Главная / Без рубрики / Тарбияи ҷисмонӣ чист? (Китоб дарсии синфи 5-6)

Тарбияи ҷисмонӣ чист? (Китоб дарсии синфи 5-6)

Шумо ба синни наврасӣ медароед, ки давраи хеле мушкил ва аҷиби инкишофи одам аст. Дар муддати 2-3 соли наздик дар ҷисми шумо тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меояд.

Ба кадом дараҷа хуб гузаштани ташаккулёбии ҷисмонии шумо ва қобилиятҳои мафкуравиатон аксаран ба худи шумо вобаста аст. Барои ин васеъ ва амиқ сохтани дониши худ, мустаҳкам кардани маҳорат ва
малакаҳои соҳаи тарбияи ҷисмонӣ зарур аст.

tarbiyai_jismoni_

Гирифтани китоб Скачать

Яке аз шартҳои асоситарини таъминкунандаи саломатии шумо фаъо-лияти ҳаракати ратсионалӣ ба ҳисоб меравад. Фаъолияти ҳаракаткунанда омили бузурге барои афзудани имкониятҳои мутобиқшави организм буда, захираҳои функсионалии одамро васеъ менамояд.

Фаъолияти бофтаи протсесҳои табодули моддаҳоро метезонад, кори дил, рагҳо ва системаи нафаскаширо ба эътидол меоварад, реаксияҳоимуҳофизатиро тақвият мебахшад, системаи ҳозимаро беҳ намуда,
қобилияти кориро баланд мебардорад.

Фаъолияти ҳаракаткунии мунтазам ба раванди ҷараёни таълиму тар-бия ба ҳолати эмотсионалии инсон таъсири мусбӣ мерасонад, «мутобиқшавии қавӣ» ба одатҳои зарароварро дар тўли фаъолияти тамо-ми умр тарбия менамояд. Аммо ин чӣ тавр ба амал меояд, ба шумо китоби мо кўмак мерасонад.
Маводҳои китоби дарсӣ ба синфҳо тақсим мешаванд.

Дар ҳар синф бобе мавҷуд аст, ки ба маълумотҳои назариявӣ бахшида мешавад ва бобе мавҷуд аст, ки дар он маводҳои амалӣ медиҳад. Ин тақсимот шартан аст, зеро назария дар тарбияи ҷисмонӣ ба амалия зич алоқаманд мебошад.

Дар қисми аввал шумо аз таърихи тарбияи ҷисмонӣ, ҳаракатҳои олимпӣ, дар бораи тарзи ҳаёти солим, доир ба таъсири машқҳои ҷисмонӣ ба системаҳои гуногуни организм, дар бораи қоидаҳои худназоратӣ ва худтанзимнамоии равонӣ маълумот пайдо карда, бо баъзе системаҳои барқароркунии саломатӣ шинос мегардед. Дар қисми дуюм бошад маводе, ки дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ гирифтаед барои такрор ва мустаҳкамкунӣ тафсиру ташреҳ мешавад.

Дар хотир дошта бошед, ки реҷаи дурусти рўз, ки аз анвои гуногуни пайдарҳами ратсионали фаъолият ва истироҳат иборат аст, дорои аҳамияти калони солимгардонӣ ва тарбиявӣ мебошад.
Вайрон шудани реҷаи рўз, ҳамчунин шароити нодурусти тарбия, муҳити носолим дар оила ба коҳиши ҷиддӣ дар организми шумо оварда мерасонад.

Ва барои он ки шумо солим, боқувват, чолок (ўҳдабаро), тавоно ин-кишоф ёбед, мо ин китоби дарсиро таълиф намудем.

Умедворем, ки маводи китоби дарсӣ ба шумо дар ташкил ва гузаро-нидани машғулиятҳои мустақилона кўмак мерасонад, аломатиатонро таҳким, қувваатонро инкишоф медиҳад, чолокӣ, обу тоб ва дигар сифатҳои ҷисмонӣ мебахшад ва ҳамчунин тарбиятгари қуввати ирода, беҳбудкунандаи хислат, яъне худтакмилдиҳӣ мебошад.

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

Бо забони тоҷикӣ

Повести «Одина»

Асари Садриддин Айнӣ бо номи «Одина» ин китобест, ки дар бораи як писарбачае, ки як …