Главная / Гуногун / Тифли хурд шуд марди расо

Тифли хурд шуд марди расо

Тифле будам, ки бузургеро пурсидам аз булўғ.
Гуфт:
– Дар мастур омадааст, ки се нишон дорад: яке понздаҳсолагӣ ва дигар эҳтимол ва сеюм баромадани мўи пеш. Аммо дар ҳақиқат як нишон дораду бас: он ки дар банди ризои ҳақ ҷалла ва ало беш аз он бошӣ, ки дар банди хаззи нафси хеш ва ҳар он ки дар ў ин сифат мавҷуд нест, ба назди муҳаққиқон болиғ нашуморандаш.

Ба сурат одамӣ шуд қатраи об,
Ки чил рўзаш қарор андар раҳим монд.
В-агар чилсоларо ақлу адаб нест,
Ба таҳқиқаш нашояд одами хонд.
Ҷавонмардию лутфу одамият,
Ҳамин нақши хаюлои мапиндор.
Ҳунар бояд, ки сурат метавон кард,
Ба айвонҳо-дар аз шангарфу зангор.
Чу инсонро набошад фазлу эҳсон,
Чӣ фарқ аз одами то нақши девор.
Ба даст оварданӣ дуне ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ, дил ба даст ор!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

slavyan

Суханро то чи андоза бар душманат бигӯӣ?

Сухан миёни ду душман чунон гуй, ки агар дуст гарданд, шармзада нашавӣ! Миёни ду касс …