Главная / Чамъият / Фазилати сабр бар мусибат

Фазилати сабр бар мусибат

Имом Муслим аз Умми Салама (раз) ривоят намуда, ки гуфт: Аз Расули Худо (с) шунидам, ки фармуд: «Хеч бандае нест, ки ба мусибате дучор шавад ва бигуяд: «Инно лиллохи ва инно илайхи рочиун. Аллохуммаъ-чурни фи мусибати ва ахлуф ли хайран минхо»,[1] ки Худои мутаол дар баробари мусибаташ чазои нек ба у медихад ва бехтар аз чизе, ки аз даст рафтааст, чойгузини он хохад намуд».

sabr

Умми Салама (раз) фармуд: Чун Абусалама фавт кард, ончи ки Расули Худо (с) фармуда буд, гуфтам. Худованд Расули Худо (с)-ро хамсари ман гардонид, ки бехтар аз Абусалама аст.[2]

Анас ибни Молик (раз) аз Пайгамбар (с) ривоят мекунад, ки: «Худои мутаол мефармояд: «Хар гох ба суйи бандае аз бандагонам мусибате дар бадан, ё дар фарзанд, ё дар молаш бифиристам, ба сабру шикебоии хуб аз он истикбол намояд, шарм дорам дар рузи киёмат барояш тарозуву мизон бигузорам ва ё номаи аъмолашро боз намоям».[3]

Аз Абумусо (раз) ривоят аст, ки Расулуллох (с) фармуд: «Чун фарзанди банда бимирад, Худованд барои фариштагон мегуяд:

  • Оё рухи фарзанди бандаамро кабз намудед?

Мегуянд:

– Бале.

Пас мефармояд:

  • Оё меваи дилашро гирифтед?

Мегуянд:

  • Бале.

Боз мефармояд:

  • Пас бандаам чи гуфт?

Боз мегуянд:

«Ал-хамду лиллох» ва «Инно лиллохи ва инно илайхи рочиун» гуфт.

Худованд мефармояд:

  • Барои бандаам дар бихишт хонае сохта ва онро «Байтулхамд»[4] биномед».[5]

Ибни Масъуд (раз) аз Пайгамбар (с) ривоят мекунад, ки: “Хеч мусалмоне нест, ки ба мусибате дучор шавад, агарчи он мусибат хоре бошад, ки ба пояш равад, Худои мутаол хамон тавре ки аз дарахт баргхояш мерезад гунохони он бандаро пок ва махв месозад».[6]

[1] Тарчума: Бидуни тардид мо аз они Аллох хастем ва хамоно хамагии мо ба суйи У мурочиат хохем кард. Бор Худоё, дар ин мусибат беачру муздам магузор ва некутар аз ин ба ман ачру подош иноят фармо.

[2] «Мухтору-л-аходис». Сах. 46.

[3] «Мухтору-л-аходис». Сах. 345.

[4] Байтулхамд — хонаи хамду сано.

[5] «Риёзу-с-солехин». Сах. 573.

[6] «Мухтору-л-аходис». Сах. 405.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …