Главная / Теги: Ғазали тоҷикӣ

Теги: Ғазали тоҷикӣ

Ғазал аз Мансури Ҳофиз

shoir

Ба рӯҳи таййиби Султони анбиё салавот, Ба қабри тоҳири пурнури Мустафо салавот. Бад-он Ҳабиб, ки маҳбуби коинот омад, Ҳамеша мерасад аз Ҳазрати Худо салавот. Ба назди Хоҷа фиристанд як ба як шабу рӯз Башар ҷудо салавоту малак ҷудо салавот. Диҳанд равшании хотираш, ки бифристанд Алассабоҳ ба хуршеди «Ва-з-зуҳо» салавот. Чӣ …

Муфассал »

Ғазали Иброҳими Наққош

shoir-kitob-islom

Биё, эй толиби ҷаннат, дуруди Мустафо мегӯ, Шунида номи он Ҳазрат, дуруди Мустафо мегӯ. Саҳар аз хоб чун хезӣ, зи дида ашки хун резӣ, Диле бо дард омезӣ, дуруди Мустафо мегӯ. Паси ҳар тоату одат, фароғи шодиву ҳасрат, Чу майлат ҳаст бар Ҳазрат, дуруди Мустафо мегӯ. Чу рафтӣ ҷониби масҷид, …

Муфассал »

Дар баёни ҷолиби ризқ

risq

Бишнав, акнун баёни ҷолиби ризқ, Низ асбобҳои солиби ризқ. Шуд зи асбоби ризқ, эй дамсоз, Бо хушуъу хузуъ адои намоз. Ҳар кӣ бо ин ҷаҳор шуд мавсуф , Нашавад ҳеҷ гаҳ зи фақр махуф . Яке пеш аз духули вақти намоз, Сохтан бо вузуи хуб намоз. Дигаре пеш аз азон …

Муфассал »

ғазали Ҳазрати Ғавсулаъзам Абдулқодири Ҷелонӣ

gazali-s

Шохи  гул аз нозукии ёр ёдам медиҳад, Барги гул з-он гулрухи руҳсор ёдам медиҳад. Чун равам дар куҳ то аз ёди ӯ фориғ шавам, Мехиромад кабку з-он рафтор ёдам медиҳад. Ҳар куҷо бинам гуле бо хор месузам, ки он Ҳамдамии ёр бо ағёр ёдам медиҳад. Достони тешаи Фарҳоду куҳи Бесутун, …

Муфассал »

Ғазали Ҳазрати Ғавсулаъзам Абдулқодири Ҷелонӣ

gazal

Ин ғазали Ҳазрати Ғавсулаъзам Абдулқодири Ҷелонӣ (раҳ)-ро ба ҷиҳати осонии мушкилот дар ҳолати сахтӣ понздаҳ бор бихонад: То абад, ё Раб, зи Ту ман лутфҳо дорам умед, Аз Ту гар уммед буррам, аз куҷо дорам умед. Зистам умре басе чун душманон, душман магир, Бевафоӣ кардаам, аз Ту вафо дорам умед. …

Муфассал »