Главная / Гуногун / ПИСАРАКЕ, КИ ПИСТА МЕФУРУШАД

ПИСАРАКЕ, КИ ПИСТА МЕФУРУШАД

Кулбаи кулухинашон дар куллаи кухтеппа вокеъ буд. Писарак харруз тули ним соат, осон, сабук ру-руи пайрохаи падараш, зеро ба чуз оилаи онхо болои кулла каси дигаре намезист, поин меомад ва даме, ки офтоб комилан гум мешуду атрофро торики пахш менамуд, у кулворашро пуштора карда, агар холи бошад, сурудхонон чониби манзилашон ва гохе, ки рузаш бебарор мешуд, сархаму гамгин рох мепаймуд, рохи даврони бачагиашро. Бахору тобистону аввали тирамох пойлуч ва мавсими бокимонда музаи кухнаи шаху дурушти падарашро пушида мегашт.

27s-850x568Кади рохи калони мумфарш, ки зуд-зуд мошинхои гуногуни ранг ба ранг босуръат мегузаштанд, ташвишу тараддуди шодиовар, ба таври лигар гуем, зиндагии хакики шуруъ мегардид, ба шарте, ки ин ё он мошинсаворон таваччухе карда биистанд. Писарак мусофиронро медиду хамеша хавас мекард, ки ана, онхо чониби шахр равонанд, ё баъди тамошои шахр суи хонаашон бармегарданд, хусусан ба бачахои хамсолаш аз дилу чон хасад мебурд, хасад мебурду худро таскин медод, ки андак-андак, ки пул гун кард, падараш хатман уро ба шахр мебарад. Мегуяд, ки шахр серодам, пургавго аст, бинохои баландаш бисёр, магозахои хел ба хел дорад, ба хадде, ки одами дехоти чуръати даромадан намекунад. Писарак паи бузу гусфандашон тал ба тал масофахои дурро тай кардаасту вале хануз шахрро надидааст.

Риштаи хаёли уро «Волга»-и сафед бурид. Марди коматбаланди костюмпуше  аз хама пеш фаромаду чониби пуштахо рафт. Ронандаву ду одами дигар берун шуда, аввал хамёза кашиданд, сони миёни худро тоб доданд. Писарак фурсатро ганимат дониста, як кабза хазориспандро даргиронд. Куттии тунукагии сип-сиёхи дудолудро таги мошин бурд, чарххоро ирим кард. Ин хангом сохиби мошин бепарвоёна гуфт:

– Э чура, биё, акаллан дар хамин чо гам надех…

– Рохи сафед ба шумо, аз таги мошинатон доим шамол гузарад…

Писарак  куттии хазориспандро як су гузошту халтаашро пеш овард.

– Писта гиред, амак, шаддаи дароз, пуч надорад…

– Аввал бигу, ки об дори? – пурсид марде, ки паси пуштахо рафта буд.

– Ха, оби чашма, тоза, ман хозир…

Писарак дах метр онсутар аз акиби харсанге чойники обро гирифта овард.

– Кани, бирез, даст шуем. Ах, ах, ах! Оби чашма махрами чон. Чашма аз ин чо дур аст? – кунчкови кард аз чумак нушида.

– Барои мо, ки одат кардаем, наздик, барои шумо шахриён дур аст.

– Пистаат чанд пул доно?

– Дах дирам.

– Дах шадда чудо кун. Хисоби обатро хам аз ёд набарор.

– Дар тарафхои мо обро намефурушанд…

– Ха… Чандсолаи?

– Дувоздах… Чи буд?

– Бо писарам баробар будаи.

– Бачаатон мактаб мехонад?

– Албатта, вале суст, танбал аст. Ту чи, дар кадом синфи?

– Ман… давраи чанг дари мактаб баста буд, нух-дахсола, ки шудам, кор бисёр шуд, бузу гусфанд, гов, фурсати хондан нест. Баъд мактаби моро муаллим нест гуфта ба кишлоки дигар кучонданд…

– Хой рафтем, чи бо як вачаб кудаки куча лаккида мешини…

– Хозир, як дакика, – хамсухбати писарак пулро дароз карда суи мошин рафт.

– Амак, амак, ин пулатон зиёд!

– Саломат бош! – шунавида тавонист писарак ва дар чое, ки  навакак мошини сафед меистод, акнун чангу губор халка мезад.

Одамон хар хел мешаванд, мегуяд падараш. Вай мохе ду бор соатхои се-чор аз хобаш мехезаду яке аз гусфандхои фарбехро сар мезанад, каллаю почаашро чудо, бугум-бугум бо корд майда мекунад ва ба хурчин андохта, чониби шахр, назди кухнаошнохои шонафурушу кордфурушаш мебарад. Аз руи гуфташ, арзонтар, ки медихад, се-чор кас чамъ шуда, байни худ гусфанди бутунро таксим мекардаанд… Бегохтар, хурчинаш пур, албатта меояд, аммо аз падараш умед нест, аник, ки ин дафъа хам гуфтаи писаракро ичро намекунад…

Як жигулии сурх омада истод. Ронанда аз багочаш обро гирифта ба радиатор рехт.

Писарак тозон пеши онхо рафт. Ду нафар даруни мошин бахс доштанд.

– Амак, писта…

– Амак! Амак! Чи мегуи? Рав аз назарам, дафъ шав!..

Писарак харфе нагуфта ба чои худ баргашт.

Писарак гохо хайрон мемонду фикр мекард, ки дар ин дунёи кучаки рохи у касе касеро намешиносад, касеро ба касе коре нест, хама бегонаанд… Барои он ки худро андармон созад, алафи лух чид ва саросема нашуда кулох бофт, он кадар хушрую бобако набошад хам, аз нури сузони офтоб сарашро панох медорад…

Автобуси зарди рангпарида канори рах карор гирифт. Мотораш ягон нуксе дошт магар, ки шофир ба кофтан даромад. Писарак лахзае чанд шах шуда биистод. Аз даруни автобус дах-бист чуфт чашмони хамсолонаш ба у менигаристанд.

– Шаддаи писта, пистаи ширин… – писарак забон хоид.

– Касе писта хохад, фаромада гиред, — гуфт яке аз занхо, ки ду нафар буданд. – Лекин шикамдард шавед, ман чавобгар не… Хушбахтона шаддаи бисёр дошт писарак. Ба хама расиду боз чор-панч шаддаи дигар монд.

– Ба шахр мераветон? – бо хавас пурсид писарак.

– Ха, сайру гашт дорем, сирк тамошо мекунем, боги хайвонотро мебинем, – гуфт духтарак.

– Маймунхоро ёд кардаанд, – шухиомез илова кард бачаи логарандоме бо табассум.

– Бегох бармегардед?

– Ха, ин кадар одам кучо хоб меравем..

Писарак дигар гуфтугуи хеч киро намешунид. Дилаш яке ба чуш омад. Ох, чи кадар мехост, хамрохи ин духтарчаву писарчахо бошад, ба шахр равад… вале ба ёдаш омад, ки кулохаш аз лух, куртаю шимаш кайхо боз ношуста ва худаш пойлуч…

Ронанда мотори автобусро се дафъа паи хам гиронда мекушт. Окибат эълон кард, ки ба рох мебароянд.

– Муаллима! Илтимос, ман як хохиш дорам. Ин хама пистахо ба шумо, гиред, гиред, бепул, ха, бачахо, як сангпушт хам дорам, – гуён аз даруни халтааш баровард, – ин тухфа ба шумо… ман хозир…

Писарак чолокона акиби харсанг рафт. Ва лахзае пас як кабза гулхои кухии хафтрангро овард, ки бо когази нам печонида буд.

– Ин хам ба шумо муаллима, факат китоб биёретон, зори мекунам, як китоб…

Дохили автобусро нафаре чанд хомушии том фаро гирифт. Дар берун мошинхои хел ба хел, одамони бегона ин суву он су мегузаштанд.

– Чи хел китоб? – тааччубомез савол дод муаллима.

– Китоби дарсии харфхояш калон-калон… рангаву суратдор…

– Кушиш мекунем, бояд дар шахр бошад, – гуфт муаллимаи дигар…

– Ман мунтазир мешавам. Маро чанд бор одамон фиреб доданд, хатто пулашро гирифта рафтанду дигар наистода мегузаштанд.

Ва писарак бо нигохи рахшону пурумед аз автобус поин фаромад.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …