Главная / Гуногун / ПИСАРАКЕ, КИ ПИСТА МЕФУРЎШАД

ПИСАРАКЕ, КИ ПИСТА МЕФУРЎШАД

Кулбаи кулўхинашон дар қуллаи кўҳтеппа воқеъ буд. Писарак ҳаррўз тўли ним соат, осон, сабук рў-рўи пайроҳаи падараш, зеро ба ҷуз оилаи онҳо болои қулла каси дигаре намезист, поин меомад ва даме, ки офтоб комилан гум мешуду атрофро торикӣ пахш менамуд, ў кўлворашро пуштора карда, агар холӣ бошад, сурудхонон ҷониби манзилашон ва гоҳе, ки рўзаш бебарор мешуд, сархаму ғамгин роҳ мепаймуд, роҳи даврони бачагиашро. Баҳору тобистону аввали тирамоҳ пойлуч ва мавсими боқимонда мўзаи кўҳнаи шаху дурушти падарашро пўшида мегашт.

27s-850x568Қади роҳи калони мумфарш, ки зуд-зуд мошинҳои гуногуни ранг ба ранг босуръат мегузаштанд, ташвишу тараддуди шодиовар, ба таври лигар гўем, зиндагии ҳақиқӣ шурўъ мегардид, ба шарте, ки ин ё он мошинсаворон таваҷҷўҳе карда биистанд. Писарак мусофиронро медиду ҳамеша ҳавас мекард, ки ана, онҳо ҷониби шаҳр равонанд, ё баъди тамошои шаҳр сўи хонаашон бармегарданд, хусусан ба бачаҳои ҳамсолаш аз дилу ҷон ҳасад мебурд, ҳасад мебурду худро таскин медод, ки андак-андак, ки пул ғун кард, падараш ҳатман ўро ба шаҳр мебарад. Мегўяд, ки шаҳр серодам, пурғавғо аст, биноҳои баландаш бисёр, мағозаҳои хел ба хел дорад, ба ҳадде, ки одами деҳотӣ ҷуръати даромадан намекунад. Писарак паи бузу гўсфандашон тал ба тал масофаҳои дурро тай кардаасту вале ҳанўз шаҳрро надидааст.

Риштаи хаёли ўро «Волга»-и сафед бурид. Марди қоматбаланди костюмпўше  аз ҳама пеш фаромаду ҷониби пуштаҳо рафт. Ронандаву ду одами дигар берун шуда, аввал хамёза кашиданд, сонӣ миёни худро тоб доданд. Писарак фурсатро ғанимат дониста, як қабза ҳазориспандро даргиронд. Қуттии тунукагии сип-сиёҳи дудолудро таги мошин бурд, чархҳоро ирим кард. Ин ҳангом соҳиби мошин бепарвоёна гуфт:

– Э ҷўра, биё, ақаллан дар ҳамин ҷо ғам надеҳ…

– Роҳи сафед ба шумо, аз таги мошинатон доим шамол гузарад…

Писарак  қуттии ҳазориспандро як сў гузошту халтаашро пеш овард.

– Писта гиред, амак, шаддаи дароз, пуч надорад…

– Аввал бигў, ки об дорӣ? – пурсид марде, ки паси пуштаҳо рафта буд.

– Ҳа, оби чашма, тоза, ман ҳозир…

Писарак даҳ метр онсўтар аз ақиби харсанге чойники обро гирифта овард.

– Канӣ, бирез, даст шўем. Аҳ, аҳ, аҳ! Оби чашма маҳрами ҷон. Чашма аз ин ҷо дур аст? – кунҷковӣ кард аз ҷумак нўшида.

– Барои мо, ки одат кардаем, наздик, барои шумо шаҳриён дур аст.

– Пистаат чанд пул доно?

– Даҳ дирам.

– Даҳ шадда ҷудо кун. Ҳисоби обатро ҳам аз ёд набарор.

– Дар тарафҳои мо обро намефурўшанд…

– Ҳа… Чандсолаӣ?

– Дувоздаҳ… Чӣ буд?

– Бо писарам баробар будаӣ.

– Бачаатон мактаб мехонад?

– Албатта, вале суст, танбал аст. Ту чӣ, дар кадом синфӣ?

– Ман… давраи ҷанг дари мактаб баста буд, нўҳ-даҳсола, ки шудам, кор бисёр шуд, бузу гўсфанд, гов, фурсати хондан нест. Баъд мактаби моро муаллим нест гуфта ба қишлоқи дигар кўчонданд…

– Ҳой рафтем, чӣ бо як ваҷаб кўдаки кўча лаққида мешинӣ…

– Ҳозир, як дақиқа, – ҳамсўҳбати писарак пулро дароз карда сўи мошин рафт.

– Амак, амак, ин пулатон зиёд!

– Саломат бош! – шунавида тавонист писарак ва дар ҷое, ки  навакак мошини сафед меистод, акнун чангу ғубор ҳалқа мезад.

Одамон ҳар хел мешаванд, мегўяд падараш. Вай моҳе ду бор соатҳои се-чор аз хобаш мехезаду яке аз гўсфандҳои фарбеҳро сар мезанад, каллаю почаашро ҷудо, буғум-буғум бо корд майда мекунад ва ба хўрҷин андохта, ҷониби шаҳр, назди кўҳнаошноҳои шонафурўшу кордфурўшаш мебарад. Аз рўи гуфташ, арзонтар, ки медиҳад, се-чор кас ҷамъ шуда, байни худ гўсфанди бутунро тақсим мекардаанд… Бегоҳтар, хўрҷинаш пур, албатта меояд, аммо аз падараш умед нест, аниқ, ки ин дафъа ҳам гуфтаи писаракро иҷро намекунад…

Як жигулии сурх омада истод. Ронанда аз бағочаш обро гирифта ба радиатор рехт.

Писарак тозон пеши онҳо рафт. Ду нафар даруни мошин баҳс доштанд.

– Амак, писта…

– Амак! Амак! Чӣ мегўӣ? Рав аз назарам, дафъ шав!..

Писарак ҳарфе нагуфта ба ҷои худ баргашт.

Писарак гоҳо ҳайрон мемонду фикр мекард, ки дар ин дунёи кўчаки роҳи ў касе касеро намешиносад, касеро ба касе коре нест, ҳама бегонаанд… Барои он ки худро андармон созад, алафи лух чид ва саросема нашуда кулоҳ бофт, он қадар хушрўю бобақо набошад ҳам, аз нури сўзони офтоб сарашро паноҳ медорад…

Автобуси зарди рангпарида канори раҳ қарор гирифт. Мотораш ягон нуқсе дошт магар, ки шофир ба кофтан даромад. Писарак лаҳзае чанд шах шуда биистод. Аз даруни автобус даҳ-бист ҷуфт чашмони ҳамсолонаш ба ў менигаристанд.

– Шаддаи писта, пистаи ширин… – писарак забон хоид.

– Касе писта хоҳад, фаромада гиред, — гуфт яке аз занҳо, ки ду нафар буданд. – Лекин шикамдард шавед, ман ҷавобгар не… Хушбахтона шаддаи бисёр дошт писарак. Ба ҳама расиду боз чор-панҷ шаддаи дигар монд.

– Ба шаҳр мераветон? – бо ҳавас пурсид писарак.

– Ҳа, сайру гашт дорем, сирк тамошо мекунем, боғи ҳайвонотро мебинем, – гуфт духтарак.

– Маймунҳоро ёд кардаанд, – шўхиомез илова кард бачаи лоғарандоме бо табассум.

– Бегоҳ бармегардед?

– Ҳа, ин қадар одам куҷо хоб меравем..

Писарак дигар гуфтугўӣ ҳеҷ киро намешунид. Дилаш яке ба ҷўш омад. Оҳ, чӣ қадар мехост, ҳамроҳи ин духтарчаву писарчаҳо бошад, ба шаҳр равад… вале ба ёдаш омад, ки кулоҳаш аз лух, куртаю шимаш кайҳо боз ношуста ва худаш пойлуч…

Ронанда мотори автобусро се дафъа паи ҳам гиронда мекушт. Оқибат эълон кард, ки ба роҳ мебароянд.

– Муаллима! Илтимос, ман як хоҳиш дорам. Ин ҳама пистаҳо ба шумо, гиред, гиред, бепул, ҳа, бачаҳо, як сангпушт ҳам дорам, – гўён аз даруни халтааш баровард, – ин тўҳфа ба шумо… ман ҳозир…

Писарак чолокона ақиби харсанг рафт. Ва лаҳзае пас як қабза гулҳои кўҳии ҳафтрангро овард, ки бо коғази нам печонида буд.

– Ин ҳам ба шумо муаллима, фақат китоб биёретон, зорӣ мекунам, як китоб…

Дохили автобусро нафаре чанд хомўшии том фаро гирифт. Дар берун мошинҳои хел ба хел, одамони бегона ин сўву он сў мегузаштанд.

– Чӣ хел китоб? – тааҷҷубомез савол дод муаллима.

– Китоби дарсии ҳарфҳояш калон-калон… рангаву суратдор…

– Кўшиш мекунем, бояд дар шаҳр бошад, – гуфт муаллимаи дигар…

– Ман мунтазир мешавам. Маро чанд бор одамон фиреб доданд, ҳатто пулашро гирифта рафтанду дигар наистода мегузаштанд.

Ва писарак бо нигоҳи рахшону пурумед аз автобус поин фаромад.

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …