӯравӣ ҳеч намояндагие набуд, ки ҳатто солҳо навбат истода, мошин харида шавад. Вале аз ҷиҳати маънӣ, камбуди мол ва ташкили бади хизматро дар Шӯравӣ дуруст ифода мекунад.

Ман ба худам меандешидам, ки чаро як нафар дар Ҳинд метавонистааст ин мошинро бихараду ман дар Шӯравӣ на- метавонистаам? Охир, Шӯравӣ абарқудрат аст, Ҳинд қобили қиёс бо Иттиҳоди шӯравӣ нест?! Чаро пули дигар кишварҳо қобили табдил ба якдигар ҳаст, вале пули кишвари мо дар ҳеч куҷо қабул намешавад? Чанд рӯз фикрам машғули ҳамин мавзӯъ шуд. Сари ин масъала фикр мекардаму меандешидам, ки роҳи пайдо кардани пул корест, ки он ду нафар мекунанд; яъне, ҳар қадар бихоҳӣ, пул пайдо карда метавонӣ, фақат бояд ақлро кор фармуду заҳмат кашид.

Ва воқеаи севуме, ки маро ба кори тиҷорат таҳрик дод, ин буд, ки замоне, ки мо дар Ҳиндустон будем, аз Тоҷикистон се бор гурӯҳи сайёҳон омад. Рӯзе духтаре аз сафорат ба ман гуфт, ки аз Тоҷикистон як гурӯҳ сайёҳон омадаанд. Ман, ки бисёр дилтангу пазмони ватан шуда будаму он рӯзҳо фақат шеъри маъруфи «Читҳи айи ҳе ватан се» («Нома омад аз ватан»)-ро гӯш мекардам, фавран ҷойи онҳоро пурсидам ва ба диданашон шитофтам. Ба осонӣ он гурӯҳи сайёҳонро дар меҳмонхонаашон пайдо кардам. Бо онҳо шинос шудаму худро муаррифӣ карда, гуфтам, ки донишҷӯ ҳастам. Барои онҳо, ки на забони инг- лисӣ медонистанд ва на ҳиндӣ, гардишу муомилаву харид дар бозорҳо мушкил буд. Ман, ки забону маконро балад будам, дар вақтҳои холигиям ба онҳо роҳнамоӣ ва тарҷума мекардам. Ҳамин тавр, бо онҳо дӯст шудам ва ин дӯстӣ бо аксарашон то ҳоло идома дорад.

Аз миёни онҳо яке бо номи Музаффар, ки аз Исфара буд, аз ман пурсид, ки оё ин ҷо мешавад чархи мошин харид? Ман ҷавоб додам, ки фурӯшгоҳҳои зиёди чархи мошин ҳаст, ҳатман суроғ мекунем. Ҳамроҳ ба яке аз ин фурӯшгоҳҳо рафтем ва вақ- те фурӯшанда фаҳмид, ки колоро барои Шӯравӣ мехоҳем, ба мо фаҳмонд, ки бояд ба ширкаташон муроҷиат бикунем, зеро ин кори содиротист. Он гоҳ Музаффар, ки замони сафарашон ба поён мерасиду 1-2 рӯз бештар намонда буд, аз ман хоҳиш кард, ки вақти баргаштанам ба ватан, ки то он ҳам 2 моҳи дигар монда буд, чандто қарордод биёрам, то ӯ битавонад аз Ҳинд чархи мошин бихарад ва ваъда кард, ки ду дарсад суд барои ман ҳам дар назар хоҳад гирифт. Чун ҳиндуҳо дар тиҷорат хеле таҷрибадор буданд, якчанд ширкат пешниҳоди қарордод доданд ва эъломи омодагӣ карданд, ки дар ҳоли мувофиқат заҳмати со- диротро ба дӯш мегиранд. Ин пешниҳодҳоро ман муваффақият медонистам, дар ҳоле, ки дар тиҷорат ин як кори маъмулии рӯзмарраӣ буда, то ба иҷро расиданаш хеле роҳ будааст. Ман ҳисоб мекардам, ки агар барои теъдоде, ки Музаффар мехост, қарордод имзо шавад, ба ман низ даромади хубе хоҳад расид ва шояд он «Мерседес»-и даҳҳазориро ҳам тавонам бихарам!

Дар Шӯравӣ, ки тиҷорат мамнӯъ буд, ман ҳам ҳеч гоҳ ҳатто дар гӯшаи хаёлам фикре надоштам, ки ба тиҷорат машғул шавам. Вале акнун ором-ором бо алифбои ин шуғл шинос мешудам ва фикр мекардам, ки ба осонӣ мешавад ин корҳоро кард. Ба назарам хеле осон менамуд. Фикр мекардам фақат бояд қарордод бибандиву дигар пой рӯи пой бишинию суд бигирӣ. Хулоса, гаштаму ширкатҳои лозимаро пайдо кардам ва пешқарордодҳоро омода карда, вақти баргаштанам ба Ватан, онҳоро ҳамроҳам овардам.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …