Главная / Ҷамъият / Фазилати сабр бар мусибат

Фазилати сабр бар мусибат

Имом Муслим аз Умми Салама (раз) ривоят намуда, ки гуфт: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки фармуд: «Ҳеҷ бандае нест, ки ба мусибате дучор шавад ва бигӯяд: «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун. Аллоҳуммаъ-ҷурнӣ фӣ мусибатӣ ва аҳлуф лӣ хайран минҳо»,[1] ки Худои мутаол дар баробари мусибаташ ҷазои нек ба ӯ медиҳад ва беҳтар аз чизе, ки аз даст рафтааст, ҷойгузини он хоҳад намуд».

sabr

Умми Салама (раз) фармуд: Чун Абӯсалама фавт кард, ончи ки Расули Худо (с) фармуда буд, гуфтам. Худованд Расули Худо (с)-ро ҳамсари ман гардонид, ки беҳтар аз Абӯсалама аст.[2]

Анас ибни Молик (раз) аз Пайғамбар (с) ривоят мекунад, ки: «Худои мутаол мефармояд: «Ҳар гоҳ ба сӯйи бандае аз бандагонам мусибате дар бадан, ё дар фарзанд, ё дар молаш бифиристам, ба сабру шикебоии хуб аз он истиқбол намояд, шарм дорам дар рӯзи қиёмат барояш тарозуву мизон бигӯзорам ва ё номаи аъмолашро боз намоям».[3]

Аз Абӯмусо (раз) ривоят аст, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Чун фарзанди банда бимирад, Худованд барои фариштагон мегӯяд:

  • Оё рӯҳи фарзанди бандаамро қабз намудед?

Мегӯянд:

– Бале.

Пас мефармояд:

  • Оё меваи дилашро гирифтед?

Мегӯянд:

  • Бале.

Боз мефармояд:

  • Пас бандаам чӣ гуфт?

Боз мегӯянд:

«Ал-ҳамду лиллоҳ» ва «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун» гуфт.

Худованд мефармояд:

  • Барои бандаам дар биҳишт хонае сохта ва онро «Байтулҳамд»[4] биномед».[5]

Ибни Масъуд (раз) аз Пайғамбар (с) ривоят мекунад, ки: “Ҳеҷ мусалмоне нест, ки ба мусибате дучор шавад, агарчи он мусибат хоре бошад, ки ба пояш равад, Худои мутаол ҳамон тавре ки аз дарахт баргҳояш мерезад гуноҳони он бандаро пок ва маҳв месозад».[6]

[1] Тарҷума: Бидуни тардид мо аз они Аллоҳ ҳастем ва ҳамоно ҳамагии мо ба сӯйи Ӯ муроҷиат хоҳем кард. Бор Худоё, дар ин мусибат беаҷру муздам магузор ва некутар аз ин ба ман аҷру подош иноят фармо.

[2] «Мухтору-л-аҳодис». Саҳ. 46.

[3] «Мухтору-л-аҳодис». Саҳ. 345.

[4] Байтулҳамд — хонаи ҳамду сано.

[5] «Риёзу-с-солеҳин». Саҳ. 573.

[6] «Мухтору-л-аҳодис». Саҳ. 405.

Инчунин кобед

screenshot-2017-10-30-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%b0%d0%bc12

Аркони Ислом чанд аст? – Рукн

Мо мусулмон ҳастем, аз ин РӮ бояд вазифаҳои муайяни, ки ба зиммаи мусулмонон гузошташударо, ичро …