Главная / Гуногун / Азоб додани банда

Азоб додани банда

Порсое бар яке аз худовандони неъмат гузар кард, ки бандаеро дасту пой баста, уқубат ҳаме кард. Гуфт:
– Эй писар, ҳамчу ту махлуқеро худои азза ва ҷалла асири ҳукми ту гардонидааст ва туро фазилат дода, шукри неъмати бориитаоло ба ҷой ор ва чандин ҷафо бар вай маписанд, набояд, ки фардои қиёмат беҳ аз ту бошад ва шармсоӣ барӣ!

Бар банда магир хашми бисёр,
Ҷавраш макуну дилаш маёзор.
Ўро ту ба даҳ дирам харидӣ,
Охир на ба қудрат офаридӣ.
Ин ҳукму ғуруру хашм то чанд?
Ҳаст аз ту бузургтар худованд.
Эй хоҷаи Арслону Оғўш,
Фармондеҳи худ макун фаромўш!

azobДар хабар аст ва хоҷаи олам салиаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва салам, ки гуфт:
– Бузургтарин ҳасрате рўзи қиёмат он бувад, ки бандаи солеҳро ба биҳишт баранд ва хоҷаи фосиқро ба дузах!

Бар ғуломе, ки тавъи хидмати туст,
Хашми беҳад марону тира нагир,
Ки фазеҳат бувад ба рўзи шумор.
Банда озоду хоҷа дар занҷир.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …