Главная / Гуногун / Сабзиши реша ва Кисмхои он

Сабзиши реша ва Кисмхои он

Маълум аст, ки хангоми ба нешзани шуруъ кардани тухм, пеш аз хама решачаи чанин неш зада мебарояд. Сараввал он кам аён буда, вале ба зуди кад кашида калон мешавад. Ин ходиса чи тавр амали мегардад?

Решачаи чанини тухм ва решаи растании нашъунамокунанда монанди дигар узвхои растани низ аз хучайрахо иборатанд. Хучайрахои решачаи чанини моддахои гизоии тухмро дар шакли махлул чаббида истифода мебаранд, месабзанд ва таксим мешаванд.

Агар ба решачаи тухми сабзидаистодаи нахуд ё лубиё бо сиёхй баъди хар 2 мм фосила аз якдигар кундаланг хатча кашида, он тухмро ба болои когази намкаш, ки як гушааш дар об фуру гузошта шудааст гузорем, баъди як шабонаруз мебинем, ки фосилаи байни хатчахои кисми нугии реша афзудааст.

Инкишофи шабакаи решаи растанихо Зеро хучайрахои кисми нугии реша тезтез мунтазам таксим мешаванд ва боиси сабзиши боавчу кадкашии реша мегарданд. Ин далели он аст, ки реша аз нугаш месабзад. Санчиши ин акида на он кадар душвор аст. Агар нуги 32 решаро бурида партоем, реша аз кадкаши бозмемонад. Дар решаи нугаш буридашуда ба микцори зиёд решахои пахлуи месабзанд. Хар як решаи пахлуи хам аз нугаш кад мекашад. Хангоми кучатшинони кандани нуги решаи асоси боиси аз кадкаши бозмондани он ва сабзиши решахои пахлуи ва иловаги мегардад. Хангоми кучат кардани карам, помидор, кашкаргул ва зироатхои дигари тиррешадор нуги решаи асосии онхоро пешаки мебуранд.

Нугкании решаи кучат боиси сабзиши боавчи решахои пахлуи ва иловаги гардида, гизогирии растанихо хеле бехтар мегардад. Амали нуги решаи навнихоли растаниро бурида, бо ёрии мехчуби нугтез кучат кардани онхоро кучатшинони меноманд.

Решаи растанихои сабзанда дар хок хеле чукур чойгир мешавад. Дарозии решаи растанихои галладонаги (гандум, чавдор, чав, чуворимакка) ба чукурии 1,2-2,0 м, юнучка то 3-5 м, растании янток бошад то 15-20 метр инкишоф меёбад.

Реша на танхо ба поён  ба чукури, балки ба таври уфуки ба сатхи хоки атроф хам хеле инкишоф меёбад. Масалан, решаи чуворимакка ба атроф ба масофаи такрибан 2 метр, решаи пиёз бошад ба 60- 70 см пахн мешавад. Хусусан, решаи дарахтон боавч нашъунамо карда, то чукурии 10-15 м дар хок реша меронанд. Масалан, решаи дарахти себ ба атроф аз бехи танааш то 15 м дури реша ронда, то 3-4 м чукур меравад. Дарозии умумии тамоми решахои як бех растани хеле бузург аст. Растани ба туфайли нашъунамои хуби реша аз хок бештар об ва моддахои гизоиро чаббида мегирад.

tirresha-patakresha

Кисмхои реша. Кисми нугии решаи наврастаи лубиё ё нахудро дар зери пурбин аз назар гузаронед. Шумо мебинед, ки нуги решаро монанди ангуштпона гилофаки реша пушидааст. Дар зери микроскоп дидан мумкин аст, ки гилофаки реша аз якчанд кабати хучайрахо иборат буда, онхо нуги решаро аз осеби заррахои сахти хок эмин медоранд. Хучайрахои гилофаки реша кутохумр буда, мунтазам нобуд мегарданд ва ба чои онхо мудом хучайрахои нав пайдо мешаванд.

Аз кисмхои гуногуни реша буридаи тунук тайёр карда дар зери микроскоп мебинем, ки хучайрахои кисмхои гуногуни реша аз чихати шакл ва андозаашон аз хамдигар фарк доранд. Мачмуи хучайрахое, ки сохти якхела дошта, вазифахои якхеларо ичро мекунанд, бофта номида мешавад.

Гилофаки реша тавассути бофтаи пушиш хосил шуда, одатан хучайрахои бофтаи хосилкунандаро, ки тезтез таксим шуда, кад- кашии решаро ба дарози таъмин мекунанд, мухофизат мекунад. Дар китъаи бофтаи хосилкунандаи кисми нугии реша хучайрахо мунтазам таксим шуда, микдорашон меафзояд. Бинобар он, ин кисми решаро чузъи таксимшави меноманд. Болотар аз чузъи таксимшави чузъи сабзиш ё кадкашии реша чой гирифтааст, ки хучайрахои он кад кашида андозаашон калон мешавад ва дар натича реша сабзида дароз мешавад. Дуртар аз чузъи сабзиш, китъаи бо муякрешахои сершумору шаффоф ихотагардидаи реша чойгир аст, ки онро чузъи чаббиш меноманд. Муякрешахои бисёр растанихоро метавон бо чашми одди мушохида кард. Онхо дар якчояги бофтаи асоси ё чаббишро ташкил медиханд. Масалан, муякрешахои нахуд нагз намудоранд. Муякрешахои гандум ва бисёр растанихои хушадор ба тибит монанданд.

tirresha-patakresha-2

Муякрешахо хеле хурд буда, хамаги аз 0,1 то 1,5 мм дарози доранд. Вале дар баъзе растанихо, масалан, дар гандум то 8-9 мм кад мекашанд. Онхо хамаги якчанд руз умр дида, баъд нобуд мегарданд. Чои онхоро муякрешахои навхосилшуда иваз мекунапд. Бо туфайли муякрешахо растани аз хок об ва моддахои маъданиро дастрас мекунад.

Дар байни чузъи чаббиш ва саршавии поя чузъи гузаронандаи реша вокеъ аст, ки тавассути бофтаи гузаронанда ва рагхои дар он мавчудбуда об ва моддахои маъдании дар он халшуда аз реша ба поя мегузаранд. Дар ин китъаи шохарондашудаи реша муякрешахо дида намешаванд. Инчунин дар ин китъаи реша хучайрахое мавчуданд, ки моддахои органикии дар барг хосилшударо аз поя ба реша медиханд.

Мустахками ва чандирии реша ба туфайли мавчудияти бофтаи механики таъмин карда мешавад. Хучайрахои бофтаи механикиро  ташкилкунанда ба дарозии сатхи берунии реша кад ёзонда, бо лифофаи гафс ихота гардидаанд. Ин хучайрахо бармахал дохилоти худро гум карда, бо хаво пур мебошанд.

Расми 34. Сохти решаи навнихол (накша)
  1. Решаи навраста (навнихол) аз кадом кисмхо иборат аст?
  2. Гилофаки реша чи ахамият дорад?
  3. Кисми зуд-зуд таксимшавандаи хучайрахои реша дар кучо чойгир аст, вай аз кисмхои дигари реша чи фарк дорад?
  4. Муякреша чист?
  5. Кисми чаббандаи реша кадом вазифаро ичро мекунад?
  6. Кисми гузаронандаи реша дар кучо чойгир аст?
  7. Бофта чист?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …