Главная / Биология / Сабзиш ва инкишоф дар биология

Сабзиш ва инкишоф дар биология

Қобилият ба инкишоф хосияти умумии материя мебошад. Зери мафҳуми инкишоф ҷараёни бебозгашти қонунҳои тағйирёбии объектҳои табиати зинда ва ғайризинда фаҳмида мешавад. Дар натиҷаи инкишоф дар объект сифатҳои нав пайдо шуда, сохтори он тағйир меёбад. Инкишофи шакли зиндаи материя ё инкишофи фардиро онтогенез ва инкишофи таърихии онро филогенез меноманд.

stimulyatory-rosta-cat

Дар давоми онтогенез хосиятҳои фардии организм тадриҷан ва пай дар пай зоҳир мешаванд. Новобаста аз тарзи афзоиш ҳамаи фардҳои духтарие, ки аз як зигота, спора, муғҷа ё ҳуҷайра пайдо мешаванд, аз насл ба насл фақат ахбори генетикиро мегиранд, яъне онҳо имконияти зоҳир кардани ин ё он аломатро доранд. Дар ҷараёни инкишоф ташаккули сохтори махсуси фард оғоз меёбад. Бузургшавии андозаи фард ба ҳосилшавии такрории молекулаҳо, сохтори ҳуҷайраҳо ва худи онҳо вобаста мебошад.

Филогенез (эволютсия) ин инкишофи бебозгашт ва мақсадноки табиати зинда мебошад. Дар раванди эволютсия намудҳои нав ба вуҷуд омада, организмҳо мураккаб мегарданд. Сершаклии организмҳои зинда дар рўи Замин маҳз натиҷаи эволютсия мебошад.

 

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …