Главная / Теги: Канзи Шифо (страница 8)

Теги: Канзи Шифо

КАЛЛА — (ПОЧА) дар Канзи Шифо (Китоб)

kallai_gusfand-660x330

Ин калла ва мағзи сари ҳайвонот аст. Беҳтарини он калла ва мағзи сари гӯсфанди ҷавон ва фарбеҳ мебошад. Мизоҷи каллаҳои ҳайвонот нисбат ба дигар қисмҳои бадани онҳо хунуктар ва тариаш зиёдтар аст. Ин вобаста ба кадом ҳайвон тааллуқ буданаш дар кайфият (гармӣ, сарди, тарӣ, хушкӣ) гуногун мебошад. Хислатҳои шифобахши он: гӯшти …

Муфассал »

ЭЧКИЭМАР дар Канзи Шифо (Китоб)

echkimar-660x330

Эчкимар (Эчкиемар) — ин ҷонварест монанди калпеса (калтакалос), вале назар ба ҷуссаи он хеле калон аст. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон бузмак меноманд. Маънои калимаи «эчкиэмар» ҳамон «бузмаки» тоҷикист, ки аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ дохил шудааст. Ба форсӣ бузмача, ба арабӣ варал ва ба русӣ варан мегӯянд. Ин ҷонвари …

Муфассал »

МАЛАХ дар Канзи Шифо (Китоб)

malax-660x330

Малах — ин ҷонвар (ҳашарот) ба ҳама маълум мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани малах қуввати боҳ мебахшад, баданро аз ахлоти ғафсгашта пок мекунад, бемориҳои қасабаи шушро ба ибро меоварад; чакмезакро шифо мебахшад. Дувоздаҳ адад малахро бол, пой ва сари онро канда дур намуда, бо …

Муфассал »

Тӯқумшуллук дар Канзи Шифо (Китоб)

tuqumshuluk-kirm-660x330

Тӯқумшуллуқ ё бо ибораи дигар холазун (Тукумшулук) — ин ҷонвари хазандаест, ки аз худ моддаи шилмак бармеоварад. Дар вақти зимистон ба даруни зиреҳи садафини худ даромада хоб мекунад, вале баҳор. ки шуд, як қисми баданашро аз он берун оварда ё ба тамом аз он баромада, зиндагӣ ба сар мебарад, барги …

Муфассал »

КАБӮТАР (КАФТАР) дар Канзи Шифо (Китоб)

kabutar

Кабӯтар (Кафтар) — ин мурғест ба ҳама маълум, навъҳои хонагӣ ва ҳам саҳроӣ дорад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Вале мизоҷи саҳроияш гармгар ва хушктар мебошад. Хислатҳои шифобахши кабутар: гӯшти онро ба ҳар тариқ, ки бошад, пухта бихӯранд, бемориҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), …

Муфассал »

САГ дар Канзи Шифо (Китоб)

sag_haivon-660x330

Саг ҳайвони хонагист ки мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи бачаи бистрӯзааш гарм ва тар мебошад. Хислатҳои шифобахнш он: гӯшти сагро пухта, бо давоҳои хушбӯй бихӯранд, девонагӣ ва молихулиё (меланхолия)-ро ба зудӣ шифо мебахшад. Шири аввалин мартабаи сагро чаконанд, гули чармро дафъ мекунад. Агар заҳраи онро бимоланд, мӯйи …

Муфассал »

Хар дар Канзи Шифо (Китоб)

xar_osel_ishak-567x330

Хар — ин ҳайвони маълум аст. Мизоҷаш дар аввали дараҷаи дувум гарм ва дар аввали дараҷаи севум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ дерҳазм ва гаронҳазм аст. Ҷигарашро кабоб карда, ба дили наҳор бихӯранд, саръ (припадка) ва таби дурӯздармиёнро шифо мебахшад. Сумашро сӯхта, ос карда, аз он ҳар рӯз 15 грамм бихӯранд, …

Муфассал »

ШИР дар Канзи Шифо (Китоб)

shir-660x330

Умуман ширро бо чизҳои турштаъм, шӯр, бо гӯшт, бо тухми мурғ ва моҳӣ, бо турб ва пиёз, бо меваҳои тар, сабзаҳо, донҳо ва монанди инҳо хӯрдан раво нест, инчунин, аз болои шир ин чизҳоро истеъмол кардан ва аз болои ин чизҳо шир ошомидан ҷоиз нест. Зеро бемориҳои гуногунро ба амал …

Муфассал »

ЗАРГӮШ дар Канзи Шифо (Китоб)

zargush-660x330

Заргӯш ё худ (Заргуш) —  ин ҳайвони даштии алафхур аст, ки ҷангалӣ ва кӯҳӣ мебошанд. Мизоҷаш гарм дар дараҷаи севум ва тар дар дувум аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бо дам бирён карда, бо кӯфтаи дорчинӣ, мурч, кокутӣ, ҳардал (горчица) ва тухми шибити бо сирко турш кардашуда бихӯранд, саръ (припадка), фолиҷ (шал …

Муфассал »

ШОНАСАРАК (ПӮПИШАК) — ПАРАНДАИ

shonasarak-660x330

Пӯпишак -ин мурғи зебо, парҳояш дуранг бо хат ва нуқтаҳои зард ва сиёҳи бисёр, дар сар тоҷ аз пар дорад. Инро ба тоҷикӣ шонасарак, муллобудбутак ва ғайра ҳам меноманд. Ба арабӣ ҳудҳуд ва ба русӣ удод аст. Мизоҷаш дар дараҷан дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: заҳра ё хуни онро …

Муфассал »