Главная / Гуногун / СИСТЕМАИ ОФТОБИИ САЙЁРА

СИСТЕМАИ ОФТОБИИ САЙЁРА

Шом. Офтоб паси уфуқ поён омадааст. Каме торик аст. Вале осмон ҳамоно рӯшан буда, ранги гулобию кабуд дорад.

Аз ҳама аввал дар тарафи болоии чапи Офтоб ситорачаи нуқрагин ноаён рӯшан шудааст. Бо мурури вақт вай боз ҳам рӯшантар дурахшид. Дигар ситораҳо то ҳол пайдо нашуда буданд. Ин як худаш рӯшан туда, ҳатто милт-милт намекунад.

Ниматорикӣ фаро расида, ситора ба таври хиракунанда рӯшан мегардад. Вай оҳиста, гӯё ки аз ақиб мондан аз Офтоб, ки паси уфуқ меравад, тарсида, ба поён мефарояд.

Фаро расидани торикӣ дар осмон ҳазорҳо ситораҳо медурахшанд, вале ситораи дӯстдоштаи мо паси уфуқ пинҳон мешавад. Рӯзи дигар шомгаҳон вай дубора медурахшад. Ҳамин тавр моҳҳо мегузаранд. Бо гузашти вақт ин ситора ба назар хуб намоён нашуда, баъдан тамоман нопайдо мегардад. Пас аз он ки муддате чанд мегузарад, вай дубора дар осмон дар шуъоҳои барвақти саҳарӣ шуруъ ба дурахшидан мекунад.

Вай шуруъ ба боло рафтан карда, гӯё роҳро танҳо ба Офтоби болораванда нишон медиҳад. Ҳарчанд ҳама ситораҳо барвақт аз байн рафтаанд, вай ҳамоно аз рӯшноӣ кардан бознамеистад. Вай вақте аз байн меравад, ки агар Офтоб баланд мебарояд.

Ин ситораи зебои нуқрагин чиро нишон медиҳад?

Чаро вай аз дигар ситораҳо рӯшантар аст? Чаро вай дар осмон гоҳо пеши Офтоб ва гоҳо аз паси Офтоб ҳаракат мекунад?

Ҳазорҳо одамон мафтуни он туда, онро Ситораи шомгоҳӣ ва ё Ситораи бомдодӣ меноманд.

Одамони даврони қадим онро Ноҳид ва қирғизҳо Чолпон меномиданд.

Ноҳид чист?

Ноҳид ин ситора нест. Ноҳид яке аз сайёраҳо аст.

«Планета» вожаи юнонӣ буда, маънояш «ноустувор, парешон» мебошад.

Панҷ адад сайёраҳо- «ситораҳои парешон»-ро одамон бо чашмони одии худ дидаанд. Инҳо: Уториди (Тир), Ноҳид (Зуҳра), Миррих, Муштарӣ, Зуҳал мебошанд. Онҳоро тавассути телескоп дидан осонтар аст. Сайёраҳое, ки бо чашми одй дидан номумкин аст: Уран (соли 1781 кашф шудааст), Нептун (соли 1846 кашф шудааст), Плутон (соли 1930 кашф шудааст).

Дар байни онқо ҳамчунин сайёрае ҳаст, ки мо дар он зиндагй мекунем. Ин Замин аст. Худи сайёраҳо рӯшноӣ намедиҳанд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳо танҳо ба он хотир медурахшанд, ки рӯшноии офтобро инъикос мекунанд.

Акнун мебинем, ки сайёраҳо чй тавр харакат мекунанд . Ҳамаи онҳо дар гирди Офтоб давр мезананд. Аз дур чунин ба назар мерасад, ки онҳо гӯё хеле суст ҳаракат мекунанд.

planeta

Ҳатто метавон фикр кард, ки онҳо бе ҳаракат истодаанд. Ҳар сол ин сайёраҳо кадом роҳро тай мекунанд?

Азбаски сайёраи Уторид «чусту чолок» аст, вай метавонад ҳар як сол чаҳор маротиба дар гирди Офтоб давр занад.

Сайёраи Ноҳид (Чолпон) дар гирди Офтоб ду маротиба давр мезанад. Сайёраи Замин як маротиба давр мезанад. Миррихи «танбал» танҳо ними гирди Офтобро давр мезанад. Дигар сайёраҳо бошанд, боз ҳам камтар. Масалан, Плутон дар гирди Офтоб дар 250 соли мо як маротиба давр мезанад.

Ягон сайёра ҳаргиз бо дигараш барнамехӯрад. Дар кайҳон ҳар яке аз онҳо роҳи худро, меҳвари худро ва мадори худро доро мебошад. Ҳамаи онҳо ба Офтоб ҷазб мешаванд. Онҳо мисли оилаи бузург мебошанд. Дар ин оила ҳамеша низоми намунавй пойдор аст. Офтоб

Дар системаи офтобй сайёраҳои кӯчак, ки байни мадорҳои Миррих ва Муштарй ҳаракат мекунанд, мавҷуд мебошанд ва онро астероидҳо меноманд. Инҳо ҷисмҳои начандон калони осмонӣ мебошанд. Аз ҳама бузургтарини онҳо: Тсерера дорой кутри наздик ба 1000 километр, Паллада и Веста, ки қутрашон наздик ба 540 кило­метр мебошанд.

Баъзан астероиди аз ҳама рӯшанро – Вестаро бо чашмони одй дидан мумкин аст.

Гоҳе дар назди Офтоб медмони думдор – кометаро( зузанабро) метавон дид. Би­сере аз зузанабдои мушоҳидашаванда ба системи офтобй дохил пуда, дар гирди Оф­тоб аз рӯйи мадорҳои бисер кашидашуда ҳаракат мекунанд. Бисер одамон кометаи Галлеяро, ки ба Офтоб дар дар 75,5 сол наздик мешавад, дидаанд. Дар фазой байни сайёраҳо ҷисмдои зиёди хурди осмонӣ ҳаракат мекунанд, ки онро ҷисмдони метеорӣ меноманд.

Андозаи ҷисмҳои метеорй гуногун мебошад- аз заррачаҳои хурд то ба даҳҳо метр. Чун дигар сайёрадо, ҷисмдои метеорй дар гирди Офтоб давр зада, дар роди худ ба сайёрае дучор меоянд, ки ба вай сарозер мешаванд.

Акнун дигар сайёраҳоеро аз сайёраамон – Замин мебинем. Баъзе аз ондо дар наздикии Замин қарор доранд, баъзеашон дур. Азбаски Уторид ва Нодид байни Офтобу Замин қарор доранд, ондоро сайёрадои дохилӣ ва сайёрадои боқимондаро берунӣ меноманд.

Сайёраҳои аз ҳама намоён ва наздик ба замин: Ноҳид, Миррих ва Муштарй мебошанд.

Дидани Уторид бисёр мушкил аст. Вай дар наздии Офтоб ҳаракат мекунад. Вале офтоб рӯшан бошад ба дидани он халал мерасонад. Баъзан, вақте Офтоб паси уфуқ меравад, байни шуъоҳои рӯшани шабонаи он барои муддати кӯтод ситораи хурди тобон – Уторидро дидан мумкин аст. Вай гӯё, ки аз Офтоб ақиб мемонда бошад, саросема аз паси Офтоб паси уфуқ меравад. Баъзан Уторидро саҳаргоҳон дидан мумкин аст. Вай аз паси уфуқ пеш аз тулуъи Офтоб пайдо шуда, андак боло мебарояд. Пас аз ним соат дар шуъои садарии Офтоб нопадид мешавад. Ба Уторид «гуруру устуворй» намерасад. Вай дар байни сайёраҳо аз ҳама сайёраи чусту чолок ба шумор меравад.

Юнониёни қадим гуфтаанд: «агар шитобкориро ёд гирифтан ходй, аз Уторид биёмӯз». Ҳамаи сайёҳон Уторидро устод ва раҳномаи хеш мешумориданд. Бозар-гонон ҳамеша мешитобиданд, то ҳарчй зудтар маҳсулоти хешро бубаранд. Аз ин рӯ, Уторидро пуштибонӣ бозаргонон мешумориданд.

Дар дурбини хуб Ноҳиди зебо ба мисли досчаи майда, мисли досчаи модтобй ба назар мерасад.Ҳамзамон Шумо бовар досил хоҳед кард, ки вай ситораи дақиқӣ набуда, кураи торикест, ки аз як тарафаш тавассути Офтоб рӯшан карда шудааст.

Миррихро метавон ба осонй аз дигар ситорадо аз рӯи рангаш фарқ кард. Миррих ситораи норанҷии рӯшан мебошад. Ба ин сайёраи зебо нигоҳ карда, одамон хонадои аз сӯхтор нобудгардидаи хонадояшонро дар даврони ҷанг ба ёд меоварданд. Ондо аз пайдо шудани Миррих дар осмон тарсида, чунин мепиндоштанд, ки ин аз оғози ҷанг дарак медидад. Вале ҷангсолорон баръакс бовар бар он доштанд, ки Миррих ба ондо дар ба даст овардани галаба бар душманон кӯмак мекунад ва онро пуштибони худ мешумориданд.

На дар сол Миррихро метавон дид. Вай дар гирди Офтоб ду маротиба сусттар аз Замин давр мезанад. Дар бисёр мавриддо чунин ба назар мерасад, ки дар як тарафи Офтоб Замин ва дар тарафи дигараш Миррих қарор дорад.

Дар ин вақт ӯ нонамоён аст. Вале вақте Миррих дар тарафи Замин қарор дорад, вайро шабонгоҳон дидан мумкин аст. Баъзан, вақте вай ба Замин наздик мешавад, вай бузург ва рӯшан мегардад. Дар ҳамин тарафи осмон шабонгоҳон Муштариро дидан мумкин аст. Ин як ситораи рӯшани чашхиракунанда буда, вай милт-милт на- мекунад ва баробар рӯшноӣ мебахшад.

Тавассути дурбини хуб ба Муштарй назора кардан бисер ҷолиб аст. Дар ин маврид дар ду тарафи ситораҳои базӯр намоёни дар чаҳор қатор сафкашидаро, ки дар гирди сайёра давр мезананад, дидан мумкин аст. Инҳо ҳамсафарони Муштарй, «моҳ»-ҳои он мебошанд. Муштарй бо моҳҳои хурдакаки худ ба системаи хурдакаки офтобӣ шабоҳат дорад. Аз ин рӯ, агар ба Муштарй тавассути дурбин бингаред, ба- рои худ оилаи сайёраҳоро бо Офтоб дар марказ тасаввур кардан мумкин аст.

Зуҳал – ситораи сафеди рӯшан буда, нисбат ба Муштарй андак сусттар мебошад. Зуҳал бо ҳалқа иҳота шудааст. Бо ин намуди зоҳириаш зебо ба назар мерасад. Ҳалқа аз якчанд пораҳои хурд, ки дар гирди сайёра давр мезанад, иборат мебошад. Агар ҳама сайёраҳоро ҷамъ карда, дар як қатор гузоранд, мо медидем, ки андозаҳои онҳо гуногун мебошанд.

Сайёраи аз ҳама хурд Уторид аст. Аз ҳама калон Муштарй вале Муштарй нис­бат ба Офтоб якчанд маротиба хурдтар мебошад. Шумо дар кадом сайёра мехостед зиндагй кунед? Дар сайёраи калон ё хурд? Ҳар қадар сайёра калон бошад, ба ҳамон андоза вай дигаронро ба сӯи худ мекашад. Аз ин рӯ, дар сайёраҳои калон ашёро аз фарш бардоштан мушкилтар аст. Таври мисол, Муштарй дар муқоиса ба Замин ҳар навъ ашёро се маротиба кавитар ба сӯи худ мекашад. Вазни ашё дар Муштарй се баробар афзоиш меёбад. Аз чунин вазн пойҳо дуқат шуданашон мумкин аст. Хо- нае, ки дар Муштарй аз хишт сохташуда аст, дар зербинояшон эҳтимоли вайрон шудан доранд. Зеро ки хипггҳо ба ин вазнинй тоб намоваранд. Х,амин тавр, вазни бинои панҷошёна дар Муштарй баробар бо вазни бинои 15-ошёна аст. Дар Муштарй релсҳои роҳи оҳан аз вазни тепловоз қат туда, болҳои ҳавопаймо ва рессорҳои ав­тобус эҳтимол мешикастанд. Зиндагй кардан дар сайёраҳои калон мушкил аст. Пас зиндагй дар сайёраҳои хурд осонтар аст.

Сайёраҳои хурд ҷисмҳоро ба сустй тарафи худ мекашанд. Вазни ҷисми онҳо са- бук аст. Аз ин рӯ, роҳ гаштан, давидан , ба боло ҷаҳидан осон аст.

Хурсандиро интизор шавед. Сайёраҳои хурд бо он фарқ мекунанд, ки дар назди- кии худ газро нигоҳ дошта наметавонанд.

.Агар ба он ҳаворо cap диҳем, бо мурури замон вай шояд бухор шавад. Дар сайёраҳои хурд ҳамчунин мушкилй бо об вуҷуд дорад. Об бухор шуда, ба меҳ ва абрҳо , ки дар кайҳон паҳну парешон мешаванд, табдил хоҳанд ёфт. Аз ин рӯ, сайёраҳои хурд атмосфера ва обро пурра аз даст медиҳанд. Бинобар он мо бояд тасмим бигирем, ки дар куҷо зиндагй кардан хубтар аст? Беҳтар аз ҳама зиндагй кардан дар сайёраҳои андозаашон миёна, аз қабили сайёраи Замин, хуб аст. Х,еҷ на- бошад дар Миррих.

Вале мо бо Шумо ҳанӯз дар бораи гармй фикр накардаем. Офтоб бо шуъоҳои худ сайёраро гарм мекунад.

Мо бидуни гармии офтоб зиндагй карда наметавонем. Рӯзона ҳарорат дар Уто- рид +350 градус, дар Ноҳид +300 градус аст.

Аз ҳад зиёд гарм. Дар эквадори Миррих ҳарорат тахминан баробар бо +20 гра­дус аст.

Дигар сайёраҳо батамом хунук мебошанд. Дар сатҳи Замин ҳарорат аз +60°С то ба -90°С мебошад. Агар Замин ба Офтоб наздик мешуд, пас баҳрҳо ба ҷӯш омада, дарахтҳо месӯхтанд. Агар Замин аз Офтоб дур мешуд, пас ҳамчунон хунук мешуд, ки байнҳо то ба қаъри худ ях баста, Замин пурра бо ях пӯшонида мешуд. Шумо акнун бовар кардед, ки шароити зиндагй танҳо дар Замин мавчуд аст?

Пурсишҳо

  1. Мо дар осмони ситорадор чиро мебинем?
  2. Оё шабона Ноҳидро дидан мумкин аст?
  3. Шумораи умумии сайёраҳо чанд аст? Онҳоро ном баред.
  4. Кадом сайёра дар наздикии Офтоб қарор дорад?
  5. Муштарй чанд ҳамсафари табий дорад?
  6. Дар кадом сайёра шароити зиндагй мавҷуд аст?

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …