Главная / Гуногун / ТИЧОРАТ

ТИЧОРАТ

ЧИ ГУНА БА ТИЧОРАТ РУЙ ОВАРДАМ

Аз чумлаи ин донишчуён ду нафар, яке аз донишгохи Тош- канд ва дигаре аз Боку диккати маро чалб карданд. Инхо байни пойтахтхои Непалу Хинд – Катманду ва Дехли равуо ва тичорат мекарданд. Кунчковиям боло гирифту аз онхо пурсида-пур- сида, чузъиёти корашонро фахмидам. Онхо аввал як сафар ба Катманду рафта, нарххои ончоро омухтаанд, ки чи чизхоро аз Дехли ба он чо бурда, бо фоида фурухта мешавад. Замони баргаштан чизхое хам, ки дар он чо нисбатан арзон будааст, хамрохашон оварда, дар Дехли фурухтаанд. Хамин тавр, чизхои хурд, ба мисли батарейкаву чарогак ва гайраро аз Непал дар чомадонхояшон меоварданду ин чо пул карда, чизхои дигареро бо мувофикати кабли бо дукондорони он чо мебурданд. Хамин хел як кори хубе ташкил карда буданд. Таъриф мекарданд, ки даромади хубе доранд.

Ба назарам, онхо истеъдоди савдогариро аз кабл доштанд.ар Иттиходи шурави донишгоххои Маскав, Ленин- град, Боку, Ереван, Тошканд ва гайра низ шуъбахои шаркшиноси доштанд. Якчанд нафар донишчуёни шуъбахои шаркшиносии ин донишгоххоро низ хар сол ба мамлакатхои шарк барои бехтар омухтани забон ва шиносои бо кишвари мавриди омузишашон мефиристоданд. Он сол мисли мо аз аксари ин донишгоххо низ донишчуён ба Хинд омада буданд. Мо хама якдигарро мешинохтем, зеро аввалан, мо хама ба хам муаррифи шуда будем, сониян, дар хафтахои аввал зуд-зуд ба сафорат мерафтем ва якдигарро медидем.

Баъд ходисаи дигаре руй дод, ки дар назари аввал назарно- гир бошад хам, зехнамро як муддат машгули фикри тичорат кард. Рузе хамрохи Сухроб дар куча мерафтем, дидем, ки як мошини «Мерседес»-и хеле зебо истодааст. Ранги ин мошин дар офтоб чило медод, сохташ бошад он кадар зебо буд, ки зехни хардуи моро тасхир кард, онро тамошо мекардему гир- даш мегаштем. Аз хамдигар дар назди он мошин чанд акс хам гирифтем. Ман ба Сухроб гуфтам:

  • Сухроб, агар ман ягон вакт мошин бихарам, хамин хе- лашро мехарам. Инро бин, чи кадар зебост!

Сухроб бо оханги тамасхур гуфт:

  • Хм, медони, кимати он чанд аст?

Ман бо якрахагии хоси худам гуфтам:

  • Фарк надорад, киматаш чанде бошад, пайдогар, ки шу- дам, мехарам.

Вай гуфт:

  • Нархи ин мошин аз дах хазор доллар бештар аст ва факат бо доллар харида мешавад, бо пули мо намешавад, хеч вакт наметавони!

Гапаш рост буд. Дар кишвари мо хатто мошинхои истехсоли ватани аслан дар фуруши озод набуд, чи расад ба «Мерседес». Мошинхои тавлиди худи кишварро ахёнан ба корхонаву муас- сисахо медоданд, ки кормандони пешсафашонро кадр кунанд ва ба ин васила дигаронро хам ба бехтар кор кардан ташвик ку- нанд. Ин нафарон маблаги мошинро ба бонк супурда, мошинро аз анборхо дарёфт мекарданд. Яъне дар Иттиходи Шурави хеч фурушгохе, ки дар он мошин фурухта шавад, вучуд надошт.

Раиси Чумхури Амрико Роналд Рейган дар бораи Иттиходи шурави латифаи дустдоштае дошт:

Як нафар ба намояндагии ширкати мошинбарори меояд ва мошин харидан мехохад. Намояндаи ширкат мегуяд:

  • Барои харидани мошин бояд навбат истед, – ва дафтараш- ро дида илова мекунад:
  • Вале навбататон баъд аз ду сол мерасад.

Нафар рози мешавад ва маблаг пардохта, аснодро мегирад. Намояндаи ширкат мегуяд:

  • Хуб, баъд аз расо ду сол дар хамин руз биёед.

Нафар дафтарчаашро кушода варак мезанад ва мепурсад:

  • Бибахшед, то нисфирузи ё баъд аз он?

Намояндаи ширкат бо тааччуб мепурсад:

  • Чи фарк дорад, чаро мепурсед?
  • Охир, устои лулакаш ваъда кард, ки дар хамон руз то нисфирузи ба хонаам меояд, – чавоб медихад нафар.

Ин латифа, албатта, бофта аст. Дар Шурави хеч намояндагие набуд, ки хатто солхо навбат истода, мошин харида шавад. Вале аз чихати маъни, камбуди мол ва ташкили бади хизматро дар Шурави дуруст ифода мекунад.

Ман ба худам меандешидам, ки чаро як нафар дар Хинд метавонистааст ин мошинро бихараду ман дар Шурави на- метавонистаам? Охир, Шурави абаркудрат аст, Хинд кобили киёс бо Иттиходи шурави нест?! Чаро пули дигар кишвархо кобили табдил ба якдигар хаст, вале пули кишвари мо дар хеч кучо кабул намешавад? Чанд руз фикрам машгули хамин мавзуъ шуд. Сари ин масъала фикр мекардаму меандешидам, ки рохи пайдо кардани пул корест, ки он ду нафар мекунанд; яъне, хар кадар бихохи, пул пайдо карда метавони, факат бояд аклро кор фармуду захмат кашид.

Ва вокеаи севуме, ки маро ба кори тичорат тахрик дод, ин буд, ки замоне, ки мо дар Хиндустон будем, аз Точикистон се бор гурухи сайёхон омад. Рузе духтаре аз сафорат ба ман гуфт, ки аз Точикистон як гурух сайёхон омадаанд. Ман, ки бисёр дилтангу пазмони ватан шуда будаму он рузхо факат шеъри маъруфи «Читхи айи хе ватан се» («Нома омад аз ватан»)-ро гуш мекардам, фавран чойи онхоро пурсидам ва ба диданашон шитофтам. Ба осони он гурухи сайёхонро дар мехмонхонаашон пайдо кардам. Бо онхо шинос шудаму худро муаррифи карда, гуфтам, ки донишчу хастам. Барои онхо, ки на забони инг- лиси медонистанд ва на хинди, гардишу муомилаву харид дар бозорхо мушкил буд. Ман, ки забону маконро балад будам, дар вактхои холигиям ба онхо рохнамои ва тарчума мекардам. Хамин тавр, бо онхо дуст шудам ва ин дусти бо аксарашон то холо идома дорад.

Аз миёни онхо яке бо номи Музаффар, ки аз Исфара буд, аз ман пурсид, ки оё ин чо мешавад чархи мошин харид? Ман чавоб додам, ки фурушгоххои зиёди чархи мошин хаст, хатман сурог мекунем. Хамрох ба яке аз ин фурушгоххо рафтем ва вак- те фурушанда фахмид, ки колоро барои Шурави мехохем, ба мо фахмонд, ки бояд ба ширкаташон мурочиат бикунем, зеро ин кори содиротист. Он гох Музаффар, ки замони сафарашон ба поён мерасиду 1-2 руз бештар намонда буд, аз ман хохиш кард, ки вакти баргаштанам ба ватан, ки то он хам 2 мохи дигар монда буд, чандто карордод биёрам, то у битавонад аз Хинд чархи мошин бихарад ва ваъда кард, ки ду дарсад суд барои ман хам дар назар хохад гирифт. Чун хиндухо дар тичорат хеле тачрибадор буданд, якчанд ширкат пешниходи карордод доданд ва эъломи омодаги карданд, ки дар холи мувофикат захмати со- диротро ба душ мегиранд. Ин пешниходхоро ман муваффакият медонистам, дар холе, ки дар тичорат ин як кори маъмулии рузмарраи буда, то ба ичро расиданаш хеле рох будааст. Ман хисоб мекардам, ки агар барои теъдоде, ки Музаффар мехост, карордод имзо шавад, ба ман низ даромади хубе хохад расид ва шояд он «Мерседес»-и даххазориро хам тавонам бихарам!

Дар Шурави, ки тичорат мамнуъ буд, ман хам хеч гох хатто дар гушаи хаёлам фикре надоштам, ки ба тичорат машгул шавам. Вале акнун ором-ором бо алифбои ин шугл шинос мешудам ва фикр мекардам, ки ба осони мешавад ин корхоро кард. Ба назарам хеле осон менамуд. Фикр мекардам факат бояд карордод бибандиву дигар пой руи пой бишинию суд бигири. Хулоса, гаштаму ширкатхои лозимаро пайдо кардам ва пешкарордодхоро омода карда, вакти баргаштанам ба Ватан, онхоро хамрохам овардам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …