Главная / Теги: Канзи Шифо (страница 19)

Теги: Канзи Шифо

Мош дар Канзи Шифо (Китоб)

mosh-600x330

Мош — ин растанӣ ва дони машҳури зироатӣ аст, ки тухмашро пухта мехӯранд. Рангаш ба сабзи зардтоб моил аст. Мизоҷи мош дар дараҷаи якум сард ва моил ба хушкист. Агар муқашшар карда, яъне аз пӯсташ чудо карда бошанд, баъд мизоҷаш мӯътадил дар тарӣ ва хушкӣ мегардад. Мизоҷи пӯсташ мураккаб-ул-қувват моил …

Муфассал »

Ангур дар Канзи Шифо (Китоб)

angur-660x330

Ангур — маълум аст, ки ин самари дарахти ток мебошад. Беҳтарини он пухтарасида ва ширини он аст, ки аз ҷинси аскарӣ, соҳибӣ, риши бобо ва кишмиш аст. Баъд аз инҳо навъҳои дигараш мақом дорад. Мизоҷаш гуногун аст бинобар ранг ба ранг будани навъҳои он. Мутлақан пухтаи он дар дараҷаи якум гарм …

Муфассал »

ГӮСФАНД (ГУСПАНД) дар Канзи Шифо (Китоб)

gusfand-660x330

ГӮСФАНД (Гуспанд) — ин ҳайвони алафхури серпашм аст. Беҳтарини он яксола то дусолаи он мебошад, ки фарбеҳ бошад. Сесола ва зиёди он ба ин дараҷа нест, зеро гӯшташ сахт ва душворҳазм мебошад ва аз хӯрдани гӯшти кӯҳансоли он моддаҳои бадфиол ва мурдор дар бадан пайдо мегардад. Беҳтарин ҷойи гӯшташ барои …

Муфассал »

ХУЛБА дар Канзи Шифо (Китоб)

xelba_shanbalila-660x330

Хулба (Шанбалила) — ин растании бӯстонӣ аст, қадаш вобаста ба шароити замин то 65 сантиметр мехезад. Баргаш чун барги юнучқа, вале каме дарозтар аз он. Тухмаш сурхи моил ба зардӣ, чоргӯшаи паҳн, аз наск майдатар ва чун тухми турб дар ғилоф мебошад. Баъди хушк шудан бӯйи латиф ва форами атрӣ …

Муфассал »

НАХӮД дар Канзи Шифо (Китоб)

naxud-660x330

Нахуд — ин растанӣ навъҳои ҳам бӯстонӣ дорад ва ҳам саҳроӣ. Нахӯд ба ҳама маълум аст. Мизоҷи бӯстониаш, яъне зироатиаш дар дараҷаи якум гарм ва хушк;; мизоҷи саҳроияш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Мизоҷи сабзи тару тозааш дар дараҷаи якум тар аст. Қувваташ то се сол боқӣ мемонад. Хислатҳои шифобахши …

Муфассал »

ҲИНО дар Канзи Шифо (Китоб)

hino__-660x330

Ҳино (Ҳина) Ин растанӣ маълум ва машҳур аст. Қадаш то 60-90 сантиметр мехезад, вале дар ноҳияҳои Ҳиндустон то баробари ду қадди одам баланд мешавад. Пояаш сурх, баргаш монанди барги анор аст, вале нозуктар ва хурдтар аз он, инчунин мулоимтар аз барги анор мебошад. Мизоҷаш мураккабқувват, моил ба сардӣ ва дар дараҷаи …

Муфассал »

ҲАНЗАЛ — Тарбузи Абӯҷаҳл

hanzal_kolovint-600x330

Ҳанзал — ин самари гиёҳест ба андозаи тарбузчае ба миқдори норанҷи миёнаҳаҷм, кулӯла низ, бағоят талх аст. Навъҳои нар ва мода дорад: навъи нараш сахттар ва майдатар; модааш калонтар, нармтар ва беҳтар аст. Дар тиб аксар шаҳми (гӯшти) модааш ба кор меравад. Намудаш аз берун зард ва дарунаш ҳам моил …

Муфассал »

Канаф дар Канзи Шифо (Китоб)

kenaf_01-620x330

Канаф (Кенаф — Kenaf) — ин растаниест, ки зироат мекунанд, гиёҳаш то ба ҳадде баландтар аз қадди одам ҳам мехезад. Аз пӯсти пояаш монанди зағир нах мегиранд. Аммо пӯшидани либоси аз он тайёр кардашуда ҷоиз нест, зеро ки ҳоли буғумҳои баданро бад месозад ва лоғар мекунад. Вале аз он коғази …

Муфассал »

ШУНГБЕД дар Канзи Шифо (Китоб)

shungbed-02-660x330

Шунгбед — ин дарахтро бинобар монанд будани тухмаш забони гунҷишк ҳам меноманд, ба русӣ ясень согдийский мегӯянд. Инчунин дар тоҷикӣ содда карда, инро «шунг» ҳам мехонанд, ки дарахташ дар ҳама ҷоҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар ҷоҳои салқинтар бештар мерӯяд. Баргаш монанди барги бодом, самараш дар хӯшачаҳо аз ҳам ҷудо-ҷудо, ки тухмаш …

Муфассал »

Пардаарусак

pardaarusak-2-580x330

Пардаарусак (ба забони руссӣ Физалис) — Ин гиёҳ аз оилаи сагангурҳо мебошад. «Пардаарӯсак» аз ҳамин боис номида шудааст, ки самараш ба андозаи сари пистони занҳо дар даруни пардае, ки ба шакли хичак ва дар бузургӣ чун манту ё тушбера аст, ҷой гирифтааст. Даруни он парда ба ғайр аз самари он дигар …

Муфассал »