Главная / Гуногун / ПИРӮЗИИ РАҲМОН НАБИЕВ

ПИРӮЗИИ РАҲМОН НАБИЕВ

4 ноябри соли 1991 интихоботи Раиси ҷумҳур баргузор шуд, ки довталабони асосии он Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаров буданд. Дар ин интихоботи воқеан озод Раҳмон На- биев баранда шуд. Набиев собиқаи дарози роҳбарии ҷумҳуриро дошт ва маъруф буд, аз ин сабаб, нухбагони шӯравӣ – коммуни- стон ва ҳамаи онҳое, ки дар замони шӯравӣ амалдор буданд, аз ӯ тарафдорӣ карданд.

Давлат Худоназаровро зиёиён, ҳаракати «Растохез», Ҳизби демократ, ҷамъияти «Лаъли Бадахшон» ва Ҳизби наҳзати исломӣ пуштибонӣ мекарданд. Васоити ахбори давлатӣ ба тарафдорӣ аз Набиев ва рӯзномаҳои озоди «Чароғи рӯз», «Адолат» ва дигар нашриёти мухолифон ба тарафдорӣ аз Худоназаров кор мекарданд. Тарғиботи Худоназаров хеле густардаву муассиртар бошад ҳам, маъруфияти Набиев боло гирифт ва ӯ дар интихобот баранда шуд.

Рахмон Набиев

Дар асл ин интихобот баҳси кӯҳнаву нав буд. Ин давраи бе- дории мардуми тоҷик буд. Одамон бо иштиёқ аҳволоти сиёсиро дунбол мекарданд. Ҳама бесаброна баромадани рӯзномаҳоро интизор мешуданд. Бо ҳам баҳс мекарданд, аз ин ё он довта- лаб тарафдорӣ мекарданд, ба оянда бо умед менигаристанд. Озодандешӣ ва ошкорбаёнӣ ҳукмфармо буд. Падар тарафдори Набиев бошад, писар аз Худоназаров тарафдорӣ мекард. Ба раъйи ҳамдигар арҷ мегузоштанд.

Довталабон ситод ташкил карда буданд ва тарафдорони маъруфи худро ҷамъ карда, ба минтақаҳо барои тарғибот ме- фиристоданд. Ҳикоят мекарданд, ки нафаре аз Душанбе ҳамчун узви ҳайати тарғиботчиёни Худоназаров ба деҳааш рафт. Па- дараш, ки садри деҳа буд, ҳайатро меҳмон кард ва ба онҳо сароҳатан эълон кард:

– Ман шуморо ҳамчун меҳмон бо ҷону дил қабул дорам, вале раъйамро ба довталаби шумо намедиҳам!

Коршиносон ба иттифоқ ин интихоботро озодтарин раъй- диҳӣ донистаанд, вале мухолифон натиҷаи интихоботро қабул накарда, ба тазоҳурот даст заданд. Дар натиҷаи тавофуқи мухо- лифон бо ҳукумати тозаинтихоб, ба роҳбарони мухолифон ба шарти ба хушунат даст назадан, кафолати масуният дода шуд ва дар натиҷа дар кишвар як оромии сунъӣ барқарор шуд. Қонуни манъи рафту омад ҷорӣ карда шуд, ки тибқи он зиёда аз се нафар ҷамъ шудан ва пас аз соати муайян дар хиёбонҳо равуо кардан мамнӯъ буд. Вале ба зудӣ ин оромӣ халалдор шуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …