Главная / Илм / ГӮСФАНД (ГУСПАНД) дар Канзи Шифо (Китоб)

ГӮСФАНД (ГУСПАНД) дар Канзи Шифо (Китоб)

gusfand-660x330ГӮСФАНД (Гуспанд) — ин ҳайвони алафхури серпашм аст. Беҳтарини он яксола то дусолаи он мебошад, ки фарбеҳ бошад. Сесола ва зиёди он ба ин дараҷа нест, зеро гӯшташ сахт ва душворҳазм мебошад ва аз хӯрдани гӯшти кӯҳансоли он моддаҳои бадфиол ва мурдор дар бадан пайдо мегардад. Беҳтарин ҷойи гӯшташ барои истеъмол гӯшти гардан, китф ва наздики он ҷоҳост.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва тар аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшти гӯсфанд зуд ҳазм мешавад, ғизоияташ бисёр, хуни устувор аз он пайдо мешавад, қувват мебахшад, баданро фарбеҳ мегардонад ва ин аз гӯштҳои мувофиқтарин барои бадани инсон ҳисоб меёбад.

Дил, ҷигар ва гурдаашро бихӯранд, дил, ҷигар ва гурдаро қавӣ мегардонад. Агар мағзи сарашро бо мудовамат бихӯранд, касро аҳмақ мекунад ва фаромӯшхотир месозад. Гӯшташро бо лӯбиё ва нахӯд муҳарро пухта, бо сирко ва асал бихӯранд ва мудовамат бар он намоянд, бағоят баданро қавӣ мегардонад, иллати беҳушшавиро манъ мекунад, дилтапак (дилбозӣ) ва лоғарии баданро дафъ месозад.

Равғанашро ҳангоми куштан гармогарм фурӯ баранд, ҳамчунин гудохта нимгарм бихӯранд, барои сурфа, дарди узвҳон даруни сина, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сӯзиши пешоб (сӯзок) давои бисёр судбахш мебошад.

Гӯшти гармогарми онро дар вақти куштан гирифта, ба ҷойи зарбарасида ва латхӯрда, ки нав бошад, гузошта банданд ва чун хунук шавад, гӯшти нав бибанданд, дардашро ба зудӣ хомӯш месозад ва намегузорад, ки варам кунад ё захм шавад. Инчунин пӯсташро гармогарм ба он мавзеъ печонанд ҳам, ҳамин асар дорад.

Гӯшташро сӯхта, гузошта банданд, бар зидди газидани морҳо, каждумҳои ҷаррора (қаттолтарин) даво мебошад; агар онро бо шароб даромехта гузошта банданд, газидани саги девонаро шифо мебахшад. Хокистари гӯшти онро чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекунад; агар онро бо сирко сиришта бимоланд, барои доғи сафеди пӯст фоида дорад.

Мизоҷи заҳрааш гарм ва хушк аст ва поккунандаи доғҳост. Агар инро танҳо ба чашм бикашанд, гули чашмро пок мекунад. Заҳраи онро бо асал даромехта бимоланд, ҳамаи навъҳои шукуфаи пӯстро шифо мебахшад. Бо заҳраи он сарро бишӯянд (хусусан бо асал сиришта) сабӯсаки сарро дафъ мекунад. Хунашро гармогарм бимоланд, хориш, қӯтури пӯст ва аъзои сӯхтагиро ҳамон дам сиҳат мегардонад.

Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк аст. Агар инро бимоланд ва ё гузошта банданд, варамҳо ва истисқоро таҳлил медиҳад ва захмҳоро ба ҳам оварда шифо мебахшад. Саргинашро бо мумравған, ки аз равғани гули сурх ва муми занбӯри асал тайёр карда бошанд, гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад; бо сирко хамир карда гузошта банданд, шаро (аллергия), озахҳои гуногун ва гӯшти зиёдатии рӯи пӯстомадаро дафъ мекунад, сӯхтагии оташ ва милкаки нохунро шифо мебахшад.

Саргини онро дар гулоб тар карда, баъд гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мекафонад. Хокистари суми онро бимоланд, ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Сумашро сӯхта, шуста бихӯранд, исҳолро манъ мекунад. Истеъмоли гӯшти гӯсфанд дар айёми вабо ва тоун ҷоиз нест, зеро хуни бисёр ва устувор аз он ҳосил мешавад — ин зарарнок аст.

Агар гӯшти гӯсфандро зудҳазм ва сабук гардониданӣ шаванд, бо сирко ва обкома бихӯранд, ки гаронии онро дафъ мекунанд. Инчунин бо чакка, қурут ва татум бихӯранд, ҳазмаш сабук мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …