Главная / Илм / ғазали Ҳазрати Ғавсулаъзам Абдулқодири Ҷелонӣ

ғазали Ҳазрати Ғавсулаъзам Абдулқодири Ҷелонӣ

Шохи  гул аз нозукии ёр ёдам медиҳад,

Барги гул з-он гулрухи руҳсор ёдам медиҳад.

Чун равам дар куҳ то аз ёди ӯ фориғ шавам,

Мехиромад кабку з-он рафтор ёдам медиҳад.

Ҳар куҷо бинам гуле бо хор месузам, ки он

Ҳамдамии ёр бо ағёр ёдам медиҳад.

Достони тешаи Фарҳоду куҳи Бесутун,

Хор-хори синаи афгор ёдам медиҳад.

Чун равам дар гулситон, к-аз хеш осоям даме,

Бонги булбул нолаҳои зор ёдам медиҳад.

Раста будам аз ҷафояш, ваҳ, ки ҷаври рӯзгор,

Боз хунрезии он хунхор ёдам медиҳад.

Ҷони ширин сузадам чун шеъри Муҳйӣ бишнавам,

З-он ки ширинии он гуфтор ёдам медиҳад.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ВУЛҚОНҲО

ВУЛҚОН ЧИСТ?

ВУЛҚОНҲО Ҳарорати он то + 1500°С мерасад, дар сатҳи замин 900-1200°С ташкил меқунад ва оҳиста …