Главная / Гуногун / ТАЛХИВУ ШИРИНИХОИ МАНСАБ

ТАЛХИВУ ШИРИНИХОИ МАНСАБ

– Корхонаи хишт, – аз болои когаз сар бардошта, ба толори пур аз одам руй овард вазир. Ва баъд дар як лахза аз катори аввал то хаштумро аз назар гузаронд. Ин вакт аз катори чорум марди кадпасти тоссар вазнин аз чой хест. Аввал хост аккалан як тугмаи пичаки сиёхашро гузаронад, аммо шиками мисли пуффак дамидааш ба ин монеъ шуд. Вай ноилоч монда, паихам чанд бор сурфид ва баъд ба вазир руй овард.

– Супориш чи шуд? – пурсид вазир.

– …

– Ман аз ту мепурсам: супориш чи шуд? – якбора овозашро баланд кард вазир. – Аз хамин рузат мури бехтар нест. Руз аз руз мисли пуффак дам мекуни. Дар мачлиси гузашта ман ба ту чи супориш дода будаму ту чи ваъда дода буди? Гап зан!

– Хокро дар вакташ оварда натавонистем, Сарой Валиевич, – гуфт мард – раиси корхонаи хишт Чамшед Хамза, – чор мошинамон вайрон, кисмхои эхтиёти нест.

– Э хамон хок кашад ту ландахурро!

Вазир барои ноухдабароии сардори корхонаи хиштро равшантар ифода кардан ягон сухани муносиб наёфт магар,  ки  чанд лахза хомуш нигохи газаболудаашро аз вай наканд. Чамшед Хамза ба нигохи тези у тоб наоварда, сар ба зер афканд.

Дар толор хомушии том хукмфармо шуд.

«Аккалан ягон кас сулфа хам намекунад, э! – аз ин хомушии таъзиковар ба танг омада, аз дил гузаронд Чамшед Хамза. – Ин истинток кай тамом мешуда бошад? Бас! Пагох аризаамро менависаму чонамро халос мекунам. Хамин кадар одам бе мансаб намурдааст-ку! Як руз бошад, мегузарад… Охир ба ман чи даркор хамин хел мансабдори, ки мунтазам дар мачлисхои вазорат мисли бачаи духон рост истода гап шунавам. Дуруст мегуяд вазир, дар хузури як зол одам пуффаку ландахур, хуку хутук гуён масхара шудан, мурданам бехтар».

– Агар то хафтаи оянда сохтмони беморхонаро бо хишт таъмин накуни, баъд аз худат гила кун. Аз хамин толор зада-зада пеш мекунамат, – хамоно дугу пуписаро идома медод вазир. – Мо ту ахмакро одам гуфта ба ин вазифа таъин кардем. Шин, садкаи вазифа шави!

«Уф-ф, хайрият-э! – бо даструймол араки сарди пешониашро пок кард Чамшед Хамза. У дигар кудрати сар бардошта ба минбар нигох кардан надошт.

– Дафтарчаатон афтид, – гуфт марде ки дар тарафи дасти чапи у менишаст, ба фарш ишора карда.

– Лаббай?

– Дафтарчаатонро бардоред.

-А, ха, ташаккур, – Чамшед Хамза хам шуда, аз пеши пояш дафтарчаи муковааш чарминро бардошт.

Вате ки мачлис ба охир расид, Чамшед Хамза дар катори аввалинхо толорро тарк гуфта, чониби мошини хизматиаш шитофт.

– Ба идора! – амр дод вай ба ронанда.

Ронанда моторро ба кор дароварда, мошинро аз байни мошинхои сабукрави бетартиб гузошташуда бо як азоб берун карда, ба рохи калон дохил шуд.

– Чанд бор ба ту, ландахур, гуфтам, ки вакте мошинро ба ягон чо мегузори, гами баромаданатро хам хур, – гуфт бо арбада раис, – ман мешинам, ки ту ноухдабаро кай ин искотиро ба рох медарори!

– Мачлис… мошин бисёр… – забон хоид ронанда, – айби ман чи?

Чамшед Хамза норозиёна ба у нигох карду чизе нагуфт.

Вакте ки ба идора наздик шуданд, ронанда аз оинаи дар ру ба руяш овезон ба раис, ки дар нишастгохи акиб бо чехраи гирифта менишаст, назар андохта, гуфт:

– Раис, маро ду соат чавоб дихед, занам бемор, назди духтур мебарам.

– Бегох мебари.

– Бегох духтурхо набошанд, назди ки мебарам?

– Назди ман.

Ронанда сарашро акиб гардонда, чизе гуфтан мехост, ки раис бо газаб гуфт:

– Пешатро нигох кун, хайвон!

Ронанда зери лаб чизе гуфта, ба пеш нигох кард.

– Намефорад? Чор тарафат кибла, ба тухми ронанда кахт наомадааст.

– Ман хам зиндагидорам, охир. Тани гарм бедард намешавад…

– Хайр, шуд, заифноли накун, кората дон.

Дар кабулгохи Чамшед  Хамза дах-дувоздах нафар рохи уро поида менишастанд. Вакте ки вай ворид шуд, хама аз чой хеста, даст пеши бар ба у салом доданд. Чамшед Хамза бо ишораи сар ба саломи онхо алейк гирифта, вориди дафтари кориаш шуд. Пичакашро кашида ба либосовезак, ки дар кунчи чапи уток гузошта шуда буд, овехту гирехи гарданбандашро суст карда, ду тугмаи болоии куртаашро кушод. Баъд аз чевон шишаеро гирифта, кадахро аз коняк пур карду онро бо як дам нушид. Боз нушид ва боз… Охиста-охиста холати хузнангези каблиаш, ки дар мачлиси имруза гиребонгираш шуда буд, уро тарк мегуфт. Аниктараш хануз вакте ки ба кабулгох дохил шуда, одамони зиёдеро мунтазири худ дид, ба чисму чонаш як хисси хушу гуворо дамида буд. Пас аз нушидани кадахи сеюм он хорию дагдагаи вазир тадричан таъсири худро гум мекард.

Котиба  даста когазро оварда болои миз гузошта, гуфт:

– Раиси комбинати равган, як муаллими донишгох, аз корхонаи обу корез ва янгаам занг заданд.

– Чи гуфт?

– Ки?

– Янгаат.

– Шуморо пурсиданд, мачлис рафтанд, гуфтам. Боз Хаким ном ошноятон занг зада, шуморо соати дувоздах ба хонаашон даъват карданд. Маърака доштаанд.

– Хуб.

– Одамон дароянд? – пурсид котиба, чониби дар равон шуда.

– Холо не, каме мунтазир шаванд, – гуфт Чамшед Хамза ва гушаки телефонро бардошта, паихам чанд ракамро чинд. Котиба, аз афташ, гапи уро нашунид, ки хамоно дар дами дар рост меистод.

– Баъд… ман худам гап мезанам, – гуфт Чамшед Хамза, ба кафи даст гушаки телефонро пушонида.

Котиба берун баромад.

– Алло! Хаким, корхо читу? Хозир аз вазорат омадам. Вазир… хеле дугу даранг кард… Албатта, меравам. Мачлис дорам, дар паси дар як дунё одам мунтазир. Ха, дунё хамин хел… вазир моро хакорат мекунад, мо инхоро… ха, захрамонро мерезонем, диламонро хунук мекунем, агар не дуд мекунад.

Аз он тараф чизе гуфтанд, ки Чамшед Хамза ба завк хандида, гушакро ба чояш гузошт ва тугмаи дар зери мизаш бударо пахш кард.

Дар дами дар котиба пайдо шуд.

– Аввал коргарони худамон дароянд, – гуфт Чамшед Хамза.

Вакте хамагон дар курсихои катор, ки дар ду тарафи мизи дароз гузошта шуда буд, чой гирифтанд, Чамшед Хамза аз болои когазхои хамин хозир овардаи котиба сар бардошта, хозиринро аз назар гузаронд.

– Хама хастанд? – пурсид вай, дафтарчаи дар наздаш бударо боз намуда.

– Факат Холов иштирок надорад, – чавоб дод муовин, ки дар курсии аввал менишаст.

– Холов? Дар кадом гур мегардад?

– Бемор аст.

– Вай на мурд, на одам шуд, – гуфт бо карохат Чамшед Хамза ва когазхоро ба як кунчи миз тела дода, ба муовин ва мудири шуъбаи таъминот ру овард.

– То хол масъалаи хишти беморхона хал нашудааст?

– Не, раис, – аз чой хест  марди пахлавончуссаи токипуш.

– Ман ба ту гуфтам-ку дар навбати аввал беморхонаро таъмин кунед.

– Худатон хабар даред, раис, ду руз боз хок наовардаанд.

– Э хок кашад ту гови лавандро! Ман ту ахмакро одам гуфта, чонишин таъин кардам… Ба гайр аз пуффак барин дам кардан дигар кор надори, а! Факат хурдану маишат кардан. Э садкаи вазифа шави! Мур ба хамин рузат!

Муовин ва мудири шуъба лом нагуфта, сар ба зер афканданд.

– Агар пагох то пешин ба сохтмони беморхона як мошин хишт нафиристи, аз худат гила кун. Рузатонро мисли ангишт сиёх мекунам. Фахмо?!

– Кушиш мекунем, раис.

– Аз таги кабр бошад хам, ме-ё-бед! Фахмидед?!

– Кушиш мекунем, раис.

– Шинед! Садкаи кор шавед шумо, ландахурхо!

Баъд аз мачлис Чамшед Хамза муддате дар дафтари кории худ пасу пеш кадам зада, ба соати девори нигарист. Чоряк кам дувоздахро нишон медод акрабаки он.

«Бигзарад, бигзарад, умри одам бигзарад» – зери лаб зам-зама кард Чамшед Хамза ва баъд чанд лахза дар ру ба руи оинаи баркад истода, муяшро шона зад, гарданбандашро ба тартиб оварда аз нав халкаашро таранг кард ва пичакашро пушида, берун баромад.

Дар кабулгох як марди тахмин чил-чилупанчсола менишаст.

-Ман баъди як соат меоям, – гуфт Чамшед Хамза ба котиба, ки уро дидан замон аз чой хеста буд.

– Раис, ман ба назди шумо, – даст ба чайбаш бурда, когазеро берун овард мард.

– Чи арз дори?

– Як мошин хишт даркор. Як хонаи нимкора дарам, ду сол боз дар зери барфу борон хоб аст. Ана аризаам.

– Хозир хишт нест.

-Кай мешавад, раисчон?

– Имсол аник намешавад.

Чамшед Хамза дигар ба нигохи илтичоомезу гардани качи мард эътибор надода, аз дари кабулгох берун шуд. Вай дар долон ба саломи зердастонаш бо аломати сар алейк гирифта, ба ошёнаи якум фаромад ва баъди чанд лахза ба мошин нишаста, чониби хонаи дусташ Хаким рох пеш гирифт.

Чамшед Хамза, дар хавои гашти хамвори мошини кушоду бархаво,  дар нишастгохи акиб качпахлу зада, мачлиси пагохина, дугу пуписаи вазирро ба боди фаромуши дода буд. Ариза навишта аз кор рафтан умуман дар гушаи хаёлаш хам намеомад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …